Воридоти 747 техникаи кишоварзӣ дар панҷ моҳ
ДУШАНБЕ. (Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд гузаронидани киштукор давоми панҷ моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ 747 тамғаҳои гуногуни техникаҳои кишоварзӣ ворид шудааст. 228 трактор, 48 испори трактор, 83 комбайни ғалладарав, 37 экскаватор, 138 сихмола ва дигар намуди техникаҳои кишоварзӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Техникаҳои мазкур тибқи дархост ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагиҳои инфиродӣ пешниҳоду дастрас шуданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят
МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи калони сокинони шаҳраки Муъминобод ва деҳоти ноҳияро дар доираи рӯзи қабули шаҳрвандон ба ҳузур пазируфт. Шаҳрвандон ба раиси вилоят мушкилоти маҳалли зист ва зиндагии шахсии хешро арз намуда, посух ва дастуру ҳидоятҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дарави гандум шурӯъ гардид
КӯЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз қабили Данғара, Фархор, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маъракаи дарави зироатҳои ғалладонагӣ шурӯъ гардид. Деҳқононе, ки гандуми заминҳои обии худро сари вақт медараванд, мақсад доранд, ки фурсатро аз даст надода, кишти такрорӣ гузаронанд. Мо ин омилро дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ мушоҳида намудем.
Тарбузи Қумсангир талабгори зиёд дорад
ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Деҳқонони ноҳия дар вилояти Хатлон аввалин шуда, тарбузро ба бозорҳо бароварданд. Қимати ҳар як килограмми он аз 1,5 то 2 сомониро ташкил дода, нисбат ба тарбузе, ки аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид мешавад, дуюним баробар арзон мебошад. Тибқи иттилои идораи кишоварзии ноҳия, соли ҷорӣ парвариши зироатҳои полезӣ, аз ҷумла тарбуз нисбати соли гузашта бештар гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки саҳмдорон баробари таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот намуда, фоидаи бештар ба даст оранд.
Дурнамои солона иҷро гардид
ШАҲРИТУЗ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Кирмакпарварони ноҳия аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пилла мужда расониданд. То имрӯз ба нуқтаҳои қабул беш аз 36 тонна ашёи хоми саноатӣ супурда шуд. Дар ин дастоварди меҳнатӣ кирмакпарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оилаҳои алоҳидаи деҳоти «Сайёд», «Пахтаобод», ба номи Х. Холматов, ба номи Ҷ. Назаров саҳми арзанда гузоштаанд. Кирмакпарварони ҶДММ «Дук» бошанд, ба ҷойи 145 килограмми дурнамо беш аз 300 килограмм пиллаи аълосифат ҷамъ оварда, нақшаро ба андозаи 207 фоиз иҷро карданд.
Иқдоми неки соҳибкор
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, воқеъ дар деҳаи Сангчашмаи деҳоти «Алмосӣ»-и ноҳия дар доираи таҷлили сеҳазорсолагии Ҳисор ба истифода дода шудааст. Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Убайдулло Саъдуллоев ба мактаби мазкур аз масофаи ҳашт километр хати оби нӯшокӣ оварда шуд, ки боиси хушҳолии мактаббачагон ва омӯзгорону сокинони деҳа гардид.
«Чойхонаи мӯйсафедон» дар хизмати пиронсолон
РӮДАКӢ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси Ҷамъияти матлуботи ноҳия баҳри истироҳату фароғати пиронсолон, собиқадорон ва фаъолон дар маркази ноҳия — шаҳраки Сомониён, чойхонаи наву зебо бо номи «Чойхонаи мӯйсафедон» ба истифода дода шуд. Чойхона дорои 100 ҷойи нишаст буда, ба фаъолият оғоз намудани он панҷ нафар сокини ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.
Лавҳаи ёдгорӣ ба хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ
ИСТАРАВШАН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Ба хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳни литсеи №6-и шаҳр лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд. Дар маросими кушодани лавҳаи ёдгорӣ роҳбарияти шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони соҳаи маориф ва ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд. Ташаббускори ин иқдоми нек — иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Исмоил Йӯлдошев ва омӯзгороне, ки дар бунёди он саҳми арзанда гузоштанд, бо ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ шуданд.
Маъюбон хушнуд шуданд
СПИТАМЕН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо ташаббуси шуъбаи маориф ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Дилсӯз» — и ноҳия ба ду нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд – хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Сироҷ Мирзоев ва хонандаи синфи сеюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 Ҳусан Нурматов аробачаҳои маъюбӣ туҳфа карда шуд.
Хонандагон аз ин ғамхорӣ шод шуда, ба кормандони шуъбаи маориф ва раиси ташкилоти ҷамъиятии «Дилсӯз» Маҳбуба Убайдуллоева изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳаёти солим интихоби мост
ХОРУҒ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар Мактаби президентии шаҳр мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагон таҳти унвони «Ҳаёти солим интихоби мост» баргузор шуд, ки дар он хонандагон ба ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон мебошад.
Панҷ лоиҳа ғолибияти донишгоҳро таъмин намуданд
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии «Enactus» баргузор гардида, дар он дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо пешниҳоди панҷ лоиҳа мақоми аввалро соҳиб шуд. Моҳи октябри соли 2015 донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳайати 41 нафар Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни 36 давлати ҷаҳон дар мусобиқаи байналмилалии «Enactus», ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор мегардад, муаррифӣ хоҳанд кард.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР.
Бо мо дар тамос бошед. Тел: 238-58-91