Иқдом баҳри коҳиши офатҳои табиӣ
ДУШАНБЕ. (Назир НАЗИРОВ, АМИТ «Ховар») Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ташаббуси созмони ҷамъиятии Бунёди дастгирии ибтикороти шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Коҳиш додани хавфи оқибатҳои офатҳои табиӣ тавассути амалияи устувори истифодаи табиат» семинар баргузор гардид, ки дар он коршиносон дар мавзӯъҳои истифодаи замин, чарогоҳҳо, захираҳои об, таҷдиди манбаъҳои энергия, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, усулҳои мубориза бо ҳашароти зараровар ва бемориҳои дарахтони мевадор гузориш доданд.
Қобили зикр аст, ки созмони ҷамъиятии Бунёди дастгирии ибтикороти шаҳрвандӣ бо дастгирии техникии СААД аз моҳи сентябри соли 2014 лоиҳаи коҳиш додани равандҳои эрозияи заминро дар деҳоти «Чорбоғ», «Лучоб» ва «Деҳмалик»-и ноҳия татбиқ намуда истодааст.
Картошкаи бенуқсон дар ВМКБ
ИШКОШИМ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Олимони Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков дар ноҳияи Ишкошим парвариши картошкаи бенуқсонро ба роҳ мондаанд. Барои зиёд намудани тухмӣ ва парвариши ин намуди зироат дар гармхонаҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. То ин замон чор тонна тухмии ин намуди картошка дар ин гармхонаҳо истеҳсол шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнон тақсим гардид. Хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ният доранд, ки имсол танҳо тухмии истеҳсоли худиро мавриди истифода қарор диҳанд.
Шумораи сайёҳон афзуданд
БАЛҶУВОН.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Давоми соли гузашта 72 нафар сайёҳон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Украина, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Швейтсария, Испания, Франсия, Португалия, Чехия, Руминия ва Венгрия ба ноҳия ташриф оварданд. Бояд зикр намуд, ки ин миқдор сайёҳон бори аввал ба қайд гирифта шуданд. Онҳо зимни ташрифи худ аз мавзеъҳои хушманзараи Сари Хосор дидан намуда, тибқи муқаррарот ба шикор машғул гардиданд.
Соҳилнишинон ба орзуи деринаи хеш мерасанд
ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Маҳаллаҳои зиёди деҳоти ба номи Лоҳутӣ дар соҳили рости дарёи Яхсӯ қарор гирифтаанд. Сокинони он ҳамеша орзу доштанд, ки рӯи дарёи Яхсӯ пуле бунёд ва мушкилоти рафтуомадашон ба шаҳри Кӯлоб рафъ гардад. Имрӯзҳо сохтмончиён машғули бунёди пули бесутуне ҳастанд, ки дар он имкони рафтуомади мошинҳои сабукрав низ ба нақша гирифта шудааст.
-Ин деҳаҳо ҳаммарзи шаҳри Кӯлоб буда, то маркази шаҳр 20 километр масофа аст. Набудани пул даҳҳо ҳодисаҳои нохушро ба вуҷуд овард. Ҳоло мо тавассути ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони пулеро ба анҷом расонида истодаем, ки бунёди он орзуи деринаи сокинони соҳилнишини ноҳияамон мебошад,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Нурулло Мирзоев.
Тавлиди сегоникҳо
ВАХШ. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Сокини деҳоти «Машъал»-и ноҳия Фотима Маҳмадова дар шуъбаи таваллуди беморхонаи вилоятии клиникии рақами 1 ба номи Бӯрӣ Воҳидов се тифли зебо ба дунё овард. Тифлакони навзод зери назорати табибони соҳибкасбу варзида солиму бардам таваллуд шудаанд. Ҳар се тифлакон духтарчаҳои зебою дӯстрӯяк буда, боиси хушнудии аҳли хонадон гардиданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш тифлони навзодро бо ғамхории махсус фаро гирифтааст. Тавре муовини сардухтури бемористони мазкур иттилоъ дод, дар соли ҷорӣ ин дуюмин ҳодиса мебошад.
Таъсиси дастаҳои ҳунарӣ дар Кӯлоб
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди бахши фарҳанг аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо дастаҳои ҳунарӣ ташкил карда шуд. Сарварии дастаро ҳунарманди шинохта Саид Холов ва гурӯҳи рақсиро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Садбарг Қосимова ба уҳда доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастаи рақсӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ сару либоси саҳнавӣ харидорӣ гардид.
Муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар Туркия
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Emitt» баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур панҷумин намоишгоҳи калонтарини Аврупо ба ҳисоб рафта, дар он аз 70 кишвари дунё 4000 нафар иштирок доштанд. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт ширкати туристии кишвар, осоишгоҳҳои «Баҳористон» ва «Зумрад» имкониятҳои бойи таърихию фарҳангиамонро дар масоҳати 18м2 муаррифӣ намуданд.Дар доираи намоишгоҳ вохӯрии масъулини ширкатҳои туристии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои туристии Ҷумҳурии Туркия доир гардида, роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва масъалаҳои соҳаи туризми ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Кашфи ёдгориҳои таърихӣ
ҲИСОР. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Чанде пеш аз ҷониби кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии номзади илмҳои бостоншиносӣ Татяна Филимонова дар Қалъаи Ҳисор кофтукоби археологӣ гузаронида, ёдгории таърихии беш аз 4200-сола пайдо шуд.
Дар деҳаи Бӯстони деҳоти «Ҳисор» ду ғори давраи Кӯшониён дарёфт гардида, дар назди Чашмаи «Заъфарон» сутуни давраи юнонӣ-бохтарӣ кашф гардид. Айни ҳол корҳои тадқиқотӣ дар ин мавзеъ идома доранд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.