Нашри дуюми «Китоби сурхи Тоҷикистон»
ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Чанде пеш дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссия оид ба ҳайвоноту набототи нодир, ки зери хавфи маҳвшавӣ қарор доранд, доир гардид. Дар ҷаласа мутахассисони кумитаи мазкур, коршиносону олимони институтҳои ботаника, физиологияву генетика ва зоологияву паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Зимни ҷамъомад доир ба заминаҳои асосӣ барои таҳия ва нашри дуюми «Китоби сурхи Тоҷикистон», рӯйхати намудҳои нодир ва зери хавфи маҳвшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот, ки бори аввал ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид карда мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мулоқот дар Зархок
ИСФАРА. (Мухтори АБДУЛЛО) Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти масъулин бо мардуми деҳаи Зархоки деҳоти «Хонобод» сурат гирифт. Дар мулоқоти мазкур, ки бо ширкати беш аз 200 нафар доир шуд, муовини раиси шаҳри Исфара Мавзуна Шарофиддинова оид ба масоили ҳалталаби маҳал ва корҳои то ин дам ба сомон расонидашуда ҳарф зад. Ёдрас гардид, ки масъулин аз ҳолу аҳвол ва рӯзгори мардум бохабаранд. Ҳалли мушкилот, беҳтар кардани шароити кору рӯзгор ва бунёди иншооти нави маишиву хизматрасонӣ, таълимиву коргоҳҳо зери назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр қарор доранд. Сипас, байни ҳозирин саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ба масоили мубрами рӯз дахл дошт.
Ҷоизаи байналмилалии «Лаку Пак»
ҚӮРҒОНТЕППА. (Х.Шарипов, «Садои мардум») Чанде пеш дар Фестивали V байналмилалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо намоишномаи ҳаҷвии «Лаку Пак» (аз рӯи асари А. Қодирӣ, И. Усмонов) ширкат намуда, бо Ифтихорнома ва «Диплом»-и махсуси ҷашнвора дар бахши «Ҷуфти беҳтарини актёрон» қадрдонӣ шуданд. Сафари ҳунарӣ бо дастгирии молиявии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комилҷон Мирзоалиев сурат гирифт.
Нархи орд аз 200 сомонӣ то 135 сомонӣ коҳиш ёфт
РӯШОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони вилоят дастрас намудани орд, намак, шакару биринҷ ва дигар маводи озуқа дар деҳоти болооби «Бартанг» нархи онҳоро аз 30 то 50 фоиз коҳиш дод. То ин дам соҳибкорон нархи як халта ордро дар деҳаҳои Савноб, Ғударав ва Рошорв бо арзиши беш аз 200 сомонӣ ба фурӯш монда буданд. Дурӣ ва тангу пурхатар будани роҳ монеи ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм ба ин минтақа шудааст ва танҳо автомошинаҳое, ки иқтидори борбардории то панҷ тоннаро доранд, ба деҳоти дурдасти «Бартанг» орду дигар маводи озуқа дастрас карда метавонанд. Дар «Бартанг» теъдоди оилаҳои камбизоат нисбат ба дигар минтақаҳои Бадахшон бештаранд.
-Таъмини оилаҳои ниёзманд ва то дараҷае ба танзим даровардани нархи молҳои ниёзи аввалияи мардум аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо мебошад, — гуфт намояндаи Агентӣ дар вилоят Аламхон Убайдуллохонов.
Меҳмонхонаи шашқабата месозанд
ДАРВОЗ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») -Бунёди меҳмонхонаи шашқабата дар маркази ноҳия тақозои замон аст, — мегӯяд раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонов. Меҳмонхона дорои 28 ҳуҷра буда, дар як вақт то 50 нафарро қабул карда метавонад.
Ҳамчунин дар маркази ноҳия бунёди осорхонаю китобхона низ идома дорад. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, ки ҳафтае қабл дар ноҳияи Дарвоз қарор дошт, аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дод.
Бунёдкорӣ дар авҷ
ЁВОН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар ҳудуди деҳоти «Даҳана» корхонаи коркарди пахтаи «Рамзи Аминҷон» сохта ба истифода дода шуд. Дар корхона айни ҳол беш аз 80 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд ва дар ин ҷо дар як сол 15 ҳазор тонна пахта коркард карда мешавад. Фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» бошад, дар маркази ноҳия қомат рост кард, ки 200 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардонад ва дар оянда ин рақам ба 800 нафар расонида мешавад. Инчунин дар ҳудуди деҳоти «Даҳана» ва ба номи Г. Юсуфова гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба фаъолият омода гардиданд. Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Файзиддин Раҷабов иттилоъ дод.
Ҳашар дар саҳро
СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ҳар соати офтобии фасли тирамоҳ ғанимат аст ва пахтакорони ноҳия ният доранд, ки имсол ба хирмани Ватан зиёда аз 13400 тонна «тиллои сафед» зам намоянд. Барои кумак ва дастгирии деҳқонон аз корхонаву ташкилот ҳашарчиён дар рӯзҳои истироҳатӣ ба саҳро баромада, пахта мечинанд. Аксари роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар ин маъракаи ҳосилғундорӣ фаъол мебошанд. Раисони шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо аҳолии қобили корро тарғибу ташвиқ карда, ба саҳро барои то пағаи охирин чидани «тиллои сафед» ҳидоят менамоянд. Аз ин маърака кормандони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар канор намонда, сарҷамъона ба пахтачинӣ баромаданд.
«Корвони саломатӣ» дар Сари Хосор
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Соли дуюм аст, ки Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб барои сокинони дурдасти манотиқи кӯҳистон, ки эҳтиёҷ ба кумаку ташхиси тиббӣ доранд, фаъолияти «Корвони саломатӣ»-ро ба роҳ мондааст.Ба корвони саломатӣ беҳтарин табибон шомил шудаанд, ки сари чанд вақт ба мавзеъҳои дурдасти аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод, Шӯрообод ва Темурмалик омада, беморонро муоина карда, онҳоро бо доруҳои ройгон таъмин менамоянд.
Ҳафтаи гузашта «Корвони саломатӣ» бо сарварии сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Миралиев ба мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон сафар намуд. Дар ин сафар онҳо 20 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати мавзеи Сари Хосорро хатна намуда, ба 200 нафар сокинони деҳаҳои Боғи Зоғон, Шайдон, Пештова ва ғайра кумаки тиббӣ расониданд.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.