«Рӯзи китоб» дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе. (Хайрулло Шарипов, «Садои мардум») Чоруми сентябр бахшида ба «Рӯзи китоб» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҳафтаи китоб эълон шуд. Ба ин муносибат то ҳафтуми сентябри соли равон чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ гузаронида мешавад. Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ директори Муассиса Носирҷон Салимов ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек ширкатдоронро бо иди «Рӯзи китоб» табрик намуда, аз ташвиқу тарғиби китоб, ки моро аз бадиҳо бозмедорад ва ба хайру хубӣ ҳидоят мекунанд, сухан ронданд.
Пахтачинӣ суръат мегирад
ХАТЛОН. (Давлат Султонов, «Садои мардум»). Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид, ки рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо мекунад. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят деҳқонони қавииродаи хатлонӣ дар мавсими имсола ният доранд, ки беш аз 268 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.Кишоварзони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз пешсафони маъракаи имсолаи ҳосилғундорӣ маҳсуб меёбанд. Тибқи омори пешакӣ онҳо то имрӯз ба андозаи 23 — 25 фоизи дурнамои солонаи ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намудаанд. Пахтакорони ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Румӣ, Фархор, Қумсангир низ имрӯзҳо ба қатори пешсафон наздик шуда истодаанд.
Таҷдиди кӯпруки сойи Тебалай
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кӯпруки назди бозори «Саховат», ки рӯйи сойи Тебалай қарор дораду қисмати шимолу ҷануби шаҳрро бо ҳам мепайвандад, аз ҷониби Ширкати туркии «ТЕКАR» бозсозӣ мешавад. Бозсозии кӯпрук дар доираи бунёди роҳи «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» сурат мегирад ва онро Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Арабистони Саудӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд
Кори хайри соҳибкор
ФАЙЗОБОД. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар деҳаи Кенҷаободи ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси ноҳия Имомназар Каримиён хишти аввали мактаби ибтидоӣ гузошта шуд. Сохтмони мактабро бо маблағи як миллион сомонӣ соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Ғафуров ба уҳда гирифтааст ва ният дорад, ки онро дар муҳлати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Бояд зикр намуд, ки хонандагони деҳаи мазкур солҳост, ки масофаи зиёдро тай намуда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи ҳамсоя мераванд.
Мактабҳои нав бунёд меёбанд
ЁВОН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар арафаи соли нави таҳсили 2014-2015 дар ноҳия 52 синфхонаи нав мавриди истифода қарор дода шуд ва сохтмони 20 синфхонаи дигар идома дорад.
-Ҳамчунин дар маркази шаҳраки Ёвон, деҳаҳои Муллобаротӣ, Меҳнатобод ва Даҳана мактабҳои нави замонавӣ бунёд меёбанд. Алҳол дар 80 мактаби ноҳия 44518 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд,- гуфт ба хабарнигорамон сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Файзиддин Раҷабов.
Пойгоҳҳои обкашӣ таъмир шуданд
РӮШОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бахши беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бехавф гардондани рӯдхонаи Рож 1 ва 2, Шуҷанд, ки ҳамасола аз офати табиӣ зарар медиданд, иқдом намуданд. Пойгоҳҳои обкашии ноҳия, махсусан деҳаҳои Баррӯшон ва Дерзуд, ки дар ҳолати корношоямӣ қарор доштанд, аз таъмири асосӣ баромаданд. Тибқи иттилои сардори бахши беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Хуҷаазиз Мируллоев, дар ноҳия 12 насосҳои обкашӣ мавҷуд аст, ки нуҳ адади он пурра аз таъмир бароварда шудаанд.
Ипподроми нав дар Султонобод
РӮДАКӢ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи асппарварӣ дар мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони ипподроми ҷумҳуриявӣ дар майдони 22 гектар босуръат идома дорад. Сохтмони мазкур дар доираи соҳавӣ амалӣ гардида истодааст. Ҳамчунин ба хотири рушди соҳа барои Корхонаи воҳиди давлатии «Асппарвар» 20 сар аспи хушзот харидорӣ шуд. Аз ин корхона минбаъд аспҳои беҳтарин барои хушзотгардонӣ ба хоҷагиҳои дигари асппарварии ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.
Сифати маҳсулоти ширӣ беҳтар мегардад
ШАҲРИНАВ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар назди Ассотсиатсияи байторони ноҳияи Шаҳринав нуқтаи мутамаркази қабул, нигаҳдорӣ ва фурӯши шир таъсис ёфт. Дар ин ҷо таҷҳизоте мавҷуд аст, ки маҳсулоти шириро дарҳол санҷида, сифати онро муайян менамояд. Минбаъд қимати шир аз рӯйи сифати он муайян карда мешавад. Ҳамчунин дар марказ сардхона мавҷуд аст, ки дар ин ҷо зиёда аз ду тонна шир то ба фурӯш баровардан муваққатан нигоҳ дошта мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷо коргоҳи хурди коркарди маҳсулоти хӯроки чорво низ таъсис дода шудааст.
Ёди шоир
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди шоир, нависанда ва публитсист Собир Зикирзодаи Шоҳонӣ доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, адибону олимон ва ходимони ҷамъиятӣ оид ба ҷанбаҳои мухталифи осори мондагори Собир Зикирзодаи Шоҳонӣ изҳори назар карданд. Дар маҳфил ҳамчунин «Куллиёти осор» -и номбурда, ки ба тозагӣ дар нашриёти «Дунёи нав» аз чоп баромадааст, барои ҳозирин муаррифӣ гардид.
Мусобиқа барои ҷоизаи Нуралӣ Одинаев
ХОРУҒ.(Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди волейбол байни бонувон барои соҳиб шудан ба ҷоизаи Нуралӣ Одинаев баргузор шуд, ки дар он тимҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд. Волейболбозони вилояти Суғд дар ин мусобиқа маҳорати хуб нишон дода, соҳиби ҷойи аввал ва ҷоиза гардиданд. Ҳамчунин ғолибон ва варзишгарони беҳтарини мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.