Хабарҳо аз кишвар

№14 (3160) 11.02.2014

Ҷаласаи аввалини гурӯҳи корӣ

ДУШАНБЕ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Бо мақсади омӯзиш ва баррасии пешниҳодҳо бобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ба ин гурӯҳ панҷ нафар аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Телерадиоком», як нафар аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафт нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа шомиланд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини якҷояи худро баргузор намуд. Тавре раиси гурӯҳ, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Ҳикматов ба хабарнигорамон гуфт, дар ҷаласа Барномаи мазкур банд ба банд муҳокима гардида, пешниҳоди аъзои гурӯҳ шунида  шуд. Қарор шуд, ки фикру мулоҳизоти аъзои гурӯҳ то ҷаласаи навбатӣ, ки рӯзи 27 феврал баргузор мегардад, ҳамаҷониба омӯхта ва барои баррасӣ пешниҳод шавад.

 Сехи нави маҳсулоти ширӣ

НОРАК. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Исломиддин Каримов дар ин ҷо сехи нави коркарди маҳсулоти ширӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин коргоҳи нав даҳ нафар сокинони шаҳри Норак, асосан занҳои хонашин, бо ҷойи нави кор таъмин шуданд. Дар ин коргоҳи нав чор намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, ҷурғот, фалла ва дуғоб истеҳсол мешавад. Ширро ба ин ҷо тибқи шартнома аз фермаи чорвои зотии шаҳри Ваҳдат меоранд. Таҷҳизоти коргоҳ наву ҳозиразамон ва каммасраф буда, аз хориҷи кишвар ворид шудааст.

Соҳибкор ният дорад, ки оянда дар паҳлуи ин бино сехи нави қаннодиро бунёд намояд. Дар ин сехи қаннодӣ метавонанд ҳафт нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гарданд.

Сохтмон  авҷ мегирад

ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») -Соли 2013 дар ҳудуди шаҳри Исфара наздик ба 50 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва хизматрасонию савдо бунёд гашт.  Бо маблағгузории давлатӣ ва саҳми ҷомеаҳои меҳнатию соҳибкорони маҳаллӣ варзишгоҳи марказии шаҳр барои 22 ҳазор ҷойи  нишаст бо арзиши  лоиҳавии 23 миллион сомонӣ азнавсозию таҷдид гардид,- гуфт масъули иттилоотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Иқбол Тешаев.

Дар деҳоти «Чоркӯҳ» барои панҷ ҳазор ҷойи нишаст ва дар деҳоти «Сурх» барои чор ҳазор ҷойи нишаст варзишгоҳҳои ҳозиразамон бунёд гардид. Гузашта аз ин, 11 корхонаю  коргоҳҳои истеҳсолӣ, як мактаби нав, се бинои иловагии таълимӣ ва даҳҳо иншооти хизматрасонию савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бунёди мактаби нав дар Фурӯзоба

МУЪМИНОБОД. (С. ХОЛОВ, АМИТ «Ховар» ) Бино ба иттилои  мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Назаров дар ноҳия беморхонаи   марказӣ барои 210 кат, бинои маъмурии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, се адад  бунгоҳи тиббӣ, корхонаи мевахушккунӣ ва инчунин корхонаҳои хурди саноатӣ мавриди  истифода қарор  гирифтаанд ва сохтмони  35 иншооти  дигар   босуръат  идома  дорад.

Аз ҷумла, барои 200 нафар хонанда  дар деҳаи  Фурӯзоба аз  тарафи  ҶДММ «Хуҷаи нур» мактаб бунёд меёбад, ки мувофиқи нақша нимаи дуюми соли 2014 мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.  Айни ҳол 80 фоизи сохтмон ба итмом расидааст. Маблағи умумии  он 790 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Гурӯҳи таблиғотӣ дар шаҳру навоҳии минтақа

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Гурӯҳи таблиғотии Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру навоҳии минтақа бо фаъолону сокинони он силсилаи вохӯриҳо баргузор намуд. Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони дастгоҳи раиси вилоят,  мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ва адибони шинохта шомил буданд.

-Мақсади гурӯҳи таблиғотӣ,- мегӯяд сарвари он, мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарбек Шарифов,- аз амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки    дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд, иборат аст. Вохӯриҳои баргузорнамудаи мо дар ҳамаи даҳ шаҳру навоҳии минтақа дар сатҳи баланд ва хеле судманд сурат гирифт.

Хотираи неки қаҳрамон

МАСТЧОҲ (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо иштироки маъмурияти китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ маҳфили ёдбуд бахшида ба 80- солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сафарбек Давлатов баргузор гардид.

Маҳфилро сарвари китобхона Д. Қурбонов ифтитоҳ карда, дар бораи паҳлуҳои ҳаёту зиндагии ин шахсияти арзанда фикру андешаҳои худро баён дошт. Сипас, муовини раиси ноҳия М. Маъмуров, директори телевизиони маҳаллӣ С. Солеҳзода, директори китобхонаи бачагона Л. Мисикова ва дигарон оид ба ҳаёти ибратбахши ин марди меҳнатқарин ибрози назар карданд.

 Амфитеатр аз нав ба фаъолият оғоз намуд

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо кумаку дастгирии раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров бинои амфитеатри «Арена», ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бо усули ҳашар бунёд ёфта буд, аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо пешниҳоди аҳли фарҳанг ва дастгирии раиси ноҳия ин маҷмааи фарҳангӣ ба номи бунёдгузори он Тоҷиддин Турдиев номгузорӣ шуд. Имрӯзҳо ин макон ҷойи дӯстдоштаи ҳаводорони варзиш ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ гардидааст.

Амфитеатри Қубодиён дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Дар назар аст, ки чорабиниҳои наврӯзии имсола дар ин тамошогоҳи бошукӯҳ бо иштироки фаъолонаи пешқадамони хоҷагии халқи ноҳия гузаронида шавад.

Симои шаҳраки Фархор назаррабо мегардад

ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ «Садои мардум») Солҳои охир симои шаҳраки Фархор зебову дилрабо ва диданибоб гардидааст, ки дар ин бобат саҳми Ҳукумати кишвар ва бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бештар назаррас аст. Бо маблағгузорӣ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 6943, 18 ҳазор сомонӣ азнавсозии боғи фарҳангу фароғат, 15 миллион сомонӣ сохтмони варзишгоҳи марказӣ, бо истифода аз маблағҳои дигар бошад, сохтмони бинои китобхонаи марказии ноҳия, осорхона ва асфалтпӯшу чароғон намудани кӯчаи марказии шаҳрак ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми иҷрои ин бунёдкориҳо 31 миллиону 364 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91