Ҷалби занон ба ҳунаромўзӣ
Ташкили марказҳои атласбофию адрасбофӣ дар шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара боиси бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани занони маҳаллӣ гардидааст.
Бино ба гуфти мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Гавҳархон Ҳамроева туфайли таъсис додани ин гуна марказҳо дар шаҳру деҳоти Исфара 88 нафар занону духтарон ба кор ва коромўзӣ ҷалб карда шудаанд ва ин нишондод дар ҳоли афзоиш мебошад.
Илова бар ин, занону духтарон дар курсҳои кўтоҳмуддат таҳсил намуда, нозукиҳои дўзандагиву пазандагӣ ва дигар касбҳоеро, ки одатан дар байни занон бештар маъмул аст, аз худ мекунанд.
- Бо омўхтани касб духтарону занон ба фаъолияти инфиродӣ пардохта, зиндагии хешро пеш мебаранд, — мегўяд Гавҳархон Ҳамроева.
Ҷамъбасти озмуни «Китобдори беҳтарини соли 2015»
Дар ноҳияи Ғончӣ бо иштироки кормандони беш аз 20 китобхонаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни «Китобдори беҳтарини соли 2015» баргузор гардид.
Озмун аз рўи панҷ шарт ҷараён гирифт. Ширкаткунандагон малакаи касбии худро аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ нишон доданд.
Масъули толори хониши китобхонаи шаҳри Қайроққум Кифоят Мирзоқулова шартҳои озмунро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, соҳиби мукофоти асосӣ — «Шоҳҷоиза» гашт. Маврид ба ёдоварист, ки ин дуюмин шоҳҷоизаи Кифоят Мирзоқулова дар озмуни вилоятии китобдорон аст.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»