Таъсиси «Тобистон-2014»
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Аз 12 –уми июни соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳҳои тобистонаи кӯдакону наврасон ба фаъолият оғоз мекунанд. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 таҳти №556 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2014» ситоди «Тобистон – 2014» таъсис ёфтааст, ки ба он кормандони масъули федератсия шомиланд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол осоишгоҳҳои кишвар дар чор баст фаъолият карда, дар ҳар басти он 357 ҳазору 242 нафар мактабиён ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Таҷлили Рӯзи кормандони саноати сабук
ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум» ) Ба муносибати Рӯзи кормандони саноати сабук, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн таҷлил мешавад, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Масъулини вазорати мазкур кормандони соҳаро табрик намуда, ба ин муносибат як қатор фаъолонро бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардониданд. Инчунин дар ин ҳамоиш мутахассисон ҳолати кунунии соҳаи саноати сабуки кишварро таҳлилу баррасӣ намуданд. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 280 корхонаи бахши саноати сабук фаъолият дошта, соли гузашта ба маблағи умумии 222,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Алҳол дар корхонаҳои соҳа 12,6 ҳазор нафар фаъолият доранд.
Нишондиҳандаи беҳтарини ширдӯшӣ
ХУРОСОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ҶДММ «Саодат», ки чун хоҷагии махсуси чорводорӣ таъсис шудааст, аз ҳар як сар гов рӯзе 30-35 литр шир дӯшида мешавад. Ин дар миқёси вилояти Хатлон яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад. Алҳол дар ин хоҷагӣ нигоҳубини 62 сар зоти чорвои олмониро ба роҳ мондаанд. Ин навъи чорво, ки ба ноҳия аз хориҷи мамлакат бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ оварда шуд, ба шароити маҳал хеле хуб мутобиқ гардидааст. Аз молҳои ширдеҳи ин хоҷагии на чандон калон рӯзе беш аз як тонна шир дӯшида мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ ният доранд саршуморро ба беш аз сад сар расонида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо гузоранд.
Намоиш – фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор дар даромадгоҳи боғи фарҳангу фароғат ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоиш – фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои дастии мардумӣ, ки дар марказҳои таълимӣ — истеҳсолии ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои вилоят истеҳсол гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳадафи баргузории намоиш муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва ҷалби сокинони кишвар ба касбу ҳунаромӯзӣ мебошад.
Бунёди боғ бо усули ҳашар
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар мавзеи Саринамаки деҳоти Қарақамиш, дар майдони 60 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Дар боғ ниҳолҳои гуногун, аз қабили себ, нок, зардолу, бодом ва чормағз шинонида, барои обёрӣ намудани он аз масофаи 4,5 километр тавассути қубур об гузаронида шуд. Нигоҳубини боғ мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, ниҳолҳо дар ҳолати хуб нашъунамо меёбанд.
22 миллион сомонӣ барои таъмири роҳҳо
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба мумфаршкунии кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ бахшида шуд. Ин иқдом дар доираи эълон гардидани «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» рӯйи кор омад.Кӯчаи Шарқ аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва саҳмгузории соҳибкорон пурра мумфарш карда мешавад. Мумфаршсозии роҳро ҶДММ «Анд» ба уҳда гирифтааст. Бояд зикр кард, ки барои мумфарш ва таъмири пурраи роҳҳо аз буҷети вилоят 22 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳадаф — дарёфти хонандагони боистеъдод
РӮДАКӢ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар мактаб — интернати солимгардонии ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ олимпиадаи даставӣ аз фанҳои забони русӣ, англисӣ, химия, физика, математика, биология ва технологияи информатсионӣ доир гардид. Олимпиадаро муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки ҳадафи ин чорабинӣ дарёфти хонандагони боистеъдод ва муаррифӣ намудани кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз рӯйи натиҷаи олимпиада дастаҳои вилояти Суғду шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, дастаи вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм ва дастаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷойҳои сеюму чорум гардиданд. Ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Конфронси илмӣ — методӣ
МАСТЧОҲ. ( Одина БАРОТӢ ) Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дуюмин конференсияи илмӣ-методии омӯзгорони ҷавон баргузор гардид. Конференсия дар ду қисмат доир гардида, онро мудири шуъбаи маорифи ноҳия Н. Боқиев ифтитоҳ намуда, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ, риёзию техникӣ, табиӣ, филология ва услуби таълим маърӯза карданд. Дар фарҷом ба муаллифони беҳтарини гузоришу маърӯзаҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.
Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.