Дилшод Назаров ҷойи аввалро гирифт
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Гурзандози маъруфи тоҷик, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров дар сабқати байналмилалии варзишӣ ба хотираи бародарон Знаменскийҳо дар Федератсияи Россия барандаи ҷойи аввал гардид. Вай дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 78,29 метр партофт.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҷойҳои дуюм ва сеюмро дар ин сабқати байналмилалӣ Мартсел Ломнитский аз Словения бо натиҷаи 77,50 метр ва Сергей Литвинов аз Федератсияи Россия бо натиҷаи 77,00 метр ба даст оварданд.
Мулоқот бо соҳибкорони Беларус
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар доираи баргузории Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» дар шаҳр мулоқоти масъулин ва соҳибкорон бо соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Могилёв Александр Потёмкин иштирок намуда, бо қаноатмандӣ аз сатҳу сифати равобити дуҷониба, густариши ҳамкориҳо ва бунёди коргоҳҳои муштарак ҳарф заданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ширкату корхонаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилёв зимни муаррифии маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳояшон роҳҳои таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳоро пешниҳод намуданд.
Табибони оилавӣ фаъоланд
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар маркази шаҳр панҷ шуъбаи тибби оилавӣ бо 48 нафар мутахассисони ботаҷриба ва 111 нафар духтури оилавӣ ба аҳолӣ хизмати саривақтии тиббӣ мерасонанд. Тавре мутахассисони тибби оилавӣ изҳор доштанд, соли гузашта дар ҳамин давра дар шаҳр ва деҳоти он 2355 нафар кӯдакони гирифтори бемории диарея (дарунрав)-ро ба қайд гирифта буданд. Имсол бошад, шумораи ин беморон 2045 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 310 нафар кам мебошад. Ин ҳама аз фаъолияти хуби табибони оилавӣ дарак медиҳанд.
Дастоварди суғуртачиён дар нимсола
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кормандони филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоб ва зерсохторҳои он дар шаҳру навоҳӣ иҷрои нақшаи шашмоҳаи соли равонро ба андозаи 117, 8 фоиз иҷро намуданд. Онҳо дар асоси шартномаҳо бо шахсони алоҳида ва ташкилоту муассисаҳо ба ҷойи ду миллиону 537177 сомонӣ ду миллиону 921154 сомонӣ маблағҳои суғуртавиро ҷамъ намуданд, ки 383977 сомонии он илова ба нақша аст.
Қасри нави фарҳанг дар Рӯшон
РӮШОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Ба иттилои сармуҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Амонбек Зарифбеков корҳои сохтмонӣ ва васлкунии Қасри фарҳанги ноҳия пурра ба анҷом расида, корҳои ободонии атрофи он идома доранд. Толори қаср ва ҳуҷраҳои кории дохили он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Дар толори барҳавои он 400 нафар тамошобинон метавонанд барномаҳои фарҳангиро бароҳат тамошо кунанд. Қасри фарҳанг бо сарфи ҳафт миллион сомонӣ сохта шудааст.
Тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ дар байни ҷавонон
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бахши Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳия дар шаш моҳи сипаригардида корро аз рӯи ҷадвали тасдиқнамуда хуб ба роҳ монда, дар байни ҷавонон дар мавзӯъҳои ватандорию ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ вохӯриҳо ташкил намуданд. Гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла гӯштигирӣ, давидан ба масофаи то се километр, гурзпартоӣ ва тирпарронӣ аз камони пневматикӣ тавонистанд дар тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон таъсири мусбӣ расонанд. Натиҷаи чунин чорабиниҳо буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015-ум 180 нафар ҷавонон курсҳои ронандагиро хатм намуда, соҳибкасб шуданд.
Пули нав ду деҳаро ба ҳам мепайвандад
ВАНҶ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Сохтмони пули болои рӯдхонаи Ванҷоб, ки дар оянда деҳаҳои Ҷовидон ва Потови ноҳияро бо ҳам мепайвандад, идома дорад. Ба иттилои масъулини ҶММ «Сафари — 2», аз оғози бунёди пул то ба ҳол ба маблағи бештар аз 600 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд. Пули мазкур пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан мушкилоти омадурафти сокинони деҳаи Потовро ба деҳаҳои ҳамсоя ва маркази ноҳия осон мегардонад. Барои ин иншоот аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО. «Садои мардум») Тавре аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ доданд, дар ноҳия ба рушди намудҳои гуногуни варзиш диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҷавонони ноҳия бештар ба намудҳои гӯштии миллӣ ва бозии футбол мароқу рағбат доранд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия тасмим гирифтааст, ки ба пешвози Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи ноҳия мусобиқа ташкил намояд. Дар мусобиқа 16 дастаи футболбозон ширкат меварзанд ва он дар рӯзи таҷлили ҷашн ҷамъбаст мегардад.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91