Ҳосил фаровон аст
ДУШАНБЕ. (Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 21 августи соли 2015 ба миқдори 30311 тонна мева ва 11149 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст. Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4325 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳо гузаронида, то 21 августи соли равон 14780 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ҷамъоварии ҳосили полезиҳо нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 2658 гектар зиёд аст. Ҳамчунин то имрӯз ба миқдори 296815 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64135 тонна зиёд мебошад.
Пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ
ҚАЙРОҚҚУМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Чанде пеш дар шаҳр вохӯрии панҷуми ҳайатҳои роҳбарикунандаи сохторҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Иштирокдорон дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ, огоҳкунӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулода дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ибрози назар намуданд.
Аёдати сарбозон
Хуҷанд. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Сӣ нафар волидон аз шаҳри Хуҷанд ба дидорбинии фарзандонашон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни кишвар хизмат мекунанд, рафтанд. Тавре аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ин иқдом мутобиқи нақшаи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Комиссариати ҳарбии шаҳр сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки шиносоии падару модарон аз қисмҳои низомии фарзандон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани сифати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ба роҳ монда шудааст. Гурӯҳи волидайнро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Комиссариати ҳарбии вилоят ҳамроҳӣ карданд.
Истироҳати бофароғат
ШУҒНОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Барои фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсеми ноҳия дар мавзеи зебоманзари Боғир истироҳатгоҳ ташкил карда шуд. Аҳли оилаи Шоҳназаровҳо хонаи истиқоматии худро ба ихтиёри кӯдакон гузошт, то ки онҳо тайи ду ҳафта дар ин ҷо истироҳат намоянд. Фароғатгоҳи мазкур бо сарпарастии дафтари Созмони швейтсариягӣ оид ба ҳамкорӣ ташкил шудааст. Ҳамчунин аз тарафи созмони мазкур наврасон бо ҷиҳози зарурии хоб ва либоси варзишӣ таъмин гардиданд.
Зоирин озими Арабистони Саудӣ мешаванд
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Ибтидо аз якуми сентябри соли равон аз вилояти Суғд нахустин гурӯҳи зоирини тоҷик озими Арабистони Саудӣ мешаванд. Бино ба иттилои шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ин рӯз 186 нафар Хуҷандро бо мақсади зиёрати Каъба ва адои маносики ҳаҷ тарк хоҳанд намуд. Имсол бештар аз 1600 нафар сокинони вилоят ба тавофи Каъба мераванд.
Омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ
СПИТАМЕН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо омодагӣ гирифта истодаанд. Мувофиқи дурнамо бояд моҳи сентябр кишти тирамоҳӣ оғоз ёбад. Хоҷагидорон ният доранд, ки дар майдони се ҳазору 452 гектар, аз ҷумла дар майдони ду ҳазору 840 гектар гандуми обӣ ва 612 гектар ҷав кишт намоянд. Барои сари вақт анҷом додани кишти такрорӣ техникаи зарурӣ ва тухмии хушсифат мавҷуд аст.
Синфхонаҳо ба соли нави хониш омодаанд
КОНИБОДОМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Давоми се моҳи таътил бо кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорон якчанд муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар ин муддат дар шаҳр чор синфхонаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №16 таъмир, муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №4 панҷарабандӣ, боми кӯдакистони №15 тунукапӯш гардида, сохтмони толори варзишии муассисаи таълимии хусусии ба номи Очил Ҷӯраев ва чанд муассисаҳои таълимии дигар ба сомон расонида шудааст. Айни замон дар ноҳия 72 муассисаи таълимии умумӣ ва томактабӣ фаъолият доранд.
Омодагӣ ба соли нави хониш
ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави хониши солҳои 2015-2016 пурра омода шудаанд. Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳия барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ беш аз 640 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Омодагии муассисаҳои таълимии мазкур ба зимистон низ хуб аст. То имрӯз ба ин хотир зиёда аз 84 тонна ангишт ва 150 м3 ҳезум захира шудааст.
Истиқболи кӯдакон дар боғчаҳои «Баҳористон»-у «Офтобак»
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Янгишаҳри ноҳия як боғчаи бачагона бо номи «Баҳористон» сохта ба истифода дода шуд. Боғча бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, метавонад 70 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирад. Сохтмони бинои муассиса аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия маблағгузорӣ шудааст. Дар деҳаи Ҷиргатол низ барои тарбияи 20 нафар кӯдакон боғчаи бачагона сохта, ба истифода дода шуд, ки «Офтобак» ном гирифтааст.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР.Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.