Иқдом баҳри пешгирии қочоқ
ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, шурӯъ аз моҳи декабри соли гузашта инҷониб дар фурӯшгоҳҳои пойтахти мамлакат аз ҷониби ҳайати кории хадамоти зикршуда санҷишҳо ҷараён доранд. Ҳадафи асосии иқдоми мазкур ошкорсозии телефонҳои мобилие мебошад, ки бидуни амалӣ намудани пардохтҳои гумрукӣ ва андозии пешбинишуда ба кишвар ворид ва ба фурӯш гузошта шудаанд. То ин замон дар раванди санҷишҳои зикршуда 350 телефони мобилӣ бо ин ҷурм ошкор ва аз фурӯш гирифта шуд. Бино ба иттилои манбаъ, телефонҳои мазкур баъд аз гузаштани муқаррароти гумрукӣ бозпас ба моликони фурӯшгоҳҳо баргардонида мешавад.
Огоҳсозӣ тавассути паёмак
ДУШАНБЕ. (Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум») Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бо сари вақт огоҳ намудани шаҳрвандон аз вазъи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бӯстон- Чанок иқдоми ҷадидро амалӣ намуд. Аз ин пас мусофирон метавонанд бо истифода аз хизматрасонии нав тавассути паёмак (sms) тариқи телефонҳои мобилӣ аз ҳолати роҳи фавқуззикр огоҳ гарданд. Ин намуди хизматрасониро ширкат дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Вавилон-М» роҳандозӣ намудааст ва масъулин ба он назаранд, ки иқдоми мазкур баҳри таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон мусоидат менамояд.
Бонкҳо дар рушди соҳибкорӣ саҳм мегиранд
МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар рушди соҳибкории хурду миёна намояндагии филиалҳои бонкҳои дар ноҳияи Муъминободбудаи ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «Фононбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва инчунин ташкилотҳои хурди қарздиҳандаи «Ҳумо», «Финка» ва «Оксус» мавқеи хосаро ишғол мекунанд. Ин муассисаҳои молиявӣ дар давоми соли сипаришуда ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба андозаи 20 миллиону 176 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурду миёна доданд, ки 68 фоизи он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Мулоқот бо роҳбарони корхонаҳо
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо собиқадорон, мутахассисон ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии соҳаи саноати хӯрокворӣ мулоқот доир намуд. А. Қодирӣ дар мулоқот аз ҳадафҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ба таври пурра истифода бурдан аз иқтидорҳои истеҳсолӣ боис мегардад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гарданд. Вай зимни таҳлили вазъи соҳа, аз он ки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ пурра истифода намешаванд, изҳори нигаронӣ намуд.
Муовини раиси вилоят Хайрулло Маҳмадуллоев, изҳор дошт, ки соли 2013 ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ба 327,4 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбати соли 2012 – ум 8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ному насаби тоҷикона мехоҳанд
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Танҳо дар давоми моҳи январи соли ҷорӣ 590 нафар сокинони вилояти Суғд барои лағви пасванди русии «-ов»-у «-вич» ва «-ова»-ю «-овна» ба шуъба ва бахшҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат кардаанд.
Муқаддама Ҳошимова, мудири Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар робита изҳор дошт, ки соли 2013 беш аз 4 ҳазор сокини вилояти Суғд барои ивази ному насаби худ ба шуъба ва бахшҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят муроҷиат кардаанд.
Дар байни мардум
РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар деҳаҳои Майдони Калон, Қалъаи Нав ва Таги Камар мулоқотҳо анҷом дод. Ин аз ҷумлаи силсиламулоқотҳоест, ки дар асоси барномаи тарғиботии мақомоти мазкур амалӣ мешавад.
- Мақсад аз ин иқдом амалигардонии барномаҳои давлатии рушди ҷомеа, фаъолгардонии мардум дар корҳои созандагӣ, таҳкими оилаҳо, баланд бардоштани маърифатнокии аҳли ҷомеа мебошад. Танҳо дар моҳи январ 20 маротиба чунин мулоқот баргузор гардид. Мувофиқи нақша, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 100 маротиба бояд чунин суҳбату мулоқотҳо гузаронида шаванд. Ба ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ намояндагони тамоми сохторҳои шаҳр шомиланд. Зимни ин мулоқотҳо ҳамзамон қабули шаҳрвандон гузаронида, фикру дархостҳои мардум пурсида мешавад,- гуфт ба хабарнигорамон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Абдухолиқ Ҷойлобов.
Натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ин бозпас овардани шаҳрвандони мо аз мактабҳои динии хориҷи кишвар буд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, 53 нафар ҷавонони ноҳияи Восеъ, бидуни риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда, дар онҳо ба таълим фаро гирифта шуда буданд. Тавассути андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидону наздикон ин ҷавонон ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳоло онҳо барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар ва таъмини ҷойи кор аз кумаку дастгириҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бархӯрдоранд.
Китоби «Таърихи халқи тоҷик» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» дар таҳрири нав таҳти роҳбарии олими таърихшинос, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов аз чоп баромад.
Бино ба гуфтаи муовини директор оид ба илму таҳсилоти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳринисо Қобилова, интишори ин китоб воқеаи муҳими бахши таърихшиносии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91