Робитаҳои тиҷоратӣ барқарор мешаванд
ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»). Аз сеюм то нуҳуми марти соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҷумҳурӣ, ду донишгоҳ дар Намоишгоҳи матоъ ва истеҳсолоти нассоҷии «Интертекстайл Шанхай-2014» ширкат варзиданд. Тавре Саидмуъмин Камолов- роҳбари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, ҳадафи аслии иштирок дар ин намоишгоҳи маъруфи ҷаҳонӣ омӯзиш ва хариди намудҳои лозимаи матоъ ва дигар маводи хоми нассоҷӣ буд. Ӯ зикр кард, ки дар ин намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки талаботи бозори ҷаҳонии маҳсулотро омӯхта, бо истеҳсолкунандагони дигар кишварҳо робитаҳои тиҷоратиро барқарор намоянд.
Ба Ванҷ баъди 12 сол тайёра омад
ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Дар фурудгоҳи марказии ноҳияи Ванҷ баъди 12 соли таваққуф тайёраи мусофирбари АН – 28, ки аз шаҳри Душанбе парвоз карда буд, фуруд омад. Намояндаи ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» дар ноҳияи Ванҷ Ғайратшо Шоев иброз дошт, ки акнун парвози мунтазами тайёра бо хатсайри Душанбе – Ванҷ – Душанбе ба мусоид омадани обу ҳаво алоқаманд аст. Нархи чиптаи ҳавопаймо ба 330 сомонӣ баробар аст.
Кишти пунбадона сар шуд
ҚУБОДИЁН. (Толмас БӮРИЕВ). Дар ноҳияи Қубодиён кишти пунбадона муташаккилона оғоз ёфт. Механизмҳои тухмипошак аввалин шуда, дар хоҷагии деҳқонии «Авесто» ба саҳро бароварда шуданд. Дар рӯзи аввал деҳқонони хоҷагиҳои деҳоти ба номи Эшмурод Ниёзов дар 8 гектар пунбадона кишт карданд. Дар деҳоти ба номи Носири Хусрав, «20 — солагии Истиқлол», ба номи Ӯтақара Назаров низ кишти пунбадона сар шуд. Пахтакорони ноҳия имсол тухмиҳои навъҳои хушсифати минтақабоби «Флора», «Хуҷанд» ва «Тоҷикистон»-ро интихоб намуданд.
Онҳо ният доранд, ки имсол дар 7900 гектар кишти пунбадона гузаронанд. Ба ин маърака 72 механизму трактор сафарбар гардидааст. Тавре аз Идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, барои бомуваффақият гузаронидани кишти пунбадона фаъолони ин маърака бо мукофотҳои пулию молӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ба ҷашни Наврӯз омода мешаванд
РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»). Маркази шаҳри Роғун имрӯз қабои идона ба бар кардааст. Тавре мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Абдухолиқ Ҷойлобов иттилоъ дод, дар баробари ороишоти шаҳру деҳот бо тасвирҳо ва шеърҳои баҳорӣ, барномаҳои идонаи фарҳангӣ ва варзишӣ ба истиқболи Наврӯз омода гардидаанд. Аз рӯзҳои офтобӣ истифода намуда, мунтазам барои кабудизор ва тозаю озода кардани гирду атроф ҳашарҳо ташкил карда мешаванд. То ин вақт дар ин ҷо беш аз панҷ ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шудааст.
Сабзавоти Бадахшон моҳи май пешкаш мегардад
ВМКБ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Кишоварзони вилоят ба фасли баҳор ҳаматарафа омода шуда истодаанд. Дар фасли тирамоҳ барои мавсими киштукори имсола 29642 сентнер тухмиҳои зироатҳои ғалладонагиҳо, 70 сентнер ҷуворимакка, 81490 сентнер картошка ва ба миқдори зарурӣ сабзавот захира намуда буданд. Тухмиҳо аз тарафи шуъбаҳои Бозрасии давлатии тухмии ноҳияҳо аз санҷиши ташхисӣ гузаронда, барои кишт иҷозат дода шуд. Сабзавоткорон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ соли ҷорӣ қарор додаанд, ки дар майдони 700 метри мураббаъ гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ монда, маҳсули дастранҷи худро охирҳои моҳи май ба фурӯш бароранд.
Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Дар боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр ярмарка – фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва аз растаҳои гуногун боздид кард. Дар ин рӯз аз ҷониби кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят беш аз як миллион дона ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва кӯчати гулҳо барои фурӯш пешниҳод гардид. Дар қатори кишоварзони шаҳру навоҳӣ хоҷагиҳои ҷангали вилоят, Ассотсиатсияи дӯстдорони табиат ва ниҳолпарварону гулпарварони инфиродӣ дар ярмарка-фурӯш фаъолона иштирок намуданд. Дар ярмарка ҳамзамон барои нигоҳубини боғ, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ташкили мубориза бар зидди касалиҳою ҳашароти зараррасон нуриҳои комплексии минералӣ ва заҳрдоруҳоро ба фурӯш бароварда, нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ ташкил карда шуд.
Дар Басид НБО-и хурд месозанд
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Бино ба иттилои танзимгари ширкати «Pamir Link» Фаррух Назармавлоев дар деҳаи Басиди ноҳияи Рӯшон НБО-и хурд сохта мешавад. Арзиши сметавии бунёди неругоҳ ба 330 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. Қариб нисфи хароҷотро ширкати «REPIK»-и Швейтсария маблағгузорӣ намуда, нисфи дигари онро соҳибкорону сарватмандон ва хайрандешон ба зимма гирифтаанд. Ширкати энергетикии «Помир» низ барои ташхиси техникии неругоҳ, анҷом додани васлсозии таҷҳизоти техникӣ ва дигар корҳои техникӣ ҳамкориҳои хешро пешниҳод кардааст.
Мулоқот бо донишҷӯён
ИСТИҚЛОЛ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»). Чандест, ки вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят доир шуда истодааст. Чунончӣ, ба наздикӣ раиси шаҳри Истиқлол Матлуба Сатторова бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки зодаи ин шаҳри тозабунёд мебошанд, мулоқот доир намуд. Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба вазъи таълиму тарбия ва баъди хатм бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон суҳбат намуд. Ба 50 нафар донишҷӯёни фаъолу ниёзманд 100 — сомонигӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.
Мусобиқа оид ба самбо
Ҷаббор РАСУЛОВ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»). Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷ.Расулов, Кумитаи иттифоқҳои касабаи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Самадов ва Федератсияи самбои вилоят дар толори варзишии «Чемпион»-и деҳаи Ғӯлакандоз мусобиқаи анъанавии 19-уми кушодаи вилоятӣ оид ба самбо байни мактабиён бахшида ба зодрӯзи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Абдуғаффор Самадов доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 250 нафар варзишгарон дар вазнҳои гуногун иштирок намуданд. Дар ҳисоби даставӣ ҷойи аввал насиби варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гирифтани 15 медали тилло, ҷойи дуюм насиби варзишгарони ноҳияи Мастчоҳ бо ду медали тилло ва ҷойи сеюм бо як медалӣ насиби варзишгарони шаҳрҳои Чкалову Конибодом гардид.
Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91