Кумак барои тавсеаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир
ДУШАНБЕ. Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум» Ҳаштуми июли соли равон аз ҷониби Дафтари ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 87 нақлиёти хизматӣ ҷиҳати мубориза бо қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тақдим карда шуд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умаров зимни суханрониаш аз муносибатҳои мутақобилан судманд ба ИМА дар соҳаҳои гуногун, хусусан мубориза бар зидди маводи мухаддир, ёдовар шуда, зикр кард, ки нақлиёти тақдимгардида барои боз ҳам ҷоннок шудани кор дар ин самт кумак менамояд.
Рафти корҳои пармакунӣ дар иншооти ҷашнӣ
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонбек Бахтдавлатов аз рафти корҳои пармакунӣ дар чоҳи №674 Д, воқеъ дар маҳаллаи ҳаштуми навбунёд, шинос шуданд. Чуқурии пармачоҳи номбурда мувофиқи лоиҳа 95 метри тӯлонӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти пешниҳодгардида, айни ҳол корҳои пармакунӣ ба сомон расонида шудааст. Тавассути чоҳи мазкур аҳолии маҳаллаи ҳаштум бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад шуд .
Иҷрои нақша наздик мешавад
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Деҳқонони ноҳия дар маъракаи кишти такрорӣ миёни дигар навоҳии минтақа намунаи ибратанд. Деҳқонони ноҳия то имрӯз нақшаи кишти такрории сабзавотро 102 фоиз, ҷуворимаккаи донро 88,9 фоиз, лӯбиёгиҳоро 97,9 фоиз, полезиро 101,3 фоиз, шолиро 75,3 фоиз ва зироатҳои хӯрокаи чорворо 98 фоиз иҷро карда, дар ин маърака пешсафанд. Дар маҷмӯъ, нақшаи кишти такрорӣ ба 87 фоиз расонида шудааст, ки ин нисбати нақшаи минтақа 30 фоиз зиёд мебошад.
Аввалин коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ дар минтақа
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси соҳибкор Ҳасан Ғиёсов дар маркази ноҳия — шаҳраки Москва коллеҷи тиббӣ кушода шуд, ки аз чор шуъба иборат буда, дар он ба донишҷӯён касбҳои дорусозӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ ва ғайра омӯзонида мешавад. Дар соли нави таҳсил қабули 270 нафар донишҷӯён дар назар аст ва қисми зиёди онҳо, алалхусус духтарон, бо ҷойи хоб таъмин мегарданд. Барои таълими намунавӣ аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд омӯзгорони собиқадору соҳибтаҷриба даъват шудаанд.
Маҳфили дӯстӣ
ҶИЛИКӮЛ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар Кохи фарҳанги маркази ноҳия бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Туркманистон ва аҳли ҷамоатчии ноҳия чорабинии дӯстона сурат гирифт, ки дар он сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишангули Аманлиев дар мавзӯи «Робитаҳои дипломатию дӯстии халқҳои тоҷику туркман» суханронӣ намуд. Ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии Туркманистон Муҳаммад Ҷамилов ва омӯзгори гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷиликӯл Гулнора Авезова оид ба таҳкими дӯстии ду халқи бародар мулоҳиза ронданд.
Иқдоми хайр
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар моҳи шарифи Рамазон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, соҳибкорон ва саховатмандон тасмим гирифтаанд, ки ба беш аз ду ҳазор шахсони эҳтиёҷманд кумаки яквақтаи моддӣ расонанд.
Дар робита ба ин, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр муваззаф гардидаанд, ки рӯйхати шахсони эҳтиёҷмандро ба масъулин пешниҳод намоянд.
Мумфаршкунии роҳҳои шаҳраки Шайдон
АШТ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Бо эълон гардидани соли 2015 «Соли роҳҳои обод дар вилояти Суғд» дар шаҳраки Шайдони ноҳия мумфаршкунии кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Мумфаршкунӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифта, барои ин кор як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Мумфаршкунии кӯчаро ҶДММ «Хуҷандроҳ» ба зимма дорад.
Саҳми арзанда дар иҷрои нақша
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Тибқи иттилои идораи пиллақабулкунии ноҳия, кирмакпарварон нақшаи пешбинишударо 107 фоиз иҷро карданд. Ба нуқтаи қабул 22 тоннаю 600 килограмм пиллаи хушсифат ворид гардид.
Дар иҷрои нақша пиллапарварони деҳоти «Ҳиҷборак», «Ҳоит» ва «Оби меҳнат», ки аз ҳар як қуттӣ беш аз 50 килограммӣ пилла гирифтаанд, саҳми босазо гузоштанд.
Бунёди иншооти ҷашнӣ дар арафаи анҷомёбист
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳо дар як қатор иншоот, аз ҷумла бинои ҳафтошёнаи донишгоҳ ва бинои нуҳошёнаи барои омӯзгорони мактаби президентӣ пешбинишуда, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ҳоло сохтмончиён дар иншооти мазкур машғули корҳои берунӣ буда, барои ба комиссияи қабул манзур кардани биноҳо омодагӣ мегиранд.
«Рози дониш» рӯи чоп омад
НОРАК. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо ибтикори шуъбаи маорифи шаҳр нашрияи нави «Рози дониш» пешкаши хонандагон гардид. Ба қавли масъулони нашрия, теъдоди «Рози дониш» алҳол 1000 нусха буда, дар он асосан масъалаҳои маориф, таълиму тарбияи толибилмон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ин соҳаи муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Масъулони нашрия ният доранд, ки таҷрибаи пешқадами соҳа ва роҳу воситаи усулҳои беҳтарини таълимро пешкаши омӯзгорону хонандагон гардонанд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР.
Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91