Хабарҳо аз кишвар

№99 (3245) 26.08.2014

Бозори нав  ва  корхонаи коркарди  ангат дар Ванҷ

ВАНҶ.(Шоҳтолиб Шоҳқосимов, «Садои мардум»)   Дар маркази ноҳия сохтмони бозори нав босуръат идома дорад.   Барои бунёди бозор Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.  Айни ҳол дар ин самт 80 фоизи корҳо ба анҷом  расидааст. Бояд зикр кард,  ки баъди ба истифода додани бозор зиёда  аз 80 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Бо ташаббуси соҳибкор Васила Ғафурова дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳия бошад, сохтмони сехи коркарди ангат идома дорад.   Сохтмони ин корхона  низ дар арафаи анҷомёбист. Баъди ба кор даромадани  корхонаи мазкур дар он ангату дигар гиёҳҳои шифобахш коркард ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мешавад ва дар он зиёда аз  15 нафар занони деҳот соҳиби ҷойи кори доимӣ  мегарданд.

 Рафти ҷамъоварии зироатҳо ва кишти такрорӣ

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»)  Аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки то 18 августи соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ  дар майдони 70,3 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро  гузаронидаанд,  ки ба  94,1 фоизи дурнамо баробар аст.  Бояд гуфт, ки дурнамои кишти такрорӣ 74799 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон то имрӯз майдони  4902 гектар картошка, 16237 гектар сабзавот ва 10066 гектар  полезиҳо  ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар замини кишт мутаносибан 211, 237,6 ва 202,9 сентнериро ташкил медиҳад.  Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то  18 августи  соли 2014 ба миқдори 56,3 ҳазор тонна мева ва  4,2 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 ҳазор тонна  мева ва 1,7 ҳазор тонна ангур зиёд мебошад.

 Амалҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор гардиданд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  тӯли моҳҳои сипаришудаи  соли ҷорӣ  бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хеш дар самти назорати давлатии молиявӣ ва пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ як қатор санҷишҳо гузаронид. Дар ин давра аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур як қатор амалҳои хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб 47 ҳолат, ноҳияи Восеъ 18,  ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шӯрообод панҷ ҳолатӣ, ноҳияи Темурмалик чор ҳолат ва дар ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон ду ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.

 Кӯпруки Башур таъмир мешавад

РӮШОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Роҳи мошингарди  Пастхуф — Хуф дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ва барномаи Ташкилоти байналмилалии  «JIKA»- и давлати Япония оид ба рушди деҳот навсозӣ шуд. Ин роҳи тангу хатарнок, ки ҳашт километр масофа дорад, акнун васеъ ва ҳамвор гардидааст.

Айни замон ягона мушкилот дар ин роҳ кӯпруки мавзеи Башур мебошад, ки ба таъмир ниёз дорад. Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дархости раиси ноҳияи Рӯшон  барои таъмири кӯпрук 30 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

 Ҷамъбасти озмун

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»)  Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабиниҳои гуногун доир гардида истодаанд. Яке аз чунин  чорабиниҳо даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки дар Кохи Лоҳутии маркази вилоят баргузор гардид. Дар он 36 субъекти хоҷагидор ва ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи номгӯйи  маҳсулоти  хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъминоти истеҳсолию техникӣ ва хизматрасонии савдо намунаи дастранҷи худро пешкаши ҳозирин гардониданд.

- Мақсад аз гузаронидани чунин озмун,- мегӯяд И. Вализода — директори Маркази стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон,- баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда мебошад.

 Мушкилоти хонандагон рафъ шуд

РӮДАКӢ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)   Мактаби таҳсилоти  ибтидоии №120, воқеъ дар маҳаллаи  Рӯдакии шаҳраки Навободи ноҳияи  Рӯдакӣ, пас аз таъмири асосӣ  номи муассисаи  таҳсилотии миёнаи  умумиро гирифт.  Барои таъмири муассисаи мазкур мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  180 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуда буд.

То  ин замон  хонандагон дар ин мактаб то синфи чорум  таҳсил мекарданд.  Синфҳои болоӣ бошад,  ду километр  роҳро тай карда, дар мактаби  №54- и  ҳамсоядеҳа  таҳсил  менамуданд. Акнун ин   мушкили  онҳо аз байн  рафт. Бинои мактаб аз ду ошёна  иборат буда, ҳашт синфхона,  як хонаи муаллимон ва  ду ҳуҷраи корӣ дорад. Дар таъмиру сохтмони муассиса кумитаи падару модарон низ  саҳми арзандаи худро  гузоштанд.

 Вазъи  оби  нӯшокӣ  беҳ  мешавад

МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Кашидани хати оби нӯшокӣ барои 108 хоҷагии деҳаи Дегрез ва  34 хоҷагии  деҳаи Лиҷаки  деҳоти  «Чилдухтарон», ки яке ба маблағи 300 ҳазор сомонию дигаре бо харҷи 106 ҳазор сомонӣ бо  маблағгузории Ташкилоти байналмилалии Каритас- Швейтсария ба анҷом расидааст,  мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон сокинони  деҳаи Заркамари деҳоти «Кулчашма»  тавассути маблағгузории хазинаи Оғохон ва як қатор кӯчаҳои маркази ноҳия бо дастгирии молиявии Ташкилоти байналмилалии «ОКСФАМ»- и Британияи Кабир бо хати оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Кашидани хати оби нӯшокӣ дар дигар деҳу маҳаллаҳои аҳолинишини  ноҳия идома дорад.

 Шоми пурмеҳру сафо

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Шоми  рӯзи 22-юми августи соли 2014  дар майдони назди  Нишони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини ҳунарӣ баргузор гардид.

Сокинону  меҳмонони  пойтахти кишварамон  дар ин шоми  пурмеҳру сафо  ба сайругашти  оммавӣ баромада,  шукрона  аз даврони соҳибистиқлолии  Тоҷикистон мекарданд. Ин чорабинии идона   бо ибтикори  Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иштироки  ситораҳои  эстрадаи тоҷик  гузаронида шуд.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.