Дурнамои CASA-1000 нек аст
ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»)Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Ҷумҳурии Исломии Покистон GeoTv, вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои узви лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000), ки дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд, Созишнома дар бораи роҳандозии интиқоли неруи барқ дар заминаи лоиҳаи фавқуззикр аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон ба имзо расидааст. Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти сарварии муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов ширкат дошт. Арзиши умумии лоиҳа як миллиард доллари ИМА-ро дар бар гирифта, масири он ба 750 километр тӯл мекашад.
Бунёди корхонаи ордбарорӣ
ШУҒНОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар деҳаи Манеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохтмони корхонаи ордбарорӣ идома дорад. Сардори ин сохтмон Ҳалим Латипов иброз дошт, ки ба мақсади мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ соли равон бо дастури бевоситаи Президенти кишвар ва қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунёди корхонаи мазкур оғоз ёфт. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз бештар аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Аҳамияти чунин корхона дар минтақаи кӯҳистон хеле калон аст. Барои бунёди корхонаи ордбарорӣ 30 нафар ҷавонони деҳоти Сучон ба кор ҷалб шудаанд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона беш аз 20 нафари сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.
Ҳамкориҳо густариш меёбанд
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии хеш чораю тадбирҳои муҳиму мушаххас меандешад. Шартномаи ҳамкорие, ки дар ин замина бо Палатаи савдо ва саноати шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина ба имзо расид, имкон фароҳам овард, ки байни корхонаю муассисаҳои Хатлонзамин ва пойтахти Ҷумҳурии Украина робитаҳои неки самарабахш ба роҳ монда шавад. Ин шартнома дар доираи сафари расмии ҳайати вакилони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон(ПСС ҶТ), ки сарвари ПСС ҶТ дар вилояти Хатлон Қудратулло Олимов низ дар он шомил буд, ба имзо расонидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ меафзояд
ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Табиати ноҳияи Ховалинг дорои маъданҳои бойи қиматбаҳост. Аз ин хотир пайваста шумораи корхонаҳои заршӯӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳамин омил аст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзуда, зиндагии сокинони он беш аз пеш хубу гуворо мегардад.Чунончӣ, тавассути фаъолияти намунавии корхонаҳои саноатӣ, тӯли соли гузашта ба миқдори 126894, 9 сомонӣ маҳсулоти гаронарзиш истеҳсол шуд, ки 11454, 1 сомонии он илова ба дурнамост.
Тадбирҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб фаъолияти худро баҳри татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа ба роҳ монда, натиҷаҳои шоистаро дастёб шуд.
- Мо давоми соли 2013,- мегӯяд сардори раёсати мазкур Ҳикматулло Сафаров,- дар 730 корхонаву ташкилот ва коргоҳҳое, ки соҳибкорони шаҳру навоҳии минтақа фаъолият мекунанд, санҷиш гузаронида, дар 287 намунаи маҳсулоти онҳо камбудиҳоро ошкор кардем. Як қисми маҳсулоти корхонаҳои намакистеҳсолкунии ноҳияҳои Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои коркарди такрорӣ тавсия дода шуданд.
Эътибор ба солимии ҷомеа
СУҒД (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии кумаки тиббию машваратӣ ба наврасон ва ҷавонон дар вилоят, дар заминаи Маркази солимии репродуктивии вилоят, диспансери вилоятии бемориҳои пӯсту таносул, беморхонаи марказии шаҳри Исфара ва Маркази саломатии шаҳри Панҷакент шуъбаҳои тиббӣ -машваратии ҷавонон фаъолият мебаранд.
Тавре Собирҷон Собиров – сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд иттилоъ дод, вазифаҳои асосии ин шуъбаҳо додани маслиҳатҳои муфид дар самти солимии репродуктивӣ ва танзими оила дар байни наврасону ҷавонон, хусусан духтарон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳомиладории номатлуб, расонидани кумаки тиббӣ, таъмини машварати пизишки рӯҳшинос, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар байни наврасону ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир равона шудааст.
Эҳёи олимпиада ба манфиати варзишгарони наврас аст
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири рушди варзиш ва таҳкими дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон тасмим гирифт, ки олимпиадаи мактаббачагони вилоятро аз нав эҳё намояд. Ба гуфти дастурдиҳандаи мактаби варзишии шаҳри Хоруғ Пайшанбе Вазирбеков, нақшаи баргузории чунин чорабинӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд. Барои хароҷоти баргузории мусобиқаи варзишӣ байни макотиби шаҳр 78 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи П. Вазирбеков, аз аввали солҳои навадум сар карда, бар асари камчинии молиявӣ мусобиқаҳои варзишӣ байни макотиби ноҳияҳои вилоят умуман баргузор нашудааст. Бо дастгирии масъулини собиқи мақомоти шаҳрдорӣ онҳо тавонистанд, тайи ин муддат чор маротиба мусобиқаҳои варзишии байни макотиби шаҳрро гузаронанд. —Олимпиадаҳои варзишӣ ба эҳёи варзиш дар вилоят такони ҷиддӣ мебахшанд ва чеҳраҳои нави варзиширо ба майдон хоҳад овард,- изҳор дошт П. Вазирбеков.
Рӯзи дарҳои кушода
ЧКАЛОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бахшида ба 21 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисми низомии шаҳри Чкалов рӯзи дарҳои кушода доир гардид.
Ин иқдом аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр якҷоя бо комиссариати ҳарбии шаҳр ба хотири шиносоии волидайни сарбозон ва ҷавонони то синни даъват бо шароити зист ва хизмати сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳр роҳандозӣ гардид.
Дар ин рӯз аз панҷ муассисаи таълимии шаҳр қариб 100 нафар хонандагон бо шароити сарбозон ошноӣ пайдо намуданд. Хонандагонро дар баробари омӯзгорон, инчунин намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.
Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.