Хабарҳо аз кишвар

№34 (3180) 08.04.2014

Фурудгоҳи Душанбе ба реҷаи тобистона гузашт

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»)Мутобиқи ҷадвали тобистонаи парвозҳо, хатсайри Душанбе-Москва шабонарӯзӣ чор маротиба дар назар дошта шудааст ва ҳар ҳафта дар ин самт 28 парвоз амалӣ мешавад. Парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ют Эйр» анҷом медиҳанд.  Ҷадвали тобистонаи парвозҳо аз 30- юми март то 30- юми июни соли ҷориро дар бар мегирад.

-Айни замон бо Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 20 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ менамоянд,- иттилоъ дод котиби матбуотии  фурудгоҳ М. Шодиев.

 Гусели наваскарон

ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ  оғоз гардид ва   дар ноҳияи   Исмоили Сомонии пойтахт маъракаи гусели нахустин гурӯҳи 30-нафараи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи артиш мераванд, бо иштироки масъулин, фаъолону ҷавонон ва  волидайни онҳо гузаронида шуд.Тавре дар ин хусус аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ  раиси ноҳия А. Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова оид ба ҷасорату  меҳанпарастии ҷавонон сухан гуфта, онҳоро ба хизмати софдилона даъват карданд.

 Бунёди боғу токзорҳои нав

ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») -Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия ҷиҳати парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан махсус гардонида шуда, кормандони он бештар барои афзоиш додани кӯчати ниҳолҳои ҳархела кӯшиш ба харҷ медиҳанд,- мегӯяд номзади илмҳои кишоварзӣ И. Қобилбеков.

Дар хоҷагӣ айни ҳол 120 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Кормандони хоҷагӣ нақша доранд, ки имсол бештар аз 550 ҳазор бех ниҳоли  парваришнамудаашонро ба фурӯш бароранд. Бино ба гуфтаи мавсуф, соли 2014 дар 75 гектар замин минтақаҳои муҳофизатӣ бунёд карда мешавад.

 Оғози муташаккилонаи маъракаи кишт

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум») Кооперативи истеҳсолӣ-тухмипарварии «Сабз», хоҷагии деҳқонии ба номи Мадином Ибронов аз деҳоти «Зарбдор» ва хоҷагии ҷамоавии «Хатлон» аз деҳоти «Зиракӣ» дар шаҳри Кӯлоб нахустин шуда, ба маъракаи кишти пахта оғоз намуданд. Сарварони хоҷагиҳои номбурда мақсад доранд, ки   маъракаи  киштро  дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд. Пахтакорон дар  маъракаи имсола дар майдони беш аз чор ҳазор гектар кишти тухмии босифати пунбадонаро  ба роҳ монданианд.

 Маҳсулот аз гармхонаҳои Бадахшон

ВМКБ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба фасли баҳор барвақт омода шуда буданд, бо фарорасии рӯзҳои мувофиқ ба киштукор сар карданд. Дар фасли тирамоҳ барои мавсими киштукори имсола 29642 сентнер тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, 70 сентнер ҷуворимакка, 81490  сентнер картошка захира гашта буд, ки аз тарафи шуъбаҳои Бозрасии давлатии тухмии ноҳияҳо аз санҷиши ташхисӣ гузаштаанд. Сабзавоткорон ҳам баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ соли ҷорӣ қарор додаанд, ки дар майдони 700 мураббаъ метр гармхонаҳо ташкил карда, парвариши сабзавотро ба роҳ монда, маҳсули дастранҷи худро охирҳои моҳи майи соли равон ба фурӯш бароранд.

 Обшорон соҳиби бунгоҳи тиббӣ шуд

БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар деҳаи Обшорони деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар бунгоҳи нави тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино тарҳи зебою замонавӣ дошта, аз чор ҳуҷраи дорои шароити зарурии корӣ иборат аст. Алҳол Маркази дуошёнаи ҳозиразамони савдои «Обшорон», ки чанде қабл аз ҷониби соҳибкор Субҳиддин Муродов  мавриди истифода қарор гирифта буд, Маркази хизматрасонии техникӣ, дӯкони нави гӯштфурӯшӣ, дорухона, толори саққобозӣ ва се мағозаи савдои маҳсулоти ниёзи мардум симои деҳаи Обшоронро ба куллӣ дигар намудааст.

 Озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш»

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)  Бо мақсади эҷоди асарҳои назмиву насрӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва фоторепортажҳо, ҳамчунин пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои ҷолиб барои дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани 90- солагии пойтахт бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев миёни эҷодкорон озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» эълон гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Ш. Саидов, озмун аз 1 апрел то 1 июни соли 2014 гузаронида мешавад. Ҷиҳати қадрдонии ғолибон аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр 50000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

 Шоири равшанзамир

ШАҲРИНАВ. (Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар доираи фестивали ҷумҳурияавии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» дар ноҳияи Шаҳринав маҳфили адабӣ таҳти унвони «Шоири равшанзамир» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба 75- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо бахшида шуд. Адибон ва мактабиён дар маҳфил роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шоири маҳбуб Ғаффор Мирзо суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.

 Саховатпеша

РОҒУН. (Ҳоким САФАР) Бо ибтикори марди саховатпеша Ҳоҷишерзод Давлатов  (аз  шаҳри Душанбе) дар шаҳраки Сарипулаки шаҳри Роғун мусобиқаи гӯштии миллӣ барпо гардид, ки дар он паҳлавонон аз ноҳияҳои тобеи марказ даъват шуда буданд. Ғолибон бо қолину телевизор, чангкашаку мошинаи ҷомашӯйӣ ва як мошини сабукрави тамғаи «Nexiа» қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин соҳибкор Ҳоҷишерзод Давлатов  159 нафар   бачаҳои оилаҳои камбизоату бесаробонро тӯйи хатнасур карда, ба онҳо сару либос,  пойафзол ва маводи хӯрока тақдим намуд.

 Чорабинии манфиатбахш

ҒОНЧӢ. (Ҳусейни  НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар ҷамъомади навбатии деҳаи Ростровути ноҳияи Ғончӣ тадбирҳои андешидашуда вобаста ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он муовини раиси ноҳия З. Азимова, раиси Кумитаи ноҳиявии иттифоқҳои касабаи коркунони маориф ва илм А.Мӯъминзода, мушовири шуъбаи маориф Ю. Баҳодуров, корманди шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД-и ноҳия А. Собитов иштирок ва  суханронӣ намуданд. Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода адои вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро аз дидгоҳи дини мубини Ислом шарҳу эзоҳ дода, зарурату аҳамияти қонуни мазкурро баён дошт.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.