170 нафар «Чароғи ҳидоят»-ро хатм кард
ДУШАНБЕ (АМИТ «Ховар»). Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳо ва кормандони кумита ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи директори Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» С. Расулова баррасӣ гардид. Мавсуф иброз дошт, ки мақсади асосии фаъолияти марказ ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонии марказ, таъмини босифати таҳсилоти муосир, тарбияи донишҷӯдухтарон дар асоси арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои парастории донишҷӯдухтароне, ки аз волидайн маҳрум мондаанд, мебошад. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази мазкурро давоми шаш соли фаъолияташ 170 нафар духтарон хатм намуданд.
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд
ҶИРГАТОЛ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки дар он ҳафт корхонаю муассиса ва дигар корфармоён иштирок доштанд. Ба ярмарка 54 ҷойи кор бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф пешниҳоди корҷӯён гардид.
Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷиргатол Маҳмадшариф Раҳматуллоев иттилоъ дод, дар ярмаркаи баргузоршуда ба 18 нафар корҷӯён бо ҷойи доимии кор таъмин намудан тавсия дода, 20 нафар ҷавондухтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Омӯзгор соҳиби Шоҳҷоиза
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ассотсиатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон имсол бори дувум озмуни бонуи соҳибкори солро бо номи «Фараҳ-2014» доир намуд. Бояд гуфт, ки мақсад аз ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба рушди соҳибкории занон, дарёфти роҳҳои мушкилоти шуғли занону духтарон, муайян намудани соҳибкорбонувони варзида ва табодули таҷриба байни онҳост. Бино ба иттилои раёсати маорифи шаҳр директори муассисаи таълимии ғайридавлатии №1 Муҳаббат Ҷабборалиева дар ин озмун ширкат варзида, аз рӯйи номгӯйи хизматрасонии тиббию таълимӣ ғолиби озмун- соҳиби Шоҳҷоиза ва даҳ ҳазор сомонӣ гардид.
Туҳфаи раиси вилояти Суғд
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов барои 14 муассисаи таълимии ноҳия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 496 адад миз ва 992 адад курсиҳо барои хонандагон дастрас гардидааст. Инчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудани 450 адад мизу курсиҳои дигар низ дар нақша аст. Дар мавриди дастрас шудани онҳо мушкилоти нарасидани мизу курсиҳо барои хонандагон дар ноҳия пурра аз байн меравад.
Сӯхтор дар марказҳои савдо
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО) Шаби 15 ба 16 –уми ноябри соли равон дар марказҳои савдои «Тоҷир», «Барфаки Хуҷанд», «Баҳор» ва «Сино» сӯхтор ба амал омад. Дар ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои муайян намудани сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми хисороти молӣ бо дастури раиси вилоят комиссияи махсуси босалоҳият таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов таъсис дода шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ ва эҳтимолӣ сӯхтор соати 22 оғоз ёфта, то соати 0130 — и санаи 16 ноябр давом кардааст. Барои хомӯш намудани оташ аз 20 адад нақлиёти Хадамоти сӯхторнишонии вилоят истифода бурда шуд. Аз ҷониби Прокуратураи вилоят ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ оид ба сар задани сӯхтор оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Бозёфти нави археологӣ дар Карон
ДАРВОЗ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар мавзеи қалъаи қадимаи Карони ноҳияи Дарвоз дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ бозёфтҳои нав дарёфт гаштанд, ки аз тамаддуни қадимаи тоҷикон дарак медиҳанд. Бо неруи кормандони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол аст, ки дар ҳудуди харобаҳои ин қалъаи қадима ҳафриёт гузаронида мешавад. Нахуст аз зери хок се иншооти муҳим- бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об дарёфт шуд. Ин бозёфтҳо, сарфи назар аз гузашти асрҳо, қисман шаҳомати худро нигаҳ доштаанд. Ба наздикӣ аз зери қабати ғафси хок боз як бозёфти дигар ба даст омад. Аз диди яке аз мутасаддиёни кофтуковҳои археологӣ Ҳайдаршоҳи Акбаршоҳ шояд ин бозёфти нав расадхона бошад, ки аз фарҳанги волои маскунони шаҳри қадимаи Карон дарак медиҳад.
Бинои Маркази ташхиси техникӣ ба истифода дода шуд
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Амрихудои Дамдор ва раиси шаҳр Фаромӯз Имомбердиев бинои Маркази ташхиси техникӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин ҷо барои аз муоинаи техникӣ гузаштани тамоми намудҳои нақлиёти автомобилӣ таҷҳизоти муосир васл гардида, мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд. Амрихудои Дамдор кормандони Марказро барои соҳиб гардидан ба чунин бинову таҷҳизоти муосир табрик гуфта, иброз дошт, ки қисми зиёди садамаҳои нақлиётӣ, ки дар қаламрави вилоят рух медиҳанд, ба нуқсонҳои техникии нақлиёти мусофирбару боркаш алоқаманд аст ва барои он ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд, барои кормандони Марказ шароити хуб фароҳам оварда шуд.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.