Хадамоти мубориза бар зидди жола соҳиби дастгоҳи нав шуд

№ 10.08.2021

Чанде пеш бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Ҳисор маросими ба истифода супурдани дастгоҳи радиолокатсионии радари муосири тамғаи ДМРЛ-С-5 доплерӣ барои Хадамоти мубориза зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат карданд.

Дастгоҳ дорои имкониятҳои васеъ буда, назорати масофаи лозимаро дар масоҳати 250 километр таъмин ва бо реҷаи фаврӣ маълумотро қабулу ирсол менамояд. Дар баробари ин, ҳаҷми ҷамъшавии барф, яхпораҳо, намуди абр, навъи боришотро муайян менамояд. Илова бар ин, қодир аст шиддатнокии боришотро муайян кунад, то дар асоси он мутахассисон мавзеъҳои баамалоии сел, ярч, жола ва шамолҳои сахтро пешгӯйӣ намоянд.

Аз он мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва дигар идораҳои дахлдору созмонҳои байналмилалӣ метавонанд истифода кунанд.

Дастгоҳи зикршуда дар доираи Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд ва бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дастрас гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»