Халқи афғон аз шӯравӣ розӣ буд

№ 13.12.2021

Хотираҳои «бабри кӯҳӣ» аз Афғонистони солҳои ҳаштодум

IMG-20210528-WA0005Аз Афғонистон шитобкорона баромадани низомиёни амрикоиро коршиносони масоили сиёсиву ҳарбӣ мавриди интиқод қарор доданд. Зеро тайи 20 соли дар кишвари ҷангзада ҳузур доштани низомиёни амрикоӣ ва бо сарф кардани миллиардҳо доллар на танҳо гурӯҳи «Толибон» аз байн нарафт, балки бо аслиҳаи бештару навтар мусаллаҳ гардид.

Бо тақозои касб се маротиба ба Афғонис­тон сафар доштам. Зимни суҳбат мардуми афғон мегуфтанд, ки шӯравӣ дар Афғонистон мактабу беморхонаву роҳ месохт, ба ҷойҳои бе об об меовард, кумакҳои тиббӣ мерасонд. Вале аз низомиёни ғарбӣ ғайр аз бомбаборонкунию таҳдид чизи дигар надидем. Сарбозони шӯравӣ бо халқ наз­дик буданд, аммо ғарбиён аз мо ҳазар мекунанд…

Раиси ташкилоти ибтидоии «Башардӯст»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳриддин Эргашев, ки солҳои 1986-1988 дар Афғонистон хизмати ҳарбӣ намудааст, иштирокчии 17 амалиёти калони ҷангӣ мебошад. Ӯ ҳамчун ҷонишини командири взвод дар амалиётҳои озодкунии шаҳрҳои Ҷалолобод, Қандаҳор, Пулихумрӣ, дараи Панҷшер ва ғайра ширкат намуда, аз таркиши мина ҷароҳат бардоштааст. Барои нишон додани далерию корнамоиҳо старшина Баҳриддин Эргашев бо медалҳои «Барои шуҷоат», «Собиқадори амалиёти ҷангӣ», «Собиқадори ҷанги Афғонистон», «Бародарӣ дар ҷанг», «Аз мардуми сипосгузори афғон», «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ» ва ғайра мукофотонида шудааст. Ҳангоми хизмати ҳарбӣ аз номи командири полк Борис Борисов ба номи волидайни ӯ, ки дар маҳаллаи Қарямиршикори шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, «Номаи сипос» фиристода шуд. Аз сабаби он ки забони русиро хеле хуб медонист, полковник Борисов ӯро тарҷумон ва муҳофизи худ таъин кард.

- Дар баробари озодкунии шаҳру деҳаҳо аз қувваҳои зиддиҳукуматӣ мо ба мардуми афғон кумаки тиббию озуқавӣ расонида, барои атфол ҳар хел бозичаҳо медодем. Он солҳо хизматрасонии тиббӣ барои бисёр мавзеъҳои Афғонистон ­дастрас набуд. Аз ин рӯ, низомиёни шӯравӣ дар хаймаҳои саҳроӣ ба ниёзмандон ройгон кумаки тиббӣ мерасониданд. Нақши тарҷумониро асосан сарбозони тоҷик ба уҳда доштанд,- мегӯяд Баҳриддин Эргашев.

Вақте ки рӯзномаҳои солҳои ҳаштодумро варақ мезанем, мебинем, ки давлати шӯравӣ баробари кумаки низомӣ ба ҳукумати қонунии Афғонистон, инчунин, дар омодакунии мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, сохтмону роҳсозӣ, таъмини барқу обрасонӣ ва ғайра кумак мерасонид. Дар нашрияҳо ҳазорон номаи арзи сипоси шаҳрвандони Афғонистон зери рубрикаи «Ташаккур Шӯравӣ!» чоп мешуд.

Зимни хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон ҷавонони тоҷик бо шуҷоату пуртоқатиашон фарқ мекарданд. Барои сарбозони русу украин, беларусу латиш ва молдавану эстон хизмат дар Афғонистон дучанд мушкилӣ дошт. Зеро аз як тараф, иқлими гарм, аз тарафи дигар, мавзеи кӯҳистон барояшон душвориҳо пеш меовард.

- Бисёр вақт моро тавассути чархбол ба минтақаҳои дурдаст ҳамчун десант интиқол медоданд. Бо худ 40 кило бор доштем, ки иборат аз обу озуқа, доруворӣ ва лавозимоти ҷангӣ буд. Баъзе аз ҳамхизматонамон ба мушкилӣ тоб наоварда, мегиристанду маҷоли роҳ рафтан надоштанд. Мо онҳоро танҳо нагузошта, бардошта мебурдем, — ба хотир меорад Баҳриддин Эргашев.

Намояндагони дигар миллатҳо ба кӯҳгардию пуртоқатии сарбозони тоҷик қоил мемонданд. Полковник Борисов, ки зимни бо пайроҳаи кӯҳӣ ба баландӣ баромадан нафасгир мешуд, ба чолокию пуртоқатии Баҳриддин тан дода, ӯро «Бабри кӯҳӣ» ном мебурд.

Баҳриддин Эргашев соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, солҳои зиёд дар Иттиҳодияи нассоҷии шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Алҳол ҳамчун раиси Ташкилоти ибтидоии «Башардӯст»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳамроҳи собиқ ширкаткунандагони амалиёти низомӣ дар Афғонистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт рафта, ба наврасону ҷавонон дарси ватандӯстӣ меомӯзанд. Ҳамчунин, аз дӯстию ваҳдати халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мисолҳо оварда, ҷавононро ба риояи дӯстию ҷавонмардӣ, кумак ба муҳтоҷон, муҳаббат ба Ватан, ҳиссагузорӣ дар ободии диёр ва пос доштани хотири гузаштагон даъват мекунад.

Ӯ дар як вақт узви ташкилоти «Боевое братство» («Бародарӣ дар ҷанг»)-и дивизияи 201- уми Федератсияи Россия мебошад.

Таманнои Баҳриддину собиқ ҳамяроқонаш пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон аст, зеро ҳамеша ҷанг харобию дилсиёҳӣ меораду сулҳ ба ободию хушбахтӣ боис мегардад.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»