Хабарҳо аз кишвар

№58 (3204) 03.06.2014

Вохӯрии Қосим Роҳбар бо  директори ҶСП «Колнаг»

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Аз маркази иттилоот ва матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки 30 майи соли равон вазири кишоварзии мамлакат Қосим Роҳбар бо директори ҶСП «Колнаг»-и Федератсияи Россия Алексей Алдошкин вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба тухмипарварӣ  ва созмон додани  намояндагиҳо бо тамоми имконоти ташкили майдонҳои намоишӣ барои омӯхтани технологияи ҳозиразамони коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дастрас намудани тухмии хушсифат табодули назар карданд.

Мавриди зикр аст, ки ҶСП «Колнаг», тибқи шартномаи дуҷониба, бо хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор дар самти  дастрас намудани техника ва таҷҳизоти махсус, парвариш, захира ва фурӯши маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон, инчунин содироти  сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла  картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва турб ба вилоятҳои Свердловск ва Тюмени Федератсияи Россия  ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ мондааст.

 Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар «Боғи кӯдакон» — и пойтахт бо иштироки зиёда аз 2500 нафар кӯдакону наврасон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои аз маркази мазкур дастрасшуда дар назди даромадгоҳи он таълимгирандагон бо навохтани дойра, таблак, карнаю сурнай меҳмононро пешвоз гирифта, ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» бо ҳар гуна либосҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин намоиши дастовардҳои кӯдакону наврасон, таълимгирандагони марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон доир гардид.

Дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» консерти ғолибони Фестивал- озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе -  «Шукуфаҳои пойтахт», ки бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд, доир гардид. Ғолибон бо ҷоизаҳо, диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои марказ қадрдонӣ шуданд.

 Сохтмони биноҳои нуҳошёна оғоз ёфт

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»)  Дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ бунёди се бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ шурӯъ гардид. Имрӯзҳо сохтмончиён ба корҳои заминканӣ барои гузоштани зербинои иншоот машғуланд. Онҳо ният доранд, ки корро дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом дода, ба корҳои бетонхобонӣ шурӯъ намоянд. Бисту як нафар бинокор, ки дар ихтиёрашон техникаи пуриқтидор доранд, машғули коранд. Дар марҳилаи аввал барои сохтмон 10 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмониро маблағгузорӣ менамояд. Муҳлати анҷоми сохтмон соли 2016 муқаррар шудааст. Бояд хотиррасон намуд, ки хишти аввали ин иншоот соли 2013 аз ҷониби Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ, гузошта шуд.

 Туҳфаи идона ба мактаб-интернат

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Ба муносибати Рӯзи байналмилалии  ҳифзи кӯдакон туҳфаи идонаи кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рӯҳбаландии 275 нафар тарбиятгирандагони Мактаб- интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор гардид. Ба дӯстрӯякони ин даргоҳ сарулибоси тобистона, маводи ғизоӣ ва хони пурнозу неъмати идона пешкаш шуд. Ҳамзамон ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» намоишномаи ҷолиби театриро манзур намуда, панҷ нафар наврасон- ғолибони  Озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» бо сурудҳои дилнишинашон табъи тарбиятгирандагонро болида гардониданд.

 Бонуи чилкокула

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар озмуни вилоятии «Бонуи чилкокулаи Хатлон-2014», ки дар Боғи фароғатию фарҳангии маркази маъмурии вилоят барпо гардид,  ғолибони озмунҳои даври пешин аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Тавре масъулини чорабинӣ иброз доштанд, мақсад аз ташкили чунин озмун эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебопарастӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таҳкимбахшии  ахлоқи ҳамидаи бонувон мебошад. Се ҷойи аввал насиби гулдухтарони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Хуросон гардид. Шоҳҷоизаи озмунро донишҷӯйи соли якуми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҷамила Каримова  сазовор гардид. Ғолибон бо диплому  туҳфаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ гардиданд.

 Намоиши истеъдоди хонандагон

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Кӯлоб  намоиши истеъдоди хонандагони  мактабҳои намуди нави вилоят баргузор гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонов ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида,  зикр намуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ афзоиш  дорад. Иштирокчиёни намоиш бо ихтироот ва корҳои эҷодии хонандагон шинос гардида, ба устодону волидони онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз ҷониби масъулин ба муаллифони беҳтарин корҳои эҷодӣ,   ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ тақдим  шуд.

 Кишти картошка дар афзоиш аст

ХУҶАНД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)Мувофиқи дурнамо имсол кишоварзони вилояти Суғд бояд дар майдони умумии 8650 гектар замин картошка кишт намоянд. Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии вилоят, то имрӯз деҳқонони вилоят дар майдони зиёда аз шаш ҳазор гектар картошка кишт намудаанд. Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан дар 1180 гектар, Исфара 191 гектар, Ҷаббор Расулов 155 гектар, Зафаробод 25 гектар ва Бобоҷон Ғафуров 123 гектар кишти картошка гузаронида, нақшаро барзиёд иҷро карданд.

 Кумак ба деҳқонон

ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар доираи лоиҳаи нави USAID «Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ» дар ноҳияи Вахш маркази дастгирии ҳуқуқӣ ба кор оғоз намуд. Дар назар аст, ки ин марказ дар ҳамкорӣ бо фаъолони маҳаллӣ ба кишоварзон дар самти огоҳӣ аз ҳуқуқҳояшон кумак  намояд.

Чунин марказҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ таъсис дода мешаванд. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои ин лоиҳаи нав USAID нашри моҳномаеро бо номи «Агроинформ ТҶ» ба нақша гирифтааст. Ин моҳнома бо теъдоди 3000 ҳазор нусха нашр гардида, ба деҳқонон таври ройгон дастрас мегардад.

Масъули гӯша М. ХУДОЙНАЗАРОВ. Бо мо дар тамос бошед.Телефон:238-58-91.