Корвони «тиллои сафед»
ҶАББОР РАСУЛОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар назди корхонаи пахтатозакуниии маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов тантанаи қабули корвони «тиллои сафед» баргузор шуд. Дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода пахтакоронро ба оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили нав табрик намуд.
- Боварии комил дорам, ки бо саъю кӯшиш ва ғайрату дастгирии ҳар як фарди ватандӯсти ноҳия ҳосили имсолаи пахта, ки акнун арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ пайваста баланд шуда истодааст, беталаф ҷамъоварӣ ва хирмани пурбаракат ороста мегардад, — гуфт раиси вилоят ва ба кишоварзони ноҳия барои оростани хирмани 12 ҳазору 500 тоннагии «тиллои сафед» муваффақият таманно намуд.
Дар ин рӯз аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия тариқи корвони «тиллои сафед» ба нуқтаҳои пахтақабулкунӣ беш аз 150 тонна пахта ворид шуд.
Вохӯрӣ бо ҳайати ТБМ
ДУШАНБЕ. (Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум») Тавре аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, чанде пеш вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо муовини директори Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Москва Шуренчимег Зохиолт ва ҳамроҳонаш мулоқот доир намуд. Дар ин вохӯрӣ масъалаи иҷрои татбиқи Барномаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2011-2013 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ банақшагирии таҳияи лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2014-2016/2017 муҳокима гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо қарор доданд, ки барномаи мазкур то охири соли равон дар мувофиқа бо шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат омода карда, ба тасвиб расонида шавад.
Ярмаркаи омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ярмаркаи омӯзишӣ доир гардид.
Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ асосан аз рӯйи се самт фаъолият дошта, беш аз чор ҳазору 758 нафар касбомӯзонро соҳиби пешаи дилхоҳашон намудааст. Филиал дар тамоми навоҳии вилоят намояндагии худро дорад.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти қаннодӣ, дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, бофандагӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Меҳмонон маҳсули дасти кормандону касбомӯзонро бо завқи баланд тамошо намуданд.
Мурод аз ташкили ярмаркаи мазкур ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ ва соҳиби пешаи дилхоҳ гардонидан аст, — гуфт директори филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ Элчай Мародбекова.
Озмун ҷамъбаст гардид
СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Озмуни вилоятии «Мутахассиси беҳтарини соли 2013» анҷом ёфт. Бо мақсади баланд бардоштани нуфузу эътибори касбиятҳои барои ҷамъият зарур, дарёфт, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаву шахсони боистеъдод, тарғиби таҷрибаи пешқадам, ихтироот ва дастоварди нави илмию техникӣ, ки ба рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят мусоидат менамоянд, озмун аз рӯйи 25 ихтисос баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода мутахассисони беҳтарини ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоятро табрик намуда, ба ғолибон диплом, ҳайкалча (статуэтка) -и озмун ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомониро тақдим кард.
Таъминот бо оби нӯшокӣ беҳтар гардид
ИСТАРАВШАН. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар ин ҷо маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ барои ҳафт ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Боғи Калон ва Сахсиёни деҳоти «Гули Сурх» баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки барои кашидани хати оби нӯшокӣ аз маркази деҳот то деҳаҳои мазкур, ки 2,5 километр масофа доранд, 350 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шуд. Бояд гуфт, ки 200 ҳазор сомонии маблағи мазкур аз буҷети вилоятӣ ҷудо гардида буд. Дар ин амали хайр соҳибкорон низ саҳм гузоштанд.
Захираи ирсии растаниҳо
ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Чанде пеш бо иқдоми Ташкилоти байналмилалии озуқа ва кишоварзии (ФАО) Созмони Милали Муттаҳид, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои ирсии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинари минтақавӣ оид ба идораи захираҳои ирсии растаниҳо баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаи мутахассисон нисбати омӯзиш, усулҳои ҷамъоварӣ, муҳофизати захираҳои ирсии растаниҳо, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳо ва омодасозии захираи маълумотӣ доир карда шуд.
Дар кори семинар 20 нафар мутахассис аз марказҳои миллии захираҳои ирсии растаниҳои ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар назди ҳозирин профессор И. Г. Лоскутов аз Пажуҳишгоҳи умумироссиягии растанипарварии ба номи академик Н. И. Вавилов ба сифати мушовири ФАО баромад кард. Машғулиятҳои амалии ширкаткунандагони семинар дар қисмати наздикӯҳии водии Ҳисор, дараи Ромит ва ноҳияи Файзобод баргузор шуд.
Варзишгарон қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумитаи мазкур Маликшо Неъматов як қатор варзишгарону собиқадорон ва мураббиёну кормандони соҳаро, ки барои хизматҳои шоён дар рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ қадрдонӣ шуданд, табрик намуд. Аз ҷумла ҳафт нафар ба унвони «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 63 нафар «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 13 нафар «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», чор нафар «Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ», шаш нафар «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», се нафар унвони фахрии варзишии «Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ», 11 нафар «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ду нафар «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.Ҳамчунин аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии дави миллии «Машъали дустӣ» барои саҳми арзанда дар баргузории сатҳи баланди чорабинии мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се соли охир Маликшо Неъматов бо Ифтихорнома ва медали ин ташкилот сарфароз гардид.
Ба ҳисоби уҳдадорӣ
БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Саҳмдорони кооперативи истеҳсолии «Серғайрат», ки панҷуми сентябр дар ноҳияи Бохтар нахустин шуда, аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мужда расонида буданд, имрӯзҳо ба ҳисоби уҳдадорӣ «тиллои сафед» меғундоранд. Дар ин бора ба мо муовини якуми раиси ноҳияи Бохтар Қаҳҳор Усмонов иттилоъ дод. Тавре ӯ зикр намуд, имсол аъзои кооперативи мазкур уҳдадор шудаанд, ки беш аз 200 тонна хирмани зар бардошта, ҳосилнокии ҳар як гектар заминро ба 36 сентнерӣ расонанд.
Деҳқонони бохтарӣ ният доранд, ки соли ҷорӣ 30 ҳазор тонна пахта ҷамъ оваранд. Имрӯзҳо дар ҷадвали пахтасупории вилоят кишоварзони ноҳия яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намудаанд, ки ин исботи ягонагии қавлу амали онҳост.
Масъули гӯша Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА.
Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91