Ҷустуҷӯйи археологӣ
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») -Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор, дар Қалъаи Ҳисор аз ҷониби мутахассисони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯйҳои бостоншиносӣ гузаронида шуд. Тавре маълум гардид, аз қисмати ғарбии он боқимондаҳои девори мудофиавӣ ва қабрҳои асри биринҷӣ (ҳазораи II то милод, мансуб ба маданияти «Бешкенту Вахш»), аз қисми шимолу ғарбӣ бошад, боқимондаҳои дарвозаи ғарбӣ ва роҳравҳои сангфарши асримиёнагӣ ва аз назди чашмаи қасри Ҳисор сарсутуни аз санги хоро сохташуда (мансуб ба давраи юнону бохтарӣ) бозёфт шуданд.
Хатти нави парвоз
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Маъруф Маҳмудзода зимни суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз сеюми августи соли 2015 хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии «Тurkish Airlines» аз рӯи хатсайрҳои Истанбул-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул ба фаъолият шурӯъ кард. Парвозҳо мунтазам аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳафтае ду маротиба ба Фурудгоҳи байналмилалии Отатурки шаҳри Истанбул ба роҳ монда мешавад.
Иҷрои нақшаи андоз 123 фоиз
ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Соли дуюм аст, ки ноҳия дар миёни 25 шаҳру навоҳии вилоят аз рӯи иҷрои нақшаи андоз дар ҷойи намоён қарор дорад. Ин дастовард боиси поён рафтани вазъи дотатсионии ноҳия гардид, ки ҳоло ин нишондод 46 фоизро ташкил мекунад.
- Дар нимсолаи аввали соли равон ҷамъоварии нақшаи андоз 123,3 фоиз иҷро гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки баҳри рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия маблағҳои бештаре ҷудо намоем,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Нурулло Мирзозода.
Соҳилҳои дарёи Панҷ мустаҳкаманд
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Даҳ сол қабл 22 километр соҳили рости дарёи пуртуғёни Панҷ, ки ҳудуди ноҳияро убур мекунад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои кумакрасон бо усули технологияи муосир соҳилбандӣ шуда буд. Ҳарчанд, ки ҷараёни дарё дар як сония мутобиқан 4200-4500 куб обро ташкил мекунад, силсилаи тадбирҳои саривақтӣ андешида боиси рафъи хатару осудагии сокинони ноҳия гаштааст.
- То ҳол чунин сатҳи болоравии оби дарёи Панҷро касе надида буд. Хушбахтона, соҳилҳо қавию мустаҳкаманд ва воситаҳои соҳилбандиро низ ба миқдори зарурӣ захира кардаем,- изҳор намуд зимни суҳбат раиси ноҳия Абдуқодир Вализода.
Дар боғи анор ниҳолҳои нав мешинонанд
НОРАК. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар ҶДММ «Боғи анор»-и шаҳр, ки масоҳати умумии он 156 гектарро ташкил медиҳад, наздики 100 нафар сокинони деҳаҳои атроф бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Дарахтони пурбори анор бошанд, аз меҳнати пурсамари хоҷагидорон дарак медиҳанд.
Деҳқонони хоҷагӣ тасмим гирифтаанд, ки ба ҷойи дарахтони аз ҳосилмонда оянда ниҳолҳои нав шинонанд. Соли равон дар масоҳати 56 гектар ниҳолҳои нав шинонида шудааст.
Алоқаи мобилӣ дар Савноб
РӮШОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирию мусоидати ширкатҳои алоқаи мобилии «Тселл» ва «Мегафон» дар деҳоти «Савноб»-и водии Бартанг дастгоҳҳои алоқаи мобилӣ насб гардиданд.
Сокинони деҳаҳои Рошорв, Япшорв, Савноб, Нисур ва Рухчи деҳоти мазкур, ки солҳо боз аз набудани алоқа мушкилӣ доштанд, акнун имконият пайдо намуданд, ки бо ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ ва ҷаҳон аз тариқи алоқаи мобилӣ дар тамос шаванд.
Ғамхорӣ нисбати омӯзгорон
ИСФАРА. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 100 нафар омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар осоишгоҳи «Зумрад» ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Ин бори дуюм аст, ки бо чунин теъдод омӯзгорони пешқадаму навовар ба истироҳати ройгон сафарбар шуда истодаанд.
Рушди соҳаи чорводорӣ
НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Соли равон чорводорони ноҳия саршумори чорвои калони шохдорро ба 29725 сар ва чорвои майдаро ба 83 835 сар расонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1263 сар чорвои калони шохдор ва 2658 сар чорвои майда зиёд аст. Тавре сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Додихудо Қандов иброз дошт,- афзудани саршумори чорво имконият фароҳам меорад, ки нархи гӯшт дар бозорҳои ноҳия коҳиш ёбад. Ҳамчунин чорводорони ноҳияи мо метавонанд ба бозорҳои дигари ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе низ гӯшти тоза ворид намояд.
Корхонаи нав
Ҷ. РУМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар деҳоти «Навобод» навбати аввали корхонаи истеҳсоли меваи хушк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин имкон дод, ки 30 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гарданд. Корхонаи нав, ки бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, имкон дорад, дар як шабонарӯз то панҷ тонна меваро хушконида, пешкаши харидорон гардонад. Тоннаҳои аввалини зардолуи хушки корхонаи нав аллакай ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.
Осоишгоҳи «Адрасмон»
ҚАЙРОҚҚУМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар шаҳраки Адрасмон осоишгоҳи нав бо номи «Адрасмон» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он даҳ нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар осоишгоҳи мазкур, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Мамлакат Ғафурова ва Бахтиёр Ҷӯраев сохта шудааст, дар навбати аввал 12 нафар аз оилаҳои камбизоат бо табобату истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар ин ҷо барои табобатгирандагону истироҳаткунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Лагерҳои наздимактабӣ барои хонандагон
ТОҶИКОБОД.(Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо мақсади истироҳати бофароғати хонандагон дар назди панҷ муассисаи таълимӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия лагерҳои наздимактабӣ ташкил карда шуд. Хонандагон дар лагерҳо баробари истироҳат ба варзиш ва бозиҳои гуногун ҷалб карда мешаванд. Ташкил намудани лагерҳои истироҳатӣ имконият медиҳад, ки хонандагон таътили тобистонаро ҳадафнок гузаронанд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91