Истеҳсоли ангишт меафзояд
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Тайи ҳафт моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 236 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012 -ум 56 ҳазор тонна зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд. Аз оғози соли ҷорӣ аз 1904 бунгоҳу анборҳо қариб 200 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шуд. Алҳол захираи ангишти анборҳо 86 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки айни замон корхонаҳои Ҷамъияти саҳомии «Ангишт», кони саноатии «Фон Яғноб», кони ангишти «Анзоб» ва ғайра истеҳсолкунандагони асосии ангишт дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Беморхонаи минтақавӣ таъмир шуд
АЙНӢ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Беморхонаи минтақавии деҳаи Шаватки болои ноҳияи Айнӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хушсифат таъмир гардид.
Беморхонаи мазкур дар заминаи бинои якошёна бо харҷи беш аз 590 ҳазор сомонӣ ба бинои дуошёна табдил дода шуд.
Дар ин дармонгоҳ, ки дорои 20 кат ва утоқҳои ташхисӣ мебошад, шуъбаҳои амрози дарунӣ, кӯдакона ва таваллудхона ҷойгир гардидаанд. Он асосан ба сокинони деҳоти «Рарз», «Шамтуч» ва як қисми сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хизмат мерасонад.
Зикр бояд намуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети вилоят маблағгузории соҳаи тандурустӣ 3,5 маротиба зиёд гардидааст.
Пардохти саривақтии нафақа
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (АМИТ «Ховар», С. ХОЛОВ) Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Неъмат Акбаров шумораи нафақагирон дар ноҳия ҳоло ба 11 ҳазору 936 нафар расида, талаботи якмоҳаи нафақа 2 миллиону 132 ҳазору 717 сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 29 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1570 нафар нафақагири маъюб, 993 нафар нафақагири бесаробон, 1723 нафар гирандаи нафақаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудааст. Музди миёнаи ҳар як нафақагир 173 сомониро ташкил дода, он то моҳи август пурра пардохт шудааст. Масъулини раёсат моҳе як маротиба аз аҳволи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни фоҷиаи Чернобил, оилаҳои бесаробон ва дигар табақаҳои камбизоате, ки нафақа мегиранд, хабар гирифта, нафақаашонро сари вақт ба онҳо мерасонанд.
Ордени «Барои меҳнат ва дониш» ба олими тоҷик
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Аз ҷониби Академияи умумироссиягии илмҳои табиатшиносӣ ба унвони доктори илмҳои суханшиносӣ, устоди Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Туғрал Шокиров нома расид. Дар он омадааст, ки дар доираи Барномаи миллии Академияи илмҳои табиатшиносии Россия «Хазинаи тиллоии илми ватанӣ» ва дар асоси қарори комиссия оид ба мукофотҳои Консорсиуми аврупоии илмӣ- истеҳсолӣ бо номи LABORE ET SCIENTIA – «Барои меҳнат ва дониш» орден таъсис дода шудааст. Бо чунин орден олимони Федератсияи Россия ва давлатҳои хориҷӣ барои саҳми назаррас дар пешбурди илму дониш мукофотонида мешаванд.
Маълум шуд, ки Президиуми Академияи илмҳои табиатшиносии Россия Туғрал Шокировро низ барои саҳми калонаш дар ривоҷ додани илм ва дониш ҷиҳати соҳиб шудан ба ин орден пешбарӣ кардааст. Ордени мазкур, ки Президиуми академия ба Туғрал Шокиров лоиқ донистааст, аз 26 то 30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочи, ҳангоми баргузории сессияи тирамоҳии Академияи илмҳои табиатшиносӣ супурда мешавад.
Шаҳрвандон ба омӯзиши касб ҷалб мешаванд
ШӮРООБОД. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») -Тӯли соли равон,- арз намуд дар як нишасти худ раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов,- 235 нафар шаҳрвандони деҳоти «Шӯрообод», «Саричашма», «Даштиҷум» ва «Ёл» тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ касбҳои дӯзандагӣ, занбӯриасалпарварӣ ва пояфзолдӯзиро аз бар намуданд, ки аз миёни онҳо 125 нафарашонро занҳо ташкил мекунанд. Таъсиси курсҳои омӯзишӣ барои бунёди ҷойҳои нави корӣ ва паст гардидани сатҳи бекорӣ мусоидат мукунад
Радиои «Имрӯз» ба бахши барномаҳои худ шуруъ кард
ХОРУҒ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Чанде пеш радиои «Имрӯз» пахши барномаҳои худро дар шаҳри Хоруғ оғоз намуд. Худи ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳр ба ин хотир чорабинии хотирмони фарҳангӣ бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор гашт. Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев шуруи пахши барномаҳои радиои «Имрӯз»-ро дар маркази вилоят рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар соли равон арзёбӣ намуд. Акнун барномаҳои радиои мазкур дар шаҳри Хоруғ рӯйи мавҷи 107, 4 FM шунида мешавад.
Намоиши санъати актуалӣ дар осорхона
ДУШАНБЕ. (Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Бо ташаббуси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Бибихонуми шаҳри Қӯрғонтеппа ва бо дастгирии Институти «Ҷомеаи кушод» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши санъати актуалӣ таҳти унвони «Оё ҷавон будан мушкил аст? » доир гардид.
Ҷамъомадро муовини директори осорхона Зафар Иброҳимов кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва зикр намуд, ки осорхона чун бунёди фарҳангию маърифатӣ ғояҳои дастрасии илмҳоро барои ҷавонон бо воситаи рӯйдодҳои фарҳангӣ пеш мебарад. Дар намоишгоҳ рассомон, фаъолони ҷамъиятӣ, зебосозон (дизайнерон), аксбардорони ҷавон ва касбӣ иштирок карданд.
Намоишномаи санъати актуалӣ аз видео АРТ «Erazer» (Алексея Румянцева ), суратқисм -«Инъикос» (Баҳриддин Исамутдинов, Дамир Эгамбердиев), лоиҳаҳои «Антистатус» (Фаррух Қузиев), «Санъат ва ҳаёт» (Азиза Султонова), видио -«Сафар ба Сочи» (Далер Усмонов) , видео-санъати тасвирӣ «Орзуи кӯдакон» (кори якҷояи мактаббачагонаи ноҳияи Ҳисор), «Ҷавоби кӯдакон» (Заррина Орипова), «Нобино» (Баҳром Исматов) иборат буд.
Ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар Қасри навбунёди варзишии шаҳри Хуҷанд бо иштироки 97 нафар варзишгарон аз шаш кишвари минтақа — Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс оғоз ёфт. Дар маросими кушодашавии он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар маросими мазкур ҳамчунин раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс, бахшида ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, дар шаҳри Хуҷанд бори 31-ум аст, ки гузаронида мешавад. Мусобиқаи мазкур то 30 август идома меёбад. Ба он ҳакамони дараҷаи варзиши байналмилалӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доварӣ менамоянд.
Масъули гӯша Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА.
Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91