Рейдҳои муштарак
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кўлоб тўли моҳҳои сипаригардидаи соли равон якҷоя бо кормандони прокуратура ва шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳияҳои минтақа 185 санҷишу рейдҳои муштарак гузарониданд. Дар рафти баргузории рейдҳо 2151 воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мавриди санҷиш қарор гирифт, ки дар натиҷа ба 1943 нафар ронандагон «огоҳинома»-и шифоҳӣ, ба 20 нафар «огоҳинома»-и хаттӣ дода шуд. Ҳамзамон 1320 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати чораҷўйӣ ба судҳо ирсол карда шуд.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд
ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имрўзҳо дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои нави саноатӣ сохта шуда истодаанд. Корхонаи истеҳсоли намак дар деҳаи Меҳвари деҳоти «Чубек», сехи дўзандагӣ дар деҳаи Сайроби деҳоти «Панҷоб», сехи қаннодию дўзандагӣ дар шаҳраки Москва, корхонаи коркарди пахта ва равғанкашӣ дар деҳаи Сафар Гадои деҳоти «Панҷрўд» аз ҷумлаи онҳост. Қисмате аз ин иншоот дар арафаи ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
Пули нав Барвоз ва Сеждро ба ҳам мепайвандад
РОШТҚАЛЪА. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бино ба иттилои сардори шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Вафо Ниёзмамадов дар ноҳия боз як пули нави мошингузар ба истифода дода мешавад, ки он деҳоти Барвоз ва Сеждро ба ҳам мепайвандад. Барои сохтмони пули мазкур Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллиону 195 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, дар корҳои сохтмонии он 23 нафар сокинони маҳаллӣ ширкат доранд. Дарозии пул 30 метр буда, тавоноии вазнбардориаш 60 тонна мебошад.
Саҳми соҳибкор
ИСТАРАВШАН. (Ҳ. Назрулло, «Садои мардум») Дар доираи Барномаи «Соли роҳҳои обод» соҳибкорони шаҳр дар таъмиру азнавсозии роҳу пулҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллидошта саҳми муносиб гузошта истодаанд. Аз ҷумла бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Одилов роҳҳои гирду атрофи биноҳои баландошёнаи кўчаҳои ба номи Оли Сомон, Нуъмон Ёқубов ва Обидхўҷа Лутфии маҳаллаи «Ӯротеппа» ба масофаи як километр бо масрафи 50 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.
Озмуни «Рассоми беҳтарин»
ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар толори китобхонаи марказии шаҳр озмуни «Рассоми беҳтарин» дар мавзўи «Пахта — тиллои сафед ва боигарии кишвар» баргузор шуд, ки дар он даҳ нафар хонандагони ҳамешагии китобхона аз муассисаҳои таълимии шаҳр сабқат намуданд. Баъди ҷамъбасти озмун ба се нафар ғолибон- Замира Ҳоҷиева, Қамариддин Умаров ва Валиҷон Алиев ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳадаф аз баргузории чунин озмун ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ, тарбияи ватандўстӣ ва завқи зебоипарастии онҳо мебошад.
Масъули гўша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.