Хабарнигори телевизиони «Хатлон» Давлаталӣ Шамсов дар 41-умин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Королёвои вилояти Москваи Федератсияи Россия бо иштироки зиёда аз 1500 нафар аз Россия, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Латвия, Литва, Эстония ва Тоҷикистон доир шуд, бо медали тилло ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Сокини 65-солаи ҷумҳурӣ Давлаталӣ Шамсов масофаи 10 километрро дар муддати 54 дақиқаю 15 сония тай намуд.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»