Омодагӣ ба мавсими сармо
Қӯрғонтеппа. (Давлат Султонов, «Садои мардум») Бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва намояндагони вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаю муассисаҳои вилоятӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар он омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи фавқуззикр муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода суханронӣ карда, минҷумла зикр намуд, ки аксари муассисаҳои томактабию мактабӣ ва соҳаи тандурустии вилоят бо ангишт, ҳезум ва генераторҳо таъмин шудаанд. Бо ин мақсад дар ҳудуди вилоят 126 нуқтаи фурӯши гази моеъ, 589 нуқтаи ангиштфурӯшӣ ташкил шудааст.
Рӯзи устод Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум») Ҳамасола 22-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил мегардад. Ба муносибати бузургдошти Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили шеъру тарона бо ширкати донишмандон баргузор шуд. Маҳфилро директори китобхона Носирҷон Салимов оғоз бахшид. Баъдан адибон перомуни ҳаёту эҷодиёти ин қофиласолори назм суханронӣ намуданд.
Давраҳои омӯзишӣ барои чорводорон
ШАҲРИНАВ. (Раҳмоналии ПардАалӣ, «Садои мардум») Дар Маркази таълимии Ассотсиатсияи байторони ноҳияи Шаҳринав давраҳои омӯзишӣ барои чорводорон оғоз ёфт. Дар ин ҷо зиёда аз 100 нафар чорводор аз устодони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур, Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мутахассисони варзида дарсҳои омӯзишӣ гирифтанд.
Ҳадафи мо баланд бардоштани савияи дониши чорводорон, боз ҳам хубтар кардани фаъолияти мутахассисони соҳаи байторӣ, сари вақт гузаронидани сӯзандору ва пешгирии бемориҳои гуногуни чорво ва ба ин васила дар сиҳатии аҳли ҷомеа саҳм гузоштан аст,-иброз дошт раиси Ассотсиатсияи байторони ноҳияи Шаҳринав Аслиддин Ҳамдамов.
Қадрдонии журналист
ДУШАНБЕ. (Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум») Дар толори КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоиза ба хабарнигори рӯзномаи «Народная газета» Салимахон Ваҳҳобзода аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Ҷоизаро аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Қазоқистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агибай Смагулов тақдим намуд.
Грантҳо барои рушди ҳунарҳои миллӣ
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Ба наздикӣ 15 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла панҷ грант (ҳар яке панҷ ҳазор сомонӣ) барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, панҷ грант ( ҳар яке се ҳазор сомонӣ) барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва панҷ грант (ҳар яке се ҳазор сомонӣ) барои рушди ҳунари адрасбофӣ ба занони ҳунарманд супорида шуд. Дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи грантӣ лоиҳаи 15 нафар занони ҳунарманд ғолиб дониста шуд. Дар маросими супоридани грантҳо зикр гардид, ки раванди амалишавии лоиҳаҳо пайгирӣ карда мешавад.
Саҳмгузории соҳибкорон дар бунёдкориҳо
КОНИБОДОМ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Конибодом ду иншооти муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тарабхонаи «Тоҷи Канд», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Пӯлодҷон Каримов ва Фаррухҷон Одилов сохта шудааст, дар вазъияти ботантана бо иштироки роҳбарияти шаҳр ифтитоҳ ёфт.Ҳамзамон, дар шафати ин бино, дар зербинои Маркази савдои «Асхиён» толори варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Толори варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Зулфия Пӯлодова бунёд ёфтааст.
Боз як мактаби нав
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)Рӯзи 9- уми сентябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар деҳаи Навкенти деҳоти «Зарҳалол» бинои нави дуошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур бо сарфи зиёда аз ду миллион сомонӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Созанда»- и шаҳри Истаравшан бунёд гардид, ки иборат аз даҳ синфхона ду ҳуҷра барои омӯзгорон аст. Мактаб барои 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ ба хонандагон чор баста компютери нав туҳфа кард.
Ҳашар баҳри ободонии роҳ
НУРОБОД. (Комёри РАҲМОН, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод тасмим гирифтааст, ки дар маркази шаш деҳоти ноҳия як километрӣ роҳро мумфарш намояд. Дар ин амали хайр соҳибкорони ноҳия низ саҳм гузоштанд. Дар натиҷа, роҳи маркази деҳоти «Комсомолобод» дар масофаи 1,2 км мумфарш гардид. Айни ҳол мумфаршсозии роҳи яккилометраи маркази деҳоти «Муҷихарф» идома дорад. Ин амал сокинони деҳоти «Комсомолобод» -ро рӯҳбаланд гардонид ва онҳо барои обод нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди маҳаллаҳои худ ба ҳашар баромада, роҳҳоро ҳамвор ва сангфарш намуданд.
Бунгоҳи тиббӣ барои се деҳа
ТОҶИКОБОД.(Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар деҳаи Миразиёни деҳоти «Қалъаи лаби об» — и ноҳияи Тоҷикобод бунгоҳи тиббии наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Бунгоҳи мазкур бо маблағгузории Бунёди Оғохон бо маблағи 220 ҳазор сомонӣ сохта, бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Акнун кормандону табибони бунгоҳ барои садҳо нафар сокинони деҳаҳои Миразиён, Дараи Нозарак ва Ғанишоб кумаки аввалияи тиббӣ хоҳанд расонд.
Гиромидошти ҷанговар
ҲИСОР. (Ҳ. Раҳмоналӣ, «Садои мардум») Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56- и ноҳияи Ҳисор ба номи ҷанговари интернатсионалист Абдуманнон Ҳамзаев номгузорӣ гардид. Абдуманнон Ҳамзаев дар яке аз набардҳои шадиди ҷанги Афғонистон соли 1985 ҳалок шудааст. Ба ӯ баъди маргаш ордени «Байрақи сурхи меҳнат» дода буданд. Инак, хонандагони мактаб ва омӯзгорону ҳамдиёрони ӯ барои гиромидошти хотирааш мактабро низ ба номи ӯ гузоштанд.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ Ҳабибов. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.