Хабарҳо аз кишвар

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

Маҷмааи намоишгоҳии байналмилалӣ бунёд меёбад

ДУШАНБЕ.  (Бурҳониддин  КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар шаҳри Душанбе Маҷмааи намоишгоҳи байналмилалӣ бунёд меёбад. Ин аз ҷумлаи қарорҳои муҳиме буд, ки зимни ҷамъбасти фаъолият дар соли 2014 Шӯрои кории  Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) қабул кард.

Зимни мулоқот бо раиси Раёсати Шӯрои кории  СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, ки ба наздикӣ дар шаҳри Остонаи пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Котиби генералии СҲШ Дмитрий Мезенсев таҳияи лоиҳаи Маҷмааи намоишгоҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда, иброз дошт, ки он аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва онҳо дар амалӣ гардидани лоиҳа саҳм хоҳанд гузошт.

Тавре аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар шаҳри Остона ҳамзамон мулоқоти  Шариф  Саид бо раиси бахши миллии Шӯрои кории СҲШ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, раиси Раёсати Форуми соҳибкорони ин кишвар Раимбек Баталов доир гардид ва ӯ низ иқдоми таҳияи лоиҳаи бунёди Маҷмааи намоишгоҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ кард.

 ВАО ва сиёсати давлатии ҷавонон

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»)  Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии ҷавонон» доир гардид.  Муовини раиси Кумита  Қиёмиддин Миралиев  зимни суханронии хеш зикр кард, ки мақсад аз баргузории  мизи мудаввар рушди ҳамкорӣ бо ВАО мебошад, зеро андешаҳои рӯзноманигорон барои  васеъ инъикос намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.  Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорон ва донишҷӯёни соли якуми факултети забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иштирок доштанд.

 Мулоқоти муфид

ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар Ҷамоати деҳоти «Ворух»  мулоқоти масъулини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят бо  аҳолӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони ташкилотҳои зикргардида З.Мирдодоев, С.Аҳмадов ва М.Тошматова оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон, аҳдофи ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ва ғайра андешаҳои худро баён доштанд.

 Семинарҳои омӯзишӣ

РӮШОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)   Дар маркази ноҳия  бо масъулини соҳаи ҷангалпарварӣ ва хоҷагиҳои хусусии алоҳидае, ки ба ин касб шуғл меварзанд,  семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Иштирокчиёни семинар дар доираи «Барномаи дастгирии ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» асосҳои илмӣ, амалӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии соҳаро дар шароити кӯҳистон омӯхта , маълумоти мушаххас гирифтанд.  Собиқадори соҳаи  ҷангал,  раиси Раёсати ҷангали ВМКБ Абдулназар Абдулназаров доир ба аҳамияти ҷангал дар шароити кӯҳистон ва роҳҳои нигаҳдории он маълумот дод.

 Сабзавоти тару тоза ба бозор

ЁВОН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)   Дар ноҳия соли ҷорӣ бо ҷалби сармоягузории Ширкати «Сзинян Инхай»-и  Ҷумҳурии Халқии Хитой дар майдони 34 гектар 135 адад гармхона бунёд гардид, ки алҳол дар 50 адади онҳо сабзавоти тару тоза парвариш карда мешавад. Ҳамзамон соҳибкорони маҳаллии  ҶДММ «Воҳиди Саид» дар майдони ду гектар чор адад гармхонаро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар натиҷа, айни ҳол ҳамарӯза аз гармхонаҳои ноҳия бештар аз ду тонна бодиринг, помидор, боимҷон ва кабудиҳои гуногун дар бозорҳои ноҳия, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

 Маркази нави ташхисӣ

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар Маркази ташхиси минтақавии беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ бори нахуст ташхиси дилу рагҳои хунгард роҳандозӣ  гардид.  Дар ин таҷрибаи аввалин, ки дар миқёси вилоят бо истифода аз таҷҳизоти муосир  сурат гирифт, кормандони Марказро мутахассисон аз муассисаҳои тиббии  Федератсияи  Россия ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Америка ҳамроҳӣ намуданд. Инак,  имкон  фароҳам омад, ки бемории дил ва рагҳои хунгард дар маркази вилоят пурра муайян гардида, тибқи нишондод беморон ба табобат фаро гирифта шаванд. Тамоми амалиёт тавассути компютер идора мешавад ва натиҷаи ташхисро ин дастгоҳи замонавӣ дар муддати кӯтоҳ, хеле дақиқ  муайян менамояд.

 Беҳтарин китобдори соли 2014

СУҒД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Озмуни  «Беҳтарин китобдори соли 2014»,  ки бо ташаббуси  Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят созмон дода шуда буд, ҷамъбаст гардид. Дар он довталабон аз рӯи панҷ шарт — муаррифӣ ва шарҳи дастурамал, вазифаҳои хидматӣ, қироати шеър  аз мероси классикон, саволномаҳо доир ба рӯзгору осори шоирону нависандагони машҳур, сиёсатмадорон, арзишҳои сиёсиву таърихии истиқлолият, барномаи кории китобхонаҳо оид ба ҷашнҳои сиёсиву таърихӣ баромад карда, маҳорату истеъдод нишон доданд.  Аз рӯи ҷамъбаст ҷойи аввал  ба китобдори китобхонаи марказии  ноҳияи Ҷаббор Расулов Бунафша Шарифова, ҷойи дуюм ба китобдорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гулбибӣ Саидова ва ноҳияи Мастчоҳ Аҳмад Аҳмадов ва ҷойи сеюм ба китобдори китобхонаи марказии шаҳри Исфара Сайфура Ҳакимова насиб гардид. Шоҳҷоизаи озмун насиби китобдори китобхонаи марказии ноҳияи Ғончӣ Дилором Намозова шуд.

Масъули гӯша  Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.