Хабарҳо аз кишвар

№112 (3097) 07.09.2013

Дави умумиҷаҳонии машъалӣ — 2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз 5 то 24 сентябри соли равон Дави умумиҷаҳонии машъалӣ-2013 дар масофаи 3000 км тавассути хатсайри Душанбе-Андиҷон-Бишкек-Алмаато-Урумчи баргузор мешавад. Ин мусобиқаи варзишӣ 5 сентябри соли равон,  соати 800 аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар  Урумчи 24 сентябри соли равон ҷамъбаст мегардад. Маросими ботантанаи кушодашавии дав дар ҳудудиТоҷикистон аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз ёфта, ҳаракати иштирокчиён ба самти ноҳияи Варзоб, деҳоти «Такоб» ва ағбаи Анзоб, ноҳияи Айнӣ (5 сентябр), шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан (6 сентябр), Хуҷанд, Спитамен, гузаргоҳи сарҳадии миёниТоҷикистону Қирғизистон (7 сентябр) сурат мегирад.

 

Бозсозии корхонаи намаки Ёвон

ЁВОН. ( Давлат  СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли намаки Ёвон бозсозӣ ва бо техникаи нав муҷаҳҳаз гардид. Бо ин мақсад соҳибмулкони корхона таҷҳизоти наву заруриро васл намуданд. Ин имкон медиҳад, ки корхона бо хароҷоти дар нисбати солҳои пешин камтар истеҳсоли намаки ошии хушсифатро беҳтару хубтар ба роҳ монад. Дар назар аст, ки баъди тармиму таъмир ва васли таҷҳизоти замонавии каммасраф корхона дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 22- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

 

Сохтмони гимназия ба анҷом расид

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Қисмати асосии сохтмони Маҷмааи  гимназияи президентӣ барои 640 нафар хонанда дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба анҷом расид. Гимназияи мазкур фаъолияти хешро дар соли хониши 2013-2014 шуруъ намуд. Гимназия аз бинои таълимӣ, китобхона, залу майдони  варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, буғхона ва бинои нуҳошёнаи 38 ҳуҷрадор иборат аст. Фармоишгари сохтмони маҷмааи мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунандааш Муассисаи «Хизматрасонии сохтмони асосӣ»- и шаҳри Душанбе мебошад. Сардори қитъаи сохтмонии маҷмаа Субҳонқул Султонов иброз  намуд, ки бунёди гимназия дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

 

Имом-хатибон соҳиби замин мешаванд

БОХТАР. ( Давлат  СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат дар ноҳия ба  қароре омаданд, ки барои 186 нафар имом-хатибони масҷидҳо бо мақсади таъмини шароити рӯзгорашон аз ҳисоби саҳмияҳо қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ ҷудо карда шавад. Ин иқдом бо ташаббуси раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов амалӣ карда мешавад.

Тавре зимни суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шариф Табаров иттилоъ дод, то имрӯз бо мақсади дастрасӣ ба замини хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби беш аз даҳ нафар имом-хатибони масҷидҳои ноҳия аризаҳо пешниҳод гардидаанд. Бо ин роҳ имом-хатибони масҷидҳои ноҳия барои таъмини рӯзгори худ манбаи даромад пайдо мекунанд.

 

Кӯмаки навбатии «Имдод»

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Кумитаи «Имдод»-и имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба беш аз 150 нафар кӯдаки гирифтори бемориҳои гуногун, ки дар озмуни «Расми ҳимоят» ширкат намуда буданд, туҳфаҳо тақдим кард. Озмуни «Расми ҳимоят» дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷамъиятии «Диёр» баҳри дастгирии кӯдакони маъсуму ятим баргузор шуд.

Саид Меҳдии Ибодӣ — раиси Кумитаи «Имдод»- и имом Хумайнӣ ба 60 нафар беҳтаринҳо туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаро тақдим намуд.

Ҳамчунин ба даҳ нафар дастпарварони маркази дӯзандагии Кумитаи «Имдод»- и имом Хумайнӣ мошинаҳои дарздӯзӣ ҳадя гардид.  Дар ин рӯз беш аз 400 нафар сокинони вилоят аз ташхиси тиббӣ гузаштанд. Бино ба иттилои Фирдавс Ашӯрматов — масъули Кумитаи «Имдод»-и имом Хумайнӣ дар вилояти Суғд, аз ин шумор ба 150 нафар ройгон дорувориҳои гуногун дастрас шуд.

 

Мушкилоти оби нӯшокӣ ҳал мешавад

ВОСЕЪ. ( Наҷот САФАРЗОДА)  Дар ноҳияи Восеъ баробари раванди бонизоми корҳои сохтмонии иншооти гуногуни хизматрасонии маишию тиҷоратӣ кашидани хатҳои нави интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои шаҳраки Восеъ ва деҳаҳои ҳудуди деҳоти «Тугарак»-у ба номи Худоёр Раҷабов бомуваффақият ҷараён дорад.

Корҳои заминканӣ ва шинондану васли қубурҳои полиэтилениро дар маркази ноҳия коргарони ҶДММ «Азиз» амалӣ намуда истодаанд. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин самт то охири соли оянда ба анҷом расида, мушкилоти оби нӯшокии аҳолии 14 маҳаллаи қисмати шарқии маркази ноҳия ҳал мегардад.

Сокинони деҳаи Истиқлоли деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ аз давраи Шӯравӣ то ин дам аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашиданд. Айни ҳол лоиҳаи кашидани хатти интиқоли оби нӯшокӣ ба  деҳа ба анҷом расида, корҳои заминканӣ дар ин мавзеъ оғоз шудааст.

 

Мусобиқаи гӯштии миллӣ дар арафаи ҷашн

МУЪМИНОБОД. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»)Бахшида ба 22 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзҳои 7 ва 8 сентябри соли ҷорӣ ба хотираи паҳлавони шинохта Мирзоватан Ҳасаналиев дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон  мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ доир мегардад. Дар назар аст, ки варзишгарони аз синни 18-сола болои шаҳри Душанбе (се даста),  ВМКБ (як даста), вилоятҳои Хатлон (ду даста), Суғд (як даста), шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ (ду даста), ноҳияи Муъминобод (як даста) дар вазнҳои  55,60, 65, 70, 75, 80, 86, 95 ва аз 95 кг боло  барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ рақобат намоянд. Ғолибони чорабинӣ бо диплому медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 

Раис аз ташаббуси корхонаи «Одина» хушнуд гашт 

ХОВАЛИНГ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар доираи қабули сайёри шаҳрвандон ба ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон омада, дар толори қасри фарҳанги он як гурӯҳ ашхоси арзу ниёздоштаи деҳоти дуру наздикро ба ҳузур пазируфт.

Баъди анҷоми қабули шаҳрвандон раиси вилоят оид ба вазъи иқтисодии ноҳия дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ сухан ронда, аз фаъолият ва ташаббусҳои корхонаи заршӯйии «Одина» изҳори қаноатмандӣ намуд. Ғайбулло Авзал фаъолияти корхонаро барои дигарон намунаи ибрат дониста, зикр намуд, ки ин корхона дар баробари ташкили чанд корхонаҳои истеҳсолии дигар дар деҳаи дурдасти Шугнов литсейи замонавӣ бунёд намудааст, ки ҳаҷми маоши  пешбининамудаи омӯзгорони он  ду  ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91