Рӯзи «Дарҳои кушода» барои довталабон
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳр рӯзи «Дарҳои кушода» баргузор гардид. Дар раванди чорабинӣ зикр шуд, ки коллеҷи мазкур аз рӯи нуҳ ихтисос довталабонро қабул намуда, муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона баъди хатми синфи нуҳум чор сол, баъди хатми синфи ёздаҳум се сол ва дар шуъбаи ғоибона низ чор солро ташкил медиҳад. Барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ 31 синфхона, шаш озмоишгоҳу устохонаи таълимӣ, нуҳ синфхонаи компютерӣ ва як синфхонаи лингофонӣ мавриди истифода аст.
Мулоқоти судманд
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм бо сокинони ноҳия вохӯрӣ доир намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷойӣ ва оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ аз масъалаҳои асосии мулоқоти мазкур буд.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, ки таҳти сарварии прокурори вилоят Насрулло Маҳмудов баргузор гардид, мубориза бар зидди экстремизму терроризм, пешгирӣ ва ошкорсозии шомилшавии сокинони вилоят ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Оид ба масъалаи мазкур ахбороти сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ф. Воҳидов ва ёрдамчии калони прокурори вилоят А. Назарзода шунида шуд.
Оид ба масъалаи мавриди назар масъулини раёсатҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаҳои оид ба корҳои дин, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят андешаҳои хешро баён намуданд.
Пиллапарварон нақшаро иҷро карданд
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Пиллапарварони ноҳия миёни шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз аввалинҳо шуда, қуллаи муродро фатҳ карданд. Тавре сардори Корхонаи фаръии «Пиллаи Ҳисор» Алиҷон Мирзоазизов иттилоъ дод, имсол кирмакпарварон аз 444 қуттӣ тухми кирмак 20 тоннаю 600 килограмм ашёи пурқимати саноатӣ тайёр карданд, ки ба 102,8 фоизи нақша баробар буда, ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ ба 45 килограмм рост меояд.
Дар ин дастоварди меҳнатии пиллапарварони ноҳия саҳми аҳли заҳмати кооперативҳои истеҳсолии ба номи Латиф Муродов, Абдурауф Юсупов, «Ватан», хоҷагии илмӣ — истеҳсолии «Зироаткорӣ», ҶДММ ба номи Ҳайдар Миров ва «Баракати Чорводор» назаррас аст.
Бунёди иншооти ҷашнӣ
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Ба хотири беҳтар намудани шароити кории кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳр сохтмони бинои нави он идома дошта, тибқи нақша бояд моҳи июни соли равон мавриди истифода қарор гирад. Бинои мазкур тибқи лоиҳа аз таҳхона, 52 утоқи корӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат буда, дар асоси лоиҳаи муосири меъморӣ сохта мешавад
Фармоишгари сохтмон Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Корхонаи воҳиди давлатии васлкунӣ — сохтмонии рақами 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Боз як иқдоми нек
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Қалъаи Дӯст аз деҳаҳои калонтарини ноҳия маҳсуб ёфта, мардуми он солҳои зиёд аст, ки аз набудани оби полезӣ ва ошомиданӣ мушкилӣ мекашиданд. Барои ҳалли ин масъала аҳолии деҳа бо дастгирии роҳбарияти ноҳия дар масофаи шаш километр аз Басмандасой бо арзиши 680 ҳазор сомонӣ хати об кашида бароварданд, ки он барои обёрии беш аз 50 гектар замин ва таъмини аҳолии деҳа бо оби тозаи ошомиданӣ пешбинӣ шудааст.
Фаъолияти Шӯро тавсеа меёбад
ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия бо иштироки роҳбарони бахшҳои ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаҳои ташкилӣ раиси ноҳия Қ. Н. Арбобзода раиси Шӯро интихоб гардид.
Ҳамчунин дар Шӯро рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тадбирҳо баҳри беҳбудии созмонҳои талабагӣ
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи шуъбаи маорифи шаҳр ҳар моҳ бо мақсади баланд бардоштани малакаи роҳбарони Созмонҳои талабагии муассисаҳои таълимӣ дар Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Баргузории чунин семинарҳо насли наврасро ба омӯхтани таърих ва фарҳанг ҳидоят намуда, барои ташаккул ёфтани шахсияти онҳо нақши муҳим мебозад. Дар семинарҳо фаъолият ва самти кори Созмонҳои талабагии муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, нақшаҳои нав тарҳрезӣ мешаванд.
Китоби нав доир ба таърихи кишвар
ФАЙЗОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Файзободи имрӯза, ки дар таърих бо номи Вашгирд (Висагирд) маълум аст, таърихи беш аз се ҳазорсола дорад. Ин нукта дар китоби нави муҳаққиқ Файзулло Наҷмиддинов баён шудааст, ки ба наздикӣ таҳти унвони «Файзобод (Вашгирд) — ёдгори Ориё» ба табъ расид. Дар китоб роҷеъ ба гузаштаву имрӯзи ин гӯшаи диёрамон маълумоти фаровон ҷой дорад. Он бо порае аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳия, ки 10 апрели соли 2014 иброз шуда буд, оғоз меёбад: «Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд». Шарҳу исботи ин гуфтаҳоро дар китоби нав, ки бо сифати баланд нашр гардидааст, пайдо мекунед.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91