Гармхонаҳо бозори истеъмолиро ғанӣ мегардонанд
ВАҲДАТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Хоҷагии деҳқонии «Амирӣ», воқеъ дар деҳоти «Чӯянгарон»-и шаҳри Ваҳдат, дорои як гектар замини обӣ мебошад, ки дар 0,25 гектари он гармхона бунёд шудааст. Деҳқонони хоҷагӣ дар ду гармхона помидор кишт карда, то имрӯз наздики панҷ тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол намудаанд. Бунёди чунин гармхонаҳо, агар аз як тараф барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар ҷойҳои нави кориро фароҳам оварда, барои пешбурди зиндагиву рӯзгори коргарони хоҷагӣ кумак мерасонанд.
Истиқболи гарм
ҚӮРҒОНТЕППА. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Муддати як ҳафта дар толори «Кохи Ватан» намоиши молҳои истеҳсоли кишвари Ҳиндустон барпо гардид.
Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо истиқболи гарму самимии хатлониён ва бо рақсу таронаю оҳангҳои марғубу гӯшнавози тоҷикию ҳиндӣ оғоз ёфт.
Дар намоиши мазкур иштирокдорон бо намунаҳои либос, маҳсулоти заргарию сангҳои қиматбаҳо, чой, атру собунҳои хушбӯйи мардуми Ҳиндустон ошно гардида, аз маҳсулоти пешниҳодшуда харидорӣ намуданд.
Чунин кори хайр бо иқдому дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа роҳандозӣ гардид.
Тавре масъулони чорабинӣ иброз намуданд, ин нахустин намоиши молҳои истеҳсоли кишвари Ҳиндустон дар вилояти Хатлон аст.
Ғизодиҳӣ асоси фаровонҳосилист
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияҳои минтақа дар масоҳати беш аз 90 ҳазор гектар зироатҳои гуногуни ғалладонагӣ кишт шудааст. Вобаста ба мувофиқ омадани вазъи обу ҳаво мавсими киштукор ва сари вақт оғоз намудани маъракаи ғизодиҳӣ, сабзиш ва нашъунамои ғалла хуб аст. Аксар хоҷагидорон ба гаронии қимати нуриҳои азотӣ нигоҳ накарда, маҳз аз онҳо истифода намуданро муфиду манфиатовар ва асоси фаровонҳосилӣ медонанд. Алҳол даври аввали ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ дар марҳилаи анҷомёбист.
Афзоиши кишти зироатҳои пешпазак
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имсол хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, бо дарназардошти талабот дар бозорҳои минтақа ва ба ин васила дарёфт намудани манфиати бештар қарор додаанд, ки майдони кишти зироатҳои пешпазакро ба 300 гектар расонанд. Айни ҳол зироатҳои пешпазаки зериплёнкагӣ, аз қабили бодирингу помидор ва тарбузу харбуза нашъунамои хуб доранд.
- Бо андӯхтани таҷрибаи кофӣ дар ин самт хоҷагидорони мо оянда имкон доранд, ки майдони кишти зироатҳои пешпазакро даҳчанд афзун намоянд,- иброз намуд дар суҳбат раиси ноҳия Абдуқодир Вализода.
Мавсими кишт оғоз ёфт
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») -Соли равон мо ба нақша гирифтаем, ки пеш аз муҳлат кишти баҳориро анҷом диҳем. Барои иҷрои ин нияти хайр тамоми шароит фароҳам аст. То имрӯз зиёда аз 100 гектар замини обӣ шудгор карда шудааст ва кишоварзон дар майдони 15 гектари он ғалла кишт кардаанд, — гуфт дар суҳбат сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Абдураззоқ Саломов.
Соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имсол дар масоҳати 1000 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шудааст. Барои таъмини картошкапарварон бо тухмии хушсифат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. То имрӯз аз ноҳияи Ғончӣ 200 тонна ва аз шаҳри Душанбе миқдори зарурии тухмӣ оварда шудааст, ки барои иҷрои нақша кофист.
Маъракаи кабудизоркунӣ идома дорад
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Маркази деҳаи Тоҷикобод бо дарахтони сояафкан ва ороишӣ зинат меёбад. Тибқи қарори раиси ноҳия имрӯзҳо дар саросари ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ идома дорад ва сокинон ба ниҳолшинонӣ машғул мебошанд.
-Имсол, тибқи нақша, дар ҳудуди ноҳия 120 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонида, мешавад, — гуфт дар суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Тоҳирҷон Устоев.
Бояд тазаккур дод, ки сокинони ноҳия дар корҳои ободонӣ хеле хуб ширкат меварзанд.
Комёбиҳои назаррас
ДУШАНБЕ. ( Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)
Хонандагони Литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «Роҳи абрешим» ва 27-умин Олимпиадаи байналмилалии Осиё ва уқёнуси Ором аз фанни математика дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзида, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарафи маорифи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоштанд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи Олимпиадаи байналмилалии «Роҳи абрешим» хонандагони синфи 11-уми литсей Камолиддин Кличев сазовори медали тилло, Фаррух Каримов ва Собирҷон Бобиев сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Тӯйи суннатӣ ва хонадоршавӣ дар Ҷашни Наврӯз
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯзи Аҷам бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорон хатнасури 50 нафар кӯдакон ва тӯйи хонадоршавии 16 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор баргузор гардид. Ин анъана ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои миллӣ чун ҳамовозӣ ба ташаббус ва ғамхории Президенти мамлакат нисбат ба бепарасторон ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад.
Дар охир дастаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангинеро барои онҳо тақдим намуд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91