Хайриддин УСМОНЗОДА: «Ҳукумати электронӣ муоширати самаранокро таъмин мекунад»

№ 28.10.2022

Ин нуктаро 25 октябри соли равон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Татбиқи ҳукумати элект­ронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: вазъ ва дурнамо», ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд, таъкид кард.

- Ҳукумати электронӣ, — гуфт ӯ, — низомест, ки барои роҳандозии муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меоварад, то ки бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмат­расониҳои иттилоотиро пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд, — афзуд номбурда.

Гуфта шуд, ки дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, аз ҷумла «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» бо мақсади амалисозии «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудаанд. Пас аз қабули ин санадҳо вазъи бо иттилоот таъмин кардани шаҳрвандон то ҷое тағйир ёфта, вале баъзе мушкилот то ҳол ҷой доранд.

Хайриддин Усмонзода илова кард, ки муҳимтарин нақши «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон» дар он ифода меёбад, ки санади мазкур дар назди мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо вазифа мегузорад, то таъмини иттилооти электрониро ба роҳ монанд. Аммо дар самти татбиқи ин мақсад мушкилоти муайян ҷой дорад. Яке аз чунин мушкилот дар самти иттилоотонӣ ин ҳанӯз коркард нашудани додаҳо ё маълумоти кушода мебошад. Ба гуфтаи масъулини соҳа, дар Тоҷикистон ҳанӯз базаи фаровони маълумотие, ки дастрасии омма барои онҳо имкон дорад, ҳамчун хазина маҳфузанд ва то ҳол дастраси омма нагаштаанд, зеро коркард ва пешниҳоди онҳо дуруст роҳандозӣ нашудааст.

Дар нишаст аз ҷумла, масъалаҳои дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ дар фаъолияти сохтору идораҳои давлатии кишвар, таҳлилу баррасии санадҳои танзимкунандаи соҳа, мушкилот ва монеаҳои ҷой­дошта дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, дараҷаи самаранокии тат­биқи унсурҳои алоҳидаи ҳукумати электронӣ дар соҳаҳои асосии кишвар (идораи давлатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми хизматрасонӣ), ҳукумати электронӣ ва масъалаҳои ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»