Хабарҳо аз кишвар

№95 (3396) 16.07.2015

4000 кӯдаки маъюб — самараи никоҳи хешутаборӣ

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 26043 нафар кӯдакони маъюб таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, ки аз ин шумора наздик ба 4000 нафарашон аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд.Бо мақсади  расонидани кумаки махсус ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, ташхис ва барқарорсозии саломатии кӯдакони гирифтори бемории «Аутизм» бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии «Ирода» дар заминаи чор Маркази саломатии шаҳри Душанбе ҳуҷраҳои «Дахолати саривақтӣ» кушода шудааст, ки бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳазанд.

Саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти ҷашнӣ

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар ноҳия бунёд ва азнавсозии беш аз 400 иншооти хурду бузурги таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 198-тои онҳо аз ҷониби соҳибкорон сохта хоҳад шуд. Алҳол  аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 29 иншоот ба анҷом расидааст. Мавриди зикр аст, ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти ҷашнӣ дар доираи Нақшаи генералии ноҳияи Ҳисор, ки аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, ҷараён дорад.

 Минтақаҳои корношоями роҳҳо таъмир шуданд

ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)Таҳти назорати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 152,2 километр роҳ, аз ҷумла 69,5 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 82,7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта қарор доранд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шаҳраку деҳоти он то имрӯз роҳҳои шаҳраки Такоб, деҳаҳои Хоҷа Обигарм, Чорбоғ, Лучоб, Дурманбулоқ, Харангон ва Зимчуруд таъмир шуданд.

Пешгирии падидаҳои номатлуб

ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)   Дар толори меҳмонхонаи «Сипеҳр» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ходимони дин ва фаъолони маҳаллаҳо таҳти унвони «Экстремизм ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он атрофи роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муборизаи дастаҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа алайҳи ин зуҳуроти нангин, таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ибрози назар карда шуд.

Боздиди ҷавонони ВМКБ аз шаҳри Хуҷанд

ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)Бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гурӯҳи 20- нафараи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Хуҷанд омаданд. Меҳмононро масъулини Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят истиқбол намуда, дар ин сафар онҳоро ҳамроҳӣ карданд.

Ҷавонони бадахшонӣ давоми ду рӯз бо шароити зиндагонӣ ва урфу одатҳои ҷавонони шаҳри Хуҷанд шинос шуда, аз мавзеъҳои фарҳангиву таърихӣ, аз ҷумла Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» боздид намуданд.

Боварӣ ба «Тоҷиксуғурта» меафзояд

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Филиалҳои КВД «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2015 ба ҷойи 6 миллиону 602 ҳазор сомонии тибқи дурнамо пешбинигардида ба маблағи беш аз 7 миллиону 365 ҳазор сомонӣ корҳои суғуртавиро ба анҷом расонидаанд, ки ин ба 111,5 фоизи нақша баробар аст. Ҳамчунин филиалҳои номбурда бо шаҳрвандон ва ташкилоту идораҳо ба маблағи          4 миллиону 479 500 сомонӣ шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ба ҷойи 2 миллиону 344 ҳазор сомонии пешбинишуда ба маблағи 2 миллиону 886 ҳазору 300 сомонӣ шартномаҳои суғуртаи ихтиёриро ба имзо расониданд. Дар ин муддат ба 2244 нафар ба маблағи як миллиону 950 ҳазору 400 сомонӣ талофии зарар пардохт шуд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91