Ҳамкориҳои самаровари фурудгоҳ бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ
КӮЛОБ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои зичу самаровар бо ширкатҳои ҳавопаймоии дохилию беруна тавонистанд, ки соли 2014-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд. Онҳо дар давоми сол тавассути 796 хатсайр 107097 нафар мусофиронро интиқол ва 101212 нафарро қабул намуданд, ки дар маҷмӯъ, теъдоди мусофирон ба 208309 нафар расонида шуд.
–Даромади солонаи фурудгоҳ 33 миллиону 360 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки аз ин ҳисоб 12 миллиону 296 ҳазори он даромади соф маҳсуб меёбад. Аз ин ҳисоб ба Буҷети давлат 6 миллиону 734 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Музди миёнаи кормандони техникию хоҷагии фурудгоҳ ба 1531 сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам нисбати соли қаблӣ ба андозаи 103 сомонӣ зиёд мебошад,- мегӯяд директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» Алӣ Комилов.
Нархи бензин поён рафт
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар асоси дастури раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба сохторҳои марбутаи вилоятӣ, аз ҷумла шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилоят, нархи бензин дар нуқтаҳои бензинфурӯшӣ аз 0, 3 то 0, 5 сомонӣ поён рафт. Ин дастури раиси вилоят ба он алоқаманд аст, ки гурӯҳи ронандагон аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш бевосита ба роҳбари вилоят муроҷиат намуда буданд. Ҳамин тариқ , дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҶШП «Шарқ» ва ҶДММ «Ориён» нархи як литр бензини навъҳои 92 аз 6 сомониву 80 дирам ба 6 сомониву 50 дирам ва бензини навъи 95 аз 7 сомонию 10 дирам ба 6 сомонию 80 дирам ва нархи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 6 сомонию 20 дирам ба 6 сомонӣ фароварда шуд.
Саноату сохтмон рушд мекунад
ҒОНЧӢ.(Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Корхонаҳои саноатию сохтмонии ноҳия ҳаҷми иҷрои корҳоро дар соли 2014 назар ба соли пешин хеле зиёд намуданд. Аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и деҳаи Ростровут ва № 6-и деҳаи Хӯҷаҳо ба истифода дода шуд. Бо роҳи ҳашари умумӣ ва ҷалби соҳибкорон даҳ синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и деҳаи Басманда ва беморхона барои 50 кат дар деҳаи Ҳазорчашма мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд,- гуфт раиси ноҳия З.М. Исмоилзода
Аз «Бодом» ба «Гули бодом»
КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Собиқ табобатгоҳи «Бодом»- и шаҳри Конибодом, ки ба Ҷамъияти саҳомии «Бодом» тааллуқ дошт, бо номи нави ҶДММ Фароғатгоҳ – табобатгоҳи «Гули Бодом» дарҳои худро ба рӯйи хоҳишмандони истироҳату табобат аз нав боз намуд. Дар ин кор соҳибкор Ф.Ҳомидов ташаббускор шуда, собиқ табобатгоҳро таъмири куллӣ кард ва тамоми таҷҳизоти мавҷударо иваз намуд. Ҳоло табобатгоҳ дорои 38 ҳуҷра буда, тамоми шароити заруриро дорад. Бино ба гуфтаи корманди рӯзномаи шаҳрии «Садои Конибодом» Додоҷон Ализода, дар ин табобатгоҳ 30 нафар кормандони хизматрасон дар як вақт ба 70 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон хизмат мерасонанд.
Олимпиадаи минтақавӣ
Нуробод. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар ноҳияи Нуробод даври минтақавии олимпиадаи мактаббачагон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқату боистеъдоди синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва деҳоти «Сағирдашт» -и ноҳияи Дарвози ВМКБ иштирок карданд.
Ба гуфти ҳайати ҳакамон дар даври минтақавии олимпиадаи мактаббачагон дар ноҳияи Нуробод озмуни хонандагон аз рӯи 12 фанни таълимӣ сурат гирифт, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Нурободу Рашт бо бештари холҳо соҳиби ҷойҳои намоён ва ғолиби даври минтақавии олимпиадаи мактаббачагон гардиданд. Ёздаҳ нафар мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз дар фанҳои алоҳида сазовори ҷойҳои аввал шуда, медал ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд.
Хатнатӯй
ТУРСУНЗОДА. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бо ташаббуси соҳибкорон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хатнатӯйи 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид. Ба ин муносибат дар тарабхонаи «Суруш» дастурхони тӯёна ороста шуд, ки шодиву нишоти кӯдаконро ҳадду канор набуд. Дар баробари барпо намудани тӯй, ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ба кӯдакон сару либос ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Толори нави варзишӣ
ҲИСОР. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 3000-солагии Ҳисор идома дорад. Дар ҳамин замина дар деҳаи Ғӯриёти деҳоти «Навобод»- и ноҳия боз як иншооти наву замонавии ҷашнӣ қомат афрохт, ки он аз толори варзишӣ ва маркази фарҳангӣ иборат аст. Толори варзишӣ дорои имконият ва шароити хуб буда, дар он ба роҳ мондани намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштӣ, таэкван-до, бокс, футболи хурд ва баскетболу волейбол дар назар аст. Ҳамчунин маҷмааи бунёдшуда имкон медиҳад, ки дар он намудҳои варзиши зеҳнӣ, аз қабили шоҳмоту шашка низ ба роҳ монда шавад.
Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.