Захираи хӯроки ширадори чорво қонеъкунанда нест
ДУШАНБЕ. (Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Тибқи маълумоти Раёсати чорводории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ маъракаи захираи хӯроки чорво идома дорад. Аз рӯи нақша имсол дар ҷумҳурӣ бояд ба миқдори як миллиону 147,5 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво захира шавад. Айни ҳол ба миқдори як миллиону 93,4 ҳазор тонна хӯроки дурушт захира шудааст, ки 95,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Нақшаи имсолаи захираи хӯроки ширадори чорво бошад, дар ҷумҳурӣ 102215 тоннаро ташкил медиҳад, ки то имрӯз дар хоҷагиҳои чорводории кишвар ҳамагӣ ба миқдори 12205 тонна захира шудааст. Ин рақам баробари 20,7 фоизи нақша мебошад, ки ин қонеъкунанда нест.
Сафари ҷавонони Бадахшон ба минтақаи Кӯлоб
КӮЛОБ. (Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми ду рӯз бо ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои дигари минтақа шинос шуданд. Ҷавонони бадахшӣ ҳамчунин дар манзили сокинони шаҳри Кӯлоб меҳмон шуда, бо шароити зиндагӣ ва урфу одатҳои онҳо аз наздик ошно гардиданд.
Самараи ислоҳоти кишоварзӣ
АШТ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Таҷдиди хоҷагиҳои калони деҳқонӣ ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ барои сокинони ноҳия имконияти мусоид фароҳам овард, ки маҳсулоти дилхоҳи худро ба замин кишт намуда, ҳар чӣ бештар ҳосил рӯёнанд. Дар давоми соли 2015-ум 2783 хоҷагии навтаъсис ба фаъолият оғоз кард, ки аз ин ҳисоб барои шаҳрвандон ҷойи корӣ фароҳам омад. Танҳо соли гузашта ва шаш моҳи соли равон 252 хоҷагии калонҳаҷм мавриди таҷдид қарор гирифт. Дар ин замина 3332 хоҷагии алоҳидаи инфиродӣ таъсис ёфт ва 7600 нафар саҳмдорон соҳиби замин шуданд.
Пули мошингард барқарор шуд
ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Пули мошингузари деҳаи Гожаки ноҳия ба вазни мошинҳои калонҳаҷми борбардори тамғаи «Дулан» тоб наоварда, хароб шуд. Пули мазкур даҳсолаҳо қабл сохта шуда буд, ки тавассути он мошинҳои иқтидори борбардориашон то шаш тонна бе душворӣ мегузаштанд. Хушбахтона, намояндагони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят сари вақт ба ҷойи воқеа омада, бо кумаки сокинони деҳа ва ронандагон дар зудтарин фурсат пули харобгардидаро аз нав барқарор карданд.
Содироти меваи хушк оғоз гардид
Истаравшан. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Соҳибкорону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр ба содироти хушкмева оғоз карданд. Алҳол даҳ ҳазор тонна меваи хушк ба хориҷи кишвар содир шудааст. Омодасозӣ ва содироти меваи хушк ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, баланд шудани сатҳи рӯзгори саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинони деҳот, бунёди ҳар чӣ бештари боғҳои нав ва рушди бомароми иқтисодиёти шаҳр мусоидат мекунад.
Ғолиби грант ва соҳиби 10 ҳазор сомонӣ
СПИТАМЕН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Соли равон қарори раиси вилояти Суғд аз 16 феврали соли 2015 таҳти №79 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015» қабул шуда буд, ки маблағи умумии он 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои дарёфти грантҳо 50 нафар занону духтарон лоиҳаҳои худро ба ҳайати комиссия пешниҳод намуданд. Аз ин шумора 30 лоиҳа мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Аз ноҳияи Спитамен Наргиса Умматқулова бо лоиҳаи кушодани сехи атласу адрасбофӣ дар хона иштирок намуда, ба гирифтани грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид.
Машварати августии омӯзгорон
ЧКАЛОВ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар толори Қасри фарҳанги шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар рафти машварат иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳр ҳафт муассисаи таълимӣ, аз ҷумла чор муассисаи таълимии миёнаи умумӣ, ду гимназия ва як литсей фаъолият доранд, ки дар онҳо 359 нафар омӯзгорон ба 6897 нафар хонандагон таълим медиҳанд. Теъдоди умумии тарбиятгирандагон дар муассисаҳои томактабӣ бошад, 1753 нафарро ташкил медиҳад, ки ин 39,8 фоизи тамоми кӯдакони синни томактабиро фаро мегирад.
Муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омодаанд
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ пешвоз гирифтани соли нави хониш тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Бо ин мақсад давоми таътили тобистона муассисаҳои таълимӣ бо сифати баланд таъмиру тармим гардида, бо кумак ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ашёи таълимӣ таъмин шуданд. Дар таъмири муассисаҳои таълимӣ волидайни хонандагон низ саҳмгузор мебошанд.
Зарари офати табиӣ барқарор мегардад
ВАНҶ. (Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои аз сел осебдидаи мавзеҳои Дашти Бовуд, Сурхсангов, Рохарв ва Дашти Роғи ноҳия идома дорад. Дар натиҷаи фаромадани селоб ҳашт хона дар деҳаҳои Рохарв ва Пшихарв пурра ва 12 хонаи дигар қисман хароб гардиданд. Бо қарори раиси ноҳия барои ҳар яки ин оилаҳо хонаҷой ва замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Тибқи нақша аввалҳои моҳи октябр сохтмони ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор мегиранд.
Ҳамчунин 25 шабакаҳои обрасонӣ корношоям гардида, зиёда аз 100 гектар заминҳои кишт бе об монданд, ки айни ҳол барқарорсозии онҳо идома дорад.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.