Боздиди раиси вилоят аз водии Зарафшон
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва раванди корҳои бунёдкорӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент боздид намуд. Дар ноҳияи Айнӣ Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни сохтмони қасри фарҳанг, корҳои таъмир ва барқарорсозии беморхонаи марказии ноҳия шинос шуда, ба масъулин баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастур дод. Дар деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент раиси вилоят аз коргоҳи бунёдшавандаи заршӯйӣ дидан кард. Ин коргоҳ дар назди Корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёд гардида, дорои иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз дорад.
Абдураҳмон Қодирӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саврак Ато» — и деҳоти Халифа Ҳасан бо кишоварзон мулоқот карда, дар маросими мумфаршкунии кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румии шаҳр низ иштирок намуд.
Масоҳати гармхонаҳо васеъ гардид
ДАРВОЗ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Кишоварзони ноҳияи Дарвоз ният доранд, ки дар ҳафтаҳои наздик сабзавоту картошкаи барвақтиро ба сокинони маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ пешкаш кунанд. Мувофиқи иттилои бахши кишоварзии ноҳия, имсол масоҳати гармхонаҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле васеъ гардида, теъдоди лимӯхонаҳо ба 12 адад расид. Акнун кишоварзони ноҳия на танҳо талаботи хоҷагиҳои худро бо меваю сабзавот таъмин мегардонанд, балки маҳсули дастранҷашонро дар бозорҳои вилоят ва берун аз он ба фурӯш мебароранд.
Қубодиён пешсаф аст
ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Кирмакпарварони ноҳияи Қубодиён дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пилла мужда расониданд.
Тавре аз идораи «Пилла»-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, то имрӯз кирмакпарварони қубодиёнӣ ба ҷойи 37,8 тонна дурнамои солона беш аз 42 тонна абрешими хоми аълосифат истеҳсол намуданд, ки ин на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беҳтарин ҳисоб меёбад. Яке аз аввалин нафароне, ки дар Қубодиён ба идораи пиллатайёркунии ноҳия маҳсули заҳмати худро оварда супурд, мӯйсафеди 84 — сола Кишвар Расулов аст. Кирмакпарварони ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Бохтар, Ёвон ва шаҳри Сарбанд низ пешсафони имсолаи маъракаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбанд. Чанде аз ин ноҳияҳо низ дурнамои истеҳсоли пилларо иҷро намуданд. Тибқи нақша имсол дар вилояти Хатлон бояд 570 тонна пилла истеҳсол гардад.
Бунёди хатти троллейбус дар Кӯлоб
КӮЛОБ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муаррифии лоиҳаи бунёди хатти троллейбус баргузор гардид. Мутахассисони рус давоми чанд рӯзи охир вазъи амалӣ намудани лоиҳаро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омӯхта, ба қароре омаданд, ки натиҷаи онро дар моҳи июни соли равон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар назар аст, ки ин хатти троллейбус 6,2 километрро ташкил медиҳад.
Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин»
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Озмуни «Мақолаи беҳтарин», ки бо мақсади ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию амалӣ дар соҳаи туризм дар мавзӯи «Тоҷикистон- кишвари туризм» аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти кумитаи мазкур ҷойи аввал ба З. А. Абдуллоев барои мақолаи «Рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон», ҷойи дуюм ба Темурмалик Абдусатторов барои мақолаи «Тоҷикистон — кишвари сайёҳии ояндадор» ва ҷойи сеюм ба ду нафар -Момаҷон Расулова барои мақолаи «Тоҷикистон- кишвари туристӣ» ва Бибимо Сафармамадова барои мақолаи «Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ» сазовор дониста шуданд.
Аз пойтахт бо 150 ҳазор сомонӣ
ҶИЛИКӯЛ. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Абдураҳмон Юлдошев аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш деҳаи «Лаби дарё»-и ноҳияи Ҷиликӯл бо маблағи калон баргашт. Ин марди туркмантабори деҳқон аз бозии шавқовари «Спортлото» 150 ҳазор сомонӣ бурд намуд. Мавсуф маблағи бурди худро барои ҳалли мушкилоти рӯзгор, таълиму тарбияи фарзандон, беҳбудии кори хоҷагии деҳқонӣ ва истироҳати хеш дар яке аз фароғатгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ сарф хоҳад кард.
Ҷашни 110 — солагии Муҳиддин Аминзода
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бахшида ба 110 — солагии шоири ватандӯст, мунаққид ва тарҷумон Муҳиддин Аминзода дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфили эҷодӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон А. Раҳматзод оғоз гардида, дар он муовини якуми раиси вилоят Ҷ. Сангинов ва раиси шаҳри Хуҷанд Р. Аҳмадзода суханронӣ намуданд .Сипас, Мӯҳсин Аминзода – фарзанди ин шоири шаҳир маҳфилро идома бахшида, аз ашъори худ шеърҳо қироат намуд. Дар чорабинӣ сарояндагон аз эҷодиёти Муҳиддин Аминзода, Озод Аминзода ва Мӯҳсин Аминзода сурудҳо сароиданд ва рақсҳои духтарони мактаби Озод Аминзода ба маҳфил шукуҳи тоза бахшид.
«Ҳофизхонӣ» дар китобхонаи миллӣ
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабии «Ҳофизхонӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли илму адаб ва донишҷӯён иштирок доштанд. Маҳфили «Ҳофизхонӣ» бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон моҳе ду маротиба гузаронида шуда, ин маҳфили чорум ба шумор меравад.
Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Ҳаким маҳфилро бо байти «Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро» ифтитоҳ бахшида, ба таҳлили ин абёт шурӯъ кард. Баъдан адабиётшиносон оид ба ин ғазал фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.
Комёбии навбатии толибилмони тоҷик
ДУШАНБЕ. (Д. Шералиева, «Садои мардум») Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Олимпиадаи 48-уми байналмилалии Менделеев аз фанни химия баргузор гардид. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиада аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва гимназияи тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ»’ ҳашт нафар иштирок карда, бо ду медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд. Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи мазкур, ки аз се давр иборат буд, 104 нафар хонанда аз 16 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Хонандагони тоҷик Алишер Муродов (бо 129 хол) ва Руҳилло Қодиров (бо 120 хол) сазовори ҷойи сеюм, медали биринҷӣ ва соҳиби роҳхат ба донишгоҳи бонуфузи Федератсияи Россия — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов гардиданд. Дигар иштирокчиёни он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти олимпиада сарфароз гардонида шуданд.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед.Телефон:238-58-91.