Ҳаракати нақлиёт тариқи «Истиқлол» маҳдуд шуд
ДУШАНБЕ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Аз 22 июни соли ҷорӣ тариқи нақби «Истиқлол» ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд гардид. Тибқи нақша бетонрезии кафи нақб оғоз ёфт, ки то 1 октябри соли равон идома меёбад. Корҳои бетонхобонӣ аз соати 6 — и субҳ то соати 22-и шаб идома меёбанд. Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд шабонарӯзӣ тавассути ағбаи Анзоб имконпазир аст. Тариқи нақб бошад, рӯзҳои ҷуфти ҳафта аз самти Душанбе — Хуҷанд аз соати 2200-и шаб то 600-и субҳ ва рӯзҳои тоқи ҳафта бо ҳамин реҷа аз самти Хуҷанд — Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда мешавад.
Ситод соҳиби панҷ автомашинаи хизматӣ гардид
ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон панҷ автомашинаи махсуси сабукрави хизматӣ тақдим гардид. Мошинҳои хизматӣ истеҳсоли давлати Швейтсария буда, бо таҷҳизоту воситаҳои кумакрасонӣ ба зарардидагон таъмин мебошанд.
Ваҳдат мароми мост
ФАЙЗОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Аҳли фарҳанги ноҳияи Файзобод ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат- мароми мост» барномаи махсуси ҳунариро таҳия карданд.
Аз рӯи ин барнома коллективи Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова ҳамроҳ бо хонаҳои фарҳанги деҳоти ноҳия дар Боғи марказии фарҳангу фароғатии ноҳия ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндагони шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ молу маҳсулоти хешро пешкаши мардум менамоянд.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд
СУҒД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар панҷ моҳи соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 1 миллиарду 638,9 миллион сомонӣ расонида шуд. Мутобиқи нақша давоми сол таъсиси 170 корхонаҳои нави саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Корхонаи сементбарории «Ғаюр - Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Корхонаи металлургии «Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Истиқлол, ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед» дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҷамъоварию коркарди зардолу дар ҳамкорӣ бо боғдорони суғдӣ
ФАРХОР.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Боғҳои навбунёди хоҷагиҳои ноҳия беш аз 1000 гектарро ташкил намуда, имсол як қисмате аз онҳо, бахусус боғҳои зардолу, ҳосили хуб ба бор оварданд. Ҳоло ҷамъоварӣ ва коркарди ҳосили зардолу дар арафаи анҷомёбист. Боғдорон дар ин муддат як қисми ҳосили ҷамъовардаашонро ба корхонаҳои хурди консервабарории ноҳия дода, қисмати дигари онро барои хушк кардан ба боғпарварони суғдӣ, ки сармои ғайриинтизори аввали баҳор ҳосили боғҳои онҳоро пурра ба нестӣ овард буд, супорида, даромади дилхоҳ гирифтанд. Боғдорони суғдӣ аз ҳисоби боғҳои навбунёд зиёда аз 100 тонна зардолу хушк намуданд.
Боғдорон таҷрибаи ҳамдигарро омӯхтанд
ШАҲРИТУЗ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар хоҷагии деҳқонии «Боғбон»-и ноҳия бо иштироки боғдорону соҳибкорон дар мавзӯи «Технологияи коркард ва хушконидани зардолу» семинар - машварат баргузор гардид. Дар семинар як гурӯҳ боғдорону соҳибкорони шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, ки дар парваришу хушконидани меваҷот, бахусус зардолу таҷрибаи бой доранд, иштирок намуданд.
Дурнамо барзиёд иҷро шуд
КОНИБОДОМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Кирмакпарварони шаҳр нақшаи солонаи истеҳсоли пилларо иҷро намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳр, имсол кирмакпарварон, тибқи нақша, мебоист аз 2300 қуттӣ кирмак 95,5 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол намоянд. То имрӯз аз ҳар як қуттӣ 42,5 килограммӣ, ҷамъ 97 776 килограмм пиллаи аълосифат истеҳсол шуда, нақша 104,2 фоиз таъмин гардид.
Иҷрои нақша аз ҳавасмандӣ маншаъ гирифт
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Кирмакпарварони деҳоти «Ҳоит» дар ноҳия яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо иҷро карданд. Тавре раиси деҳоти «Ҳоит» Мансур Мирзоев ба мо иттилоъ дод, онҳо иҷрои нақшаи пешбинишударо ба андозаи 123 фоиз таъмин намуданд. Агар яке аз сабабҳои бо ҳавасмандӣ ба кирмакпарварӣ машғул шудани аҳолӣ пардохти саривақтии ҳаққи меҳнати пиллапарварон бошад, аз тарафи дигар бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шудани пешқадамон онҳоро рӯҳбаланд намуд.
Муҷассамаи Темурмалик қомат афрохт
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия — шаҳраки Совет муҷассамаи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалики ватандӯсту хасмшикан қомат афрохт.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ парда аз рӯи муҷассама бардошт. Сипас, дар назди ҷамъомадагон адибони шинохта аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ андешаронӣ намуда, ифтихор аз ин қаҳрамони миллат намуданд.
«Армуғони навроҳони илм» аз чоп баромад
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Маҷмӯаи мақолаҳои магистрантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Армуғони навроҳони илм» дар нашриёти «Нури маърифат» ба табъ расид. Қобили зикр аст, ки маҷмӯаи номбурда фарогири 113 мақола буда, бори нахуст рӯи чоп омад. Тасмим гирифта шудааст, ки маҷмӯа оянда тариқи силсила нашр хоҳад шуд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Тел: 238-58-91