Хабарҳо аз кишвар

№74 (3220) 08.07.2014

Таваҷҷуҳи вакилон ба иҷрои қонунҳо

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНов, «Садои мардум»)  Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи  вилоят барпо гардид, ки дар он  рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»  ва дигар  масъалаҳои мубрами рӯз  баррасӣ  гардид.  Ҳамчунин дар Иҷлосия  ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоят Саидмӯмин Мусоев  «Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 6-уми январи соли 2005 таҳти  №2 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2004 таҳти  №469 «Дар бораи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» шунида шуд.

 Нархҳо дастрасанд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади бо таври сунъӣ боло набурдани нархи маводи хӯрока дар моҳи шарифи Рамазон ва пешгирии ин амали номатлуб аз ҷониби бархе аз савдогарон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии шаҳри Кулоб тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта  рӯзи чоршанбе дар назди бозори «Саховат» — и шаҳр ярмарка -  фурӯши маводи хӯрокаро ба роҳ монад. Ҳафтаи дуюм аст, ки чунин ярмарка баргузор мегардад ва сокинони шаҳр маводи хӯрокаи дилхоҳашонро бо нархи дастрас харидорӣ  менамоянд.

 Ҷамъоварии картошка  оғоз гардид

РӮДАКӢ.(Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Имкониятҳо ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хеле зиёд аст. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 3600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад, ки дар ихтиёри худ беш аз 20 ҳазор гектар замин доранд ва ҳар порчаи онро самараноку оқилона истифода бурда, дар як сол ду ҳосил мегиранд.

Соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия дар майдони  464  гектар картошка кишт намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Чортеппа» ва «Сарикиштӣ»  аз ҳар гектар замин то 300 -340 — сентнерӣ ҳосил бардоштанд. То имрӯз дар ноҳия аз майдони 259 гектар шаш ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои пойтахт ворид карда шудааст. Айни ҳол ҷамъоварии ҳосил  идома  дорад.

 Пули нав мушкилоти мардумро осон кард

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»)  Бо ибтикори марди саховатпеша Ҳоҷӣ Маҳкамбой Пӯлотов ва  писаронаш  дар деҳаи Кунҷоки Болои деҳоти  «Нофароҷ»  пули нав бунёд гардид.  Дарозии он 12 метр ва баландиаш аз дохили сой 8 метр буда,  иқтидори борбардориаш 30 тонна мебошад.

Бо сабаби набудани чунин    гузаргоҳ  солҳои зиёд сокинони деҳоти «Навобод», «Сармисолиқ», «Уроқлӣ», «Қармиш» ва «Кунҷоки ӯзбак»  зиёда аз ним километр масофаро тай карда,  ба соҳили дигари сой мегузаштанд.

 Кӯчаи марказӣ чароғон  шуд

БАЛҶУВОН. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кӯчаи марказии ноҳияи Балҷувон, ки 900 метр дарозӣ дорад, бо қувваи коргарони Корхонаи фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияи Балҷувон чароғон карда шуд. Барои  иҷрои ин амали хайр 30 ҳазор сомонӣ маблағ сарф  гардидааст.

 Таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ

ҲИСОР. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳия чор маркази ҳунаромӯзӣ  таъсис дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ муовини  якуми  раиси ноҳия Ҳафтандил Азимов, муовини  якуми  директори  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Б. Абдураҳмонов  ва роҳбари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон  Саидмаҳдӣ Ибодӣ ширкат варзиданд. Ин марказҳо бо иқдоми кумитаи мазкур ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба фаъолият шурӯъ карданд. Бояд зикр кард, ки дар ҳар давраи омӯзиш, ки  ҳар давра ду моҳ идома меёбад, дар марказҳои мазкур  ҳудуди  50 нафарӣ ҳунарҳои дӯзандагӣ, лӯлакашӣ, кафшергарӣ  ва  кор бо компютерро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома  мегарданд.

 Ифтитоҳи бинои нави мактаб

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Чанде пеш бо  иштироки раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами          75–и деҳоти «Чашмасор»  ифтитоҳ ёфт.

Сохтмони бинои мазкур, ки  соли гузашта оғоз ёфта буд,  бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо харҷи ду миллион сомонӣ қомат афрохтааст. Мактаб барои  240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Акнун хонандагон метавонанд  дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ таҳсил намоянд.

 Боз як маҷмааи истироҳатӣ ба фаъолият оғоз кард

ВАҲДАТ.(Муҳаммад ЗОКИР,  «Садои мардум») Бо ибтикори роҳбарият ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар дараи Ромит боз як маҷмааи фароғативу истироҳатӣ  бо номи  «Уқобак» ба истифода дода шуд.  Иншооти мазкур бо харҷи беш аз ҳашт миллион сомонӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Оянда дар ин ҷо  барои истироҳати хуби насли наврас ва кормандони мақомоти мазкур сохтани  ҳавзи шиноварӣ ва дигар иншооти варзишиву хизматрасонӣ  дар назар аст.

 Грантҳои раиси вилоят ба занони ҳунарманд

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд доир гардид. Дар вохӯрӣ  ба 25 нафар бонувони ҳунарманд аз 12 шаҳру навоҳии вилоят, ки дар озмун ғолиб омада буданд, ба маблағи умумии  201 ҳазор сомонӣ грантҳо супорида шуд. Абдураҳмон Қодирӣ  ҳунармандонро таъкид намуд, ки минбаъд дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию  байналмилалӣ  фаъолона ширкат намоянд. Ҳамчунин ба  занҳои ҳунарманд аз номи Сарвари давлат як адад  дастгоҳи гилембофӣ ҳадя  карда шуд.

Филми нав

ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар Киностудияи давлатии  «Тоҷикфилм»  филми нави коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов  бо номи «Муаллим»  ба навор  гирифта шуд. Филми мазкур аз рӯйи сенарияи Сафар Ҳақдодов  омода  гардида, фарогири  мавзӯъҳои мубрами рӯз ва дорои  аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад.  Дар филм ҳунармандони маъруфи кишвар Марат Орипов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Абдукарим Машрабов ва  ҳунарманди эронӣ Маҳноз Афшор нақш  офаридаанд.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.