Чораҳо баҳри пешгирии хатари ярч
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Якчанд сол инҷониб қисмати зиёди сокинони деҳаи Хоҷамуъмин- собиқ Қарағочи деҳоти Тугарак дар вазъи на чандон хуби экологӣ қарор доранд. Мувофиқи санҷишу пешгӯйиҳои мутахассисони соҳаи заминшиносӣ, эҳтимоли пурраи ба рӯйи деҳа фаромадани ярч аз қисмати кӯҳи Хоҷамуъмин вуҷуд дорад. Ҳоло аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рафъу пешгирии ин хатар тадбирҳо андешида мешавад.
Муовини раиси ноҳия Нуралӣ Муъминов дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ин мушкилотро чунин шарҳ дод:- Парвандаи заминсозӣ оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин ба фонди манзили деҳаи Хоҷамуъмини деҳоти «Тугарак» дар майдони 10,8 гектар ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон расман ирсол гардидааст. Баъди ҷудо гардидани замин 54 оилае, ки дар ҳолати хавфноки экологӣ қарор доранд, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда, ба 7 оилаи дигар вобаста ба нақшаи соли 2013 қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақта аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ дода мешавад.
Оғози маъракаи кирмакпарварӣ
ХАТЛОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар вилоят маъракаи кирмакпарварӣ муташаккилона оғоз ёфт. Бо ин мақсад соли ҷорӣ бояд бештар аз 12500 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда, ба аҳолӣ дода шавад. Аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, кирмакпарварони ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл ба парваришу нигоҳубини кирмак оғоз намуданд. Дар ноҳияҳои иқлимашон нисбатан сарди мавзеи кӯҳистони вилоят бошад, ин маърака дертар оғоз хоҳад ёфт. Бо мақсади афзун намудани истеҳсоли пилла мутахассисони ин соҳа баробари тухми кирмаки ватанӣ, ҳамчунин парвариши тухми хитойиро низ ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои масъулини муассисаи кирмакпарварии вилоят,тухми кирмаки навъи хитойӣ ба барги тут, ки хӯрокаи кирмак ҳисоб меёбад, камтар эҳтиёҷ дорад.
Мактаб соҳиби бинои нав мешавад
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Муассисаи таълимии рақами 26-уми деҳаи Дӯстии деҳоти Меҳнатобод, яке аз мактабҳои куҳнасохти ноҳия дорои мушкилоти зиёд, аз қабили нарасидани ҷойи нишаст буд. Талошҳои пайвастаи маъмурияти мактаб ва шуъбаи маорифи ноҳия роҷеъ ба бунёди мактаби нав аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
-Ҳоло тамоми ҳуҷҷату асноди зарурии бунёди бинои нави мактаб аз ҷониби ташкилоту идораҳои масъул пурра омода шудааст ва оғози сохтмони он бо маблағгузории вазорати мазкур соли 2015 шурӯъ мешавад,- гуфт бо қаноатмандӣ директори мактаб Назар Шерхонов.
Бунёди боғи нав дар ноҳияи Айнӣ
АЙНӢ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Солҳои охир бо дастуру супориш ва ташаббусҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар майдони боғу токзори нав доман паҳн мекунад, зеро меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар талабгори зиёд дорад. Ғайр аз ин, боғу токзор метавонад барои аҳолӣ ҷойи кор ва манбаи даромад бошад. Бо дарки ин маънӣ дар ноҳияи Айнӣ низ ҳамасола боғҳои нав бунёд мешавад. Аз ҷумла дар деҳаи Шӯрмашк бо ибтикори раёсати хоҷагии деҳқонии ба номи Неъматуллоеви ноҳия дар майдони ду гектар боғи нав бунёд гардида, ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуд.
Майдони боғот васеъ гардид
ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо бунёди 40 гектар боғи нави дарахтони мевадиҳанда майдони умумии боғот дар ноҳия ба 950 гектар расонида шуд. Дар ин ҷо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ мувофиқ будани иқлими ноҳияро ба инобат гирифта, бештар дар заминҳои ғайрикишоварзиву лалмӣ бунёди боғро ба роҳ монда, боғҳои пешинаро мутобиқ ба талаботи қоидаҳои пешқадами агротехникӣ ба шакл медароранд.
Соли ҷорӣ саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ ба ҷойи 30 гектари нақшавӣ бунёди 50 гектар боғро ба уҳда гирифтаанд. Бино ба гуфтаи сардори Идораи кишоварзии ноҳия Анвар Ғозиев, алҳол тақрибан 40 гектар боғи ниҳолҳои меваи содиротии себҳои сурху сафед ва симиренко, ноку гелос ва зардолуву бодом бунёд гардидаанд.
Китобхона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ номгузорӣ шуд
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Китобхонаи вилоятии бачагона ба номи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аминҷон Шукӯҳӣ номгузорӣ гардид. Дар даромадгоҳи китобхона ба ин муносибат лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва шоирону адибони шинохта, рӯзноманигорон ва устодону хонандагони макотиби шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд. Шодравон Аминҷон Шукӯҳӣ аз адибони номдор ва пурмаҳсули тоҷик буд ва аз худ осори пурарзиш ба мерос гузоштааст.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён
ЧКАЛОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода бо донишҷӯёни шаҳр, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекунанд, мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ раиси шаҳр таъкид дошт, ки мактабу маориф, илму ирфон, маърифат ва дониш тӯли ҳама давру замон дар таърихи инсоният мақоми шоистаро касб намудааст. Дар ин радиф мактаби олӣ дар роҳи рушду нумӯи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва зеҳниву ақлонии ҳар як миллати мутамаддин ва худогоҳ мавқеъ ва манзалати хоса дорад. Мавриди зикр аст, ки дар донишгоҳи мазкур беш аз 200 нафар донишҷӯён аз шаҳри Чкалов таҳсил мекунанд.
Раиси шаҳр ба донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ ва аз оилаҳои камбизоат дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, кумакпулии яквақта тақдим намуд.
Дастоварди навбатии варзишгарони тоҷик
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Тибқи иттилои раиси Федератсияи таэквон-до ва кикбоксинги ҷумҳурӣ Наргис Набиева, дар шаҳри Катмандуи Шоҳигарии Непал Чемпионати Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали чорабинӣ Гулрӯ Ҳоҷиева ва Алишер Ахмедов соҳиби медали тилло гардиданд. Ҳамчунин Парвиз Муродзода ва Гулноз Ҳоҷиева медали нукра ба даст оварданд. Айни ҳол варзишгарони мо аз рӯйи ҳисоби даставӣ ҳам миёни бонувон ва ҳам писарон дар мақоми аввал қарор доранд ва ин зинаҳои ифтихорӣ аз рӯйи машқҳои маҷмуӣ ба даст оварда шудаанд. Барои варзишгарони мо ширкат дар ин сабқат таҷрибаи хубест дар арафаи Чемпионати ҷаҳон аз ин намуд, ки аз 6 то 11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.