Беҳтарин суханварони ҷавон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин суханвари ҷавон», ки бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд, ҷамъбаст шуд. Озмун дар ду давр баргузор гардид ва дар он 78 нафар ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Дар озмун ҷойи аввал насиби Аслиддин Хушвахтов, ҷойи дуюм насиби Гулизор Пирова ва Фарзон Машарипов, ҷойи сеюм насиби Марҷона Орипова ва Аҳмадхӯҷа Давлатов гардид. Ба ғолибон диплом, сипоснома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Озмунҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба
РОҒУН. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар Роғун байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ як сол боз таҳти унвони «Хотира» озмун идома дорад. Мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Абдухолиқ Ҷойлобов дар ин бора иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар ҳамаи таълимгоҳҳо дар доираи озмун сабқати иншои беҳтарин дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ташкили намоишгоҳҳо, конференсияҳо ҷараён дорад. Муҳассилини Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳр ва филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Роғун низ дар ин озмун фаъолона ширкат варзида истодаанд. Озмуни «Хотира» дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба ҷамъбаст мешавад.
Озмуни «Мураббии сол» бахшида ба Рӯзи Ғалаба аллакай ҷамъбаст гардид. Мураббии боғчаи бачагонаи №1-и шаҳр Сайёра Девоншоева сазовори ҷойи аввал дониста шуда, барои ширкат дар даври минтақавӣ, ки дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳхат гирифтааст.
Ҳашарҳои дастаҷамъӣ дар мавзеъҳои таърихӣ
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар доираи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар тамоми шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо бо иштироки сокинон ва кормандон ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешавад.
Сокинони деҳоти «Ҳисор» ду рӯзи истироҳатии ҳафтаи охир тариқи ҳашар кӯчаву роҳҳо ва ҷӯю каналҳои атрофи деҳотро тоза ва бехи дарахтонро нарм карданд. Ҳамчунин дар ин рӯз кормандони Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба ҳашар баромада, атрофи Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Куҳна, Мадрасаи Нав ва мақбараи Махдуми Аъзамро тоза намуданд.
Дар майдони 473 гектар кишт гузаронда шуд
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Нимаи аввали моҳи апрел дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони 473 гектар ғалладона, сабзавоту картошкаи барвақтӣ кишт карда шуд, ки беш аз 70 фоизи он ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз рост меояд. Ҳаҷми умумии майдоне, ки то имрӯз дар он кишти баҳорӣ гузаронда шудааст, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 25 гектар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят имсол дар бештар аз 10 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад
ШӮРООБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади сарсабзу зебо намудани ду канори шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Шӯрообод-Дарвоз ҳашари умумӣ эълон шуд. Дар ҳашар 300 нафар коргарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок карда, дар ду канори шоҳроҳ зиёда аз 4000 ниҳоли ороишию мевадиҳанда шинониданд. Дар нахустин ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони беморхонаю дармонгоҳи марказӣ, бахши фарҳангу варзиш ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо саҳм гузоштанд. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофию табиии ноҳия, бахусус дар мавзеи Дашти Терайи он, имкон аст, ки маъракаи ниҳолшинонӣ то нимаи моҳи май идома ёбад.
Шамъи маҳфилоро
АЙНӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ба ифтихори таҷлили 150 — солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 17-и ноҳия конференсияи илмӣ — амалӣ доир гардид. Устодону толибилмон дар мавзӯи «Шамъи маҳфилоро» маърӯза намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Нақибхон Туғрал ягона шахсест, ки сабки Бедилро пурра аз бар намуда, ҳамчун давомдиҳандаи ин сабки хосаи адабиёти тоҷик муаррифӣ шудааст. Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ хонандагон аз ашъори Нақибхон Туғрал шеъру ғазалҳо қироат карданд. Дар қисми дигари конференсия хонандагон аз рӯи асари устод Қутбӣ Киром «Қатли Туғрал» саҳнаҳо намоиш доданд. Дар анҷом аз ҷониби дастаи ҳаваскорони мактаб сурудҳо аз ашъори Нақибхон Туғрал пешкаш карда шуд.
Саршумори қутос зиёд мешавад
МУРҒОБ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ,«Садои мардум») Мурғоб аз ҷиҳати ҳудуд ноҳияи калонтарин дар миқёси ҷумҳурист, ки 42 фоизи чарогоҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар он ҷойгир шудааст.
Бо дарназардошти масоҳати чарогоҳҳо ва шароити рушди соҳаи чорводорӣ аз 24 ҳазор сар қутос 92 фоизи он, яъне зиёда аз 22 ҳазор сар дар хоҷагиҳои зотпарварӣ, фермерӣ ва инфиродӣ парвариш карда мешавад.
Тибқи маълумот афзоиши чорво дар ноҳия дар се моҳи соли равон 1, 2 фоизро ташкил дода, барои таъмини бозорҳои ҳудуди вилоят аз гӯшт хоҷагиҳои ноҳия саҳмгузори асосӣ маҳсуб меёбанд. Бояд зикр кард, ки соли 2014 аз хоҷагиҳои фермерии қутоспарварии ноҳияи Мурғоб 50 сар барои ташкили хоҷагии нави зотпарварӣ дар минтақаи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардида буд.
Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.