Нақшаи кишти такрорӣ иҷро шуд
ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, кишоварзони ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили баҳорӣ ба киштукори такрории зироатҳои кишоварзӣ машғуланд. Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар майдони 74700 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 100 фоизи дурнамо мебошад.
Қабули шаҳрвандон хуб ба роҳ монда шудааст
ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба қабули шаҳрвандон, шунидани арзу шикоят ва дархости онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар давоми моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ аз ҷониби раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода ва муовинони ӯ 853 нафар шаҳрвандон ба ҳузур пазируфта шудаанд. Ҳамчунин дар ин давра унвонии раиси ноҳия 1934 муроҷиати хаттӣ ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо омӯхта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида шудаанд.
Шароити корӣ беҳтар гардид
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Кормандони шуъбаи №20 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳия моҳи дуюм аст, ки дар бинои нав фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум қисми амалиётӣ, дар ошёнаи дуюм чор ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи сеюм толори маҷлисгузаронӣ ва дар таҳхона бойгонӣ ҷой гирифтааст. Дар ин шуъбаи БДА ҶТ «Амонатбонк» 20 нафар мутахассисони соҳа ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Оғӯши гарми «Офтобак»
НОРАК. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар истироҳатгоҳи мавсимии кӯдаконаи «Офтобак» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 15 нафар кӯдакони маъюб ва инчунин аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон ба фароғату истироҳат фаро гирифта шудаанд. Дар ин истироҳатгоҳ, ки дар яке аз мавзеъҳои хушманзара ҷой гирифтааст, дар ду навбат 90-нафарӣ истироҳат хоҳанд кард.
Варзишгоҳ бунёд меёбад
ПАНҶ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар шаҳраки Панҷи маркази ноҳия бунёди варзишгоҳи замонавӣ оғоз ёфт. Варзишгоҳ дорои панҷ ҳазор ҷойи нишаст ва беҳтарин шароит барои машқу тамрини ҷавонон хоҳад буд. Аз ин иқдом ҳайати дастаи футболбозони «Сарои камар», ки дар ҳайати гурӯҳи якум баромад менамоянд, ниҳоят хушнуд гардиданд. Варзишгоҳ дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Се медали тилло
БАДАХШОН. (Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Даҳаи аввали моҳи август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии таэкван-до баргузор шуд, ки дар он 11 нафар варзишгар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд. Намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ахмед Одилбеков дар вазни 68 кг, Зафар Азизбеков ва Обида Қурбоншоева дар вазни 63 кг ҳунарнамоии хуб нишон дода, соҳиби медали тилло гардиданд. Ҳамчунин Далер Паҳлавонов ва Гулзира Қурбоншоева дар вазни 55 кг мақоми дувум, Шероз Имомқулов дар вазни 74 кг ва Раҳматшо Қурбоншоев дар вазни 58 кг ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар ин сабқат варзишгарони вилоят тавонистанд, ки унвонии номзад ба Устоди варзиши ҷумҳуриро ба ҷо оранд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.