Киштукори баҳорӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Дар хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат то имрӯз дар майдони зиёда аз 64045 гектар ғалладонагиҳо, 5857 гектар картошка, 12218 гектар сабзавот ва 103896 гектар пахта кишт карда шудааст, ки мутаносибан аз 70 то 52,1 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Бино ба гуфти муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Ормонов, бо мусоид омадани обу ҳаво то моҳи май нақшаи киштукор пурра иҷро мегардад.
Доир ба бунёди боғу токзори нав бошад, мавсуф изҳор дошт, ки соли равон дар майдони 7474 гектар шинонидани ниҳолҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин самт то имрӯз 87 фоизи дурнамо иҷро гардидааст.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад
ВАҲДАТ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Кишоварзони шаҳри Ваҳдат ба кӯчати ниҳоли помидор шурӯъ карданд. То имрӯз дар 30 гектар навъҳои серҳосили помидор шинонида шудааст. Майдони умумии ин навъи зироат 580 гектарро ташкил мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 32 гектар зиёд аст.
-Имсол ният дорем истеҳсоли меваю сабзавотро зиёд карда, бозори истеъмолиро ғанӣ гардонем. Бо ин мақсад майдони кишти сабзавотро соли ҷорӣ ба 2 ҳазору 200 гектар расонидем, ки нисбати порсола 500 гектар зиёд аст. Нашъунамои 751 гектар картошка низ хуб аст. Ҳамзамон дар 32 гектар боғу токзори нав бунёд кардем,- гуфт ба хабарнигорамон сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Давлат Холиқов.
Маъракаи эмгузаронӣ дар пеш аст
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман саросари дунё Ҳафтаи умумиҷаҳонии сироятнопазирӣ гузаронида мешавад. Тибқи иттилои маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ин маърака аз 24 то 30 апрел таҳти шиори «Ҳаёт ширин аст!» доир мегардад. Мақсад аз Ҳафтаи умумиҷаҳонии сироятнопазирӣ мусоидат ба истифодаи доруҳо барои ҳифзи саломатии шахсони синну солашон гуногун ва ҷалби диққати аҳли ҷамъият ба сироятнопазирӣ чун яке аз тадбирҳои асосии ҷилавгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда мебошад.Ҳафтаи умумиҷаҳонии сироятнопазирӣ бо ибтикори Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ амалӣ мешавад.
Корхонаи нави хиштбарорӣ
САРБАНД. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Дар ноҳияи Сарбанд корхонаи нави хиштбарорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхона бо иқдоми роҳбарияти ҶДММ «Аминҷон» бунёд ёфтааст. Иқтидори солонаи он истеҳсоли 8 миллион дона хишт мебошад. Дар коргоҳи нав 70 нафар соҳиби ҷойи кор гардидаанд. Дар маросими баистифодадиҳии корхона раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадов иштирок намуд. Ҳамчунин аз ҷониби ҶДММ «Аминҷон» хатнасури 50 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд низ гузаронида шуд.
Бунёди мактаби нав
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Хӯҷаҳо хишти аввали бинои мактаби нав гузошта шуд. Барои сохтмони ин иншоот аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд 2 миллиону 237 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Лоиҳаи бино барои 624 нафар хонанда пешниҳод гардида, сохтмони он дар се давра амалӣ мешавад. Қисмати аввали бино дар ду ошёна сохта шуда, аз 8 синфхона иборат мебошад ва он дар соли нави хониши имсола мавриди истифода қарор мегирад. Дар давраҳои минбаъда биноҳои ошхона, толори варзишӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ бунёд карда мешаванд.
Нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шуд
НОСИРИ ХУСРАВ. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Тибқи иттилои комиссари ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав Амиралӣ Завқиев нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати Модар — Ватан иҷро гардид. Ноҳияи Носири Хусрав дар панҷ мавсими охири даъват нахустин шуда, нақшаро бомуваффақият иҷро менамояд. Дар байни даъватшудагони имсола аксариятро ихтиёриён ташкил медиҳанд.
Ёде аз нахустин рӯзноманигорзани тоҷик
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқӣ бахшида ба 100- солагии Кибриё Қаҳҳорова- нахустин рӯзноманигорзани тоҷик маҳфили илмӣ- адабӣ баргузор гардид. Дар он устодону донишҷӯён роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ин зани соҳибқалам сухан гуфтанд. Кибриё Қаҳҳорова 26 сентябри соли 1996 дар синни 82- солагӣ чашм аз олам пӯшидааст. Бахшида ба 100-солагии Кибриё Қаҳҳорова китоби адиби шинохтаи тоҷик Мансур Суруш бо номи «Қиссаи бонуи соҳибқалам» бо се забон нашр гаштааст, ки аз муваффақиятҳо ва саҳми ин бону дар журналистикаи тоҷик нақл мекунад.
Дар маркази диққат – зебоипарастӣ
ЧКАЛОВ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳри Чкалов маҳсули эҷоди 350 нафар хонандагони аъзои ин Марказ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи иттилои сарвари Марказ Хосият Бобоева дар ин муассисаи таълимии беруназмактабӣ маҳфилҳои рассомӣ, дӯзандагӣ, навозандагӣ, мухбирони ҷавон, рӯзгордорӣ ва омӯзиши забони русӣ фаъолият мекунанд. Ба шогирдон 12 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба касб меомӯзанд.
-Мақсади асосии мо ҷалби наврасон ба ҳунарҳои зебо ва ба ин васила тарбияи зебоипарастӣ дар тафаккури эшон мебошад,-мегӯяд сарвари Марказ Х. Бобоева.
«Осоишгоҳи Баҳористон» сазовори мукофот гардид
ҚАЙРОҚҚУМ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо қарори Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҶСШП «Осоишгоҳи Баҳористон», ки дар соҳили баҳри Тоҷики шаҳри Қайроққум воқеъ аст, дар риштаи хизматрасонӣ аз рӯйи ҷамъбасти соли 2013 сазовори мукофоти байналмилалӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар ҶСШП «Осоишгоҳи Баҳористон» аз соли 2013 инҷониб барои ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шудааст, ки ҳадаф аз он беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мебошад.
Бо мо дар тамос бошед: 238-58-91.