Таълими курси «Ҳуқуқи кӯдак»
ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ,«Садои мардум») Чанде аз намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо муовини якуми вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов масъалаи таълими курси «Ҳуқуқи кӯдак»-ро дар факултетҳои журналистӣ, ки аз 32 соат иборат мебошад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маорифи кишвар, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки барои ба роҳ мондани таълими курси «Ҳуқуқи кӯдак» дар риштаҳои журналистии донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа таъсис дода шавад. Пас аз пешниҳоди хулосаи гурӯҳи корӣ зарурати ба роҳ мондани таълими курси «Ҳуқуқи кӯдак» дар факултетҳои журналистӣ мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Дар охир вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Маҳсулоти кишоварзӣ барои сохтмончиёни Роғун
РОҒУН. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Тибқи фармоиши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри дастгирии кормандони НБО-и «Роғун» деҳқонон ва мутахассисони раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва КВД «Моҳии Тоҷикистон», КВД «Асали Тоҷикистон», КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ дар шаҳраки Роғун ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карданд.
Дар ярмарка зиёда аз 58 тонна маҳсулоти ниёзи аввали мардум, аз ҷумла картошка, пиёз, тухм, помидор, карам, каду, себ, нок ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ пешкаши харидорон гардид. Кормандони НБО-и «Роғун» ва сокинони шаҳр ба ташкилкунандагони ярмарка изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон ба унвони Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун «Сипоснома» ирсол гардид. Тибқи хабари шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ маротибаи чорум аст, ки вазорати мазкур дар шаҳраки Роғун ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзиро доир менамояд. Дар ин ярмаркаҳо зиёда аз 227 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешкаши харидорон гардонда шудааст.
Корхонаи нав ба фаъолият шуруъ кард
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар маркази Ҷамоати деҳоти «Муҷун» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ ва кӯмаки молиявии ташкилоти ғайридавлатии «Чевзи» (Италия) корхонаи хурди коркарди шир ба кор шуруъ кард. Корхонаи мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар як шабонарӯз то як тонна ширро қабул ва коркард карда метавонад. Ба ин коргоҳ на танҳо сокинони деҳоти «Муҷун», балки деҳоти атроф низ метавонанд маҳсулоти ширии худро супоранд. Бо ифтитоҳи корхонаи нав боз якчанд нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Оғози фаъолияти корхонаи равғанбарорӣ
ФАЙЗОБОД. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, ки қаблан аз кор монда буд, ба кор шуруъ кард. Ин корхона аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Давлатбек Салимов барқарор гардид. Иқтидори коркарди шабонарӯзии корхонаи мазкур даҳ тонна чигит буда, метавонад ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдатро бо равған таъмин намояд.
Ба зимистон омода шуданд
НОСИРИ ХУСРАВ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар ноҳия ба зимистон омодагии ҳаматарафа дидаанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидории ангишт ва ҳезум 172 ҳазору 554 сомонӣ ҷудо гардида, пеш аз ҳама муассисаҳои тандурустӣ ва маориф бо сӯзишворӣ таъмин шуданд. Муассисаҳои роҳдорӣ, таъминоти барқ ва дигар идораю ташкилотҳо низ дар рафти омодагӣ ба зимистон як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардониданд. Чорводорони ноҳия барвақт ба мавсими сармо омодагӣ гирифта, ба таври илова дар майдони 58 гектар кишти бедаи навро гузарониданд ва то ин дам беш аз 3500 тонна хӯроки чорво захира намуданд.
Ба маҳалла об омад
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар Кумитаи маҳаллаи Рустамбеки шаҳри Истаравшан ба муносибати бо оби нӯшокӣ таъмин гардидани аҳолӣ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳр Иброҳим Абдуллоев доир шуд.
Мавсуф зимни суханронии хеш зикр кард, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи байналмилалии «Об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015» дар ҳудуди ин маҳалла ба воситаи корхонаи «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум» ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, сокинони гузарҳои Масҷиди Сафед, Осиёдурусткунон, Бародарон, Олкорон ва Кордгарони маҳаллаҳои Рустамбек ва ба номи Баротбеков бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд.
Мактаби нав дар деҳа
ПАНҶАКЕНТ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Дар деҳаи Марғзори деҳоти «Шинг» — и шаҳри Панҷакент боз як таълимгоҳи нав ба истифода дода шуд. Чуноне мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шоҳида Худойбердиева иттилоъ дод, мактаби нав дорои ҳашт синфхона, китобхона, толори варзишӣ буда, бо ашёҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Алҳол дар мактаб 247 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Аёдати бобои 113 — сола
ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо супориши раиси ноҳияи Вахш як гурӯҳ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба аёдати пири 113 — сола Додоҷон Умаров омаданд.
Онҳо баробари аҳволпурсӣ ҳамчунин туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияро ба ин сокини куҳансолтарини ноҳия супориданд. Пири барнодил чунин умри пурбаракатро доди Худо ва натиҷаи меҳнати ҳалоли ҷисмонии чандинсола медонад. Бештар аз 50 сол боз нафақахӯр аст. Алҳол моҳе 600 сомонӣ нафақа мегирад. Ҳамчунин дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо аз дастгирии моддии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бархӯрдор аст. Тибқи омори расмӣ, солҳои охир шумораи дарозумрон дар ноҳия зиёд гардидааст, ки ин падидаи нек мебошад.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91