Таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ду обанбор, воқеъ дар деҳоти «Навобод», беш аз 200 оилаи деҳаи Ваҳдат ва якчанд деҳаҳои атрофи он бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Барои ба кор даровардани истгоҳи обкашӣ ду насоси зеризаминӣ пайваст шуда, аз масофаи 4,5 километр об оварда шудааст. Иншооти обтаъминкунӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007 — 2020» бунёд шуда, дар корҳои сохтмонии он қариб 2,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Дарави ғалла анҷом ёфт
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ғаллакорони ноҳия маъракаи ҷамъоварии ғалларо сари вақт ва хушсифат ба анҷом расонида, аз майдони 12898 гектар ғаллазор 40471 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки ба ҳар гектар 31,4 сентнерӣ рост меояд. Дар ин дастоварди меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ватан», «Деҳқонариқ», «Дарқад», «Фархор» ва «20- солагии Истиқлол» шоистаи таҳсин аст.
Шартнома бастанд
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб 85732 гектар заминҳои обёришаванда мавҷуд аст. Соли равон барои обёрӣ кардани 60493 гектар заминҳои обёришаванда бо шаҳрвандон аз ҷониби Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақа ва идораҳои зертобеи он шартнома баста шудааст. Аз миқдори умумии заминҳои обёришаванда 13302 гектари он тавассути пойгоҳҳои обкашӣ, ки шумораи умумии онҳо 36 ададро ташкил мекунад, бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.
Тақсими замин ба ниёзмандон
Б. ҒАФУРОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Соли равон беш аз 1700 оилаи ниёзманд барои бунёди манзили истиқоматӣ соҳиби 0,06 — гектарӣ замини наздиҳавлигӣ шуданд. Аксари ин оилаҳо дар шаҳраки бунёдшавандаи «Сайҳун» соҳиби замин гардиданд. Инчунин ба сокинони ноҳия аз деҳоти «Хистеварз», «Овчиқалъа» ва ба номи Д. Холматов низ заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим шуд.
Сохтмони беморхона барои бемориҳои руҳӣ
РОШТҚАЛЪА. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Барои сохтмони беморхонаи дуошёнаи бемориҳои руҳӣ дар деҳаи Парзудҷи ноҳия ду гектар замин ҷудо гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд. Иҷрои корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ширкати сохтмонии «Бунёд» бо ҷалби беш аз 50 нафар сохтмончиёни ботаҷриба ба уҳда дорад. Сохтмони бинои мазкур то охири соли 2015 ба анҷом мерасад.
«Соҳил» дарҳои худро боз кард
ХУРОСОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар мавзеи Хумдони ноҳия, истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Соҳил» барои хонандагони шаҳри Қӯрғонтеппа дарҳои худро боз кард.
Фароғатгоҳи мазкур бо ташаббус ва дастгирии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло кушода шуд. Дар он дар як вақт метавонанд 96 нафар хонандагон бо фароғат фаро гирифта шаванд. Истироҳатгоҳ ҳангоми таътили тобистона имкон дорад, ки дар чор баст фаъолияташро ба роҳ монад.
Масоҳати гармхонаҳо — 100 гектар
ЁВОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Барои бунёди гармхонаҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия -100 гектар замин ҷудо шудааст. Аллакай дар майдони беш аз 31 гектари он гармхонаҳои ҳозиразамон бунёд ёфта, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд. Гармхонаҳо, ки дар ҳамкории кишоварзони маҳаллӣ бо кишоварзони Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил шудаанд, дар навбати аввал сокинони шаҳри Душанберо давоми чор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин хоҳанд кард.
Барқарорсозии кӯдакистонҳо дар Хуҷанд
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») — Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаи Темурмалик барқарорсозии кӯдакистон барои 320 ҷой ва дар маҳаллаи Сари Баландӣ барои 200 ҷой идома дорад, – гуфт раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли равон.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин давра таъмири боми кӯдакистони № 25 анҷом ёфт ва таъмири бинои садамавии муассисаи таҳсилоти томактабии № 29 идома дорад. Айни ҳол аз 22 ҳазор нафар кӯдакони синни томактабии шаҳр 8 764 нафарашон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Кумак ба маъюбону бепарасторон
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи Иди шарифи Рамазон ба оилаҳои бепарастор ва маъюбон кумаки яквақта расонида шуд. Дар маҷмӯъ, беш аз сесад нафар муҳтоҷон бо як халтагӣ орд ва даҳ литрӣ равған таъмин шуданд. Аз ҷумла ҷавонмардони деҳоти «Ҳиҷборак», ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия мебошанд, бо мақсади дастгирии чунин табақаи ниёзманди аҳолии ҳудуди деҳот 12 ҳазор доллари ИМА ирсол намудаанд.
Истироҳати бофароғати хонандагон
МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади хушу хуррам гузаронидани таътили тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети дохилӣ маблағи зарурӣ ҷудо намуд. Бо истифода аз ин маблағ дар 11 муассисаи таълимӣ бошишгоҳҳои истироҳатӣ ташкил гардид, ки ҳамаи онҳо дорои шароити хуб мебошанд. Хусусан фаъолияти бошишгоҳҳои назди боғчаи бачаҳои маркази ноҳия ва муассисаҳои таълимии деҳаи Қулулои деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ва Лангари деҳоти «Деҳбаланд» намунаи ибратанд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон 238-58-91.