Имрӯзҳо воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёдеро доир ба иштироки ҷавонони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ пахш менамоянд. Яқин аст, ки ин ҷавонони гумроҳ ба доми фиреби ашхоси нопок афтода, дар мулки бегона барои манфиатҳои дигарон хуни ноҳақ мерезанд. Падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Атрофиён бошанд, аксар вақт баъзе гуноҳҳои ҷавононро нодида мегиранд. Гурӯҳҳои ифротӣ маҳз чунин ҷавонони камтаҷриба ва камсаводро ба доми худ андохта, бо роҳҳои гуногун онҳоро ба хеш моил месозанд. Ба онҳо вазъ гуфта, зиндагии хуб дар Ироқу Шом ва биҳишти ҷовидониро ваъда медиҳанд. Баъзеи онҳоро бо роҳи фиреб бо баҳонаи бо ҷойи кор таъмин намудан ба Туркияву Федератсияи Россия ва баъзе кишварҳои дигар бурда, баъдан маҷбурӣ ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ дохил мекунанд.
Аз ин ҷанг ҷавонон чӣ манфиат мегиранд? Кӣ ба ин гунаҳгор аст? Он ҷавононе, ки аз Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он ҷо қарор доранд, чӣ таҳдиде барои кишвари худ дошта метавонанд? Оё ин ҷавонон боре аз шабакаи Интернет дар бораи пайдоиши шабакаи террористии Ал-Қоида, Давлати Исломии Ироқу Шом, кӣ будани Усома бинни Лодан, Абубакри Бағдодӣ ва дигар террористони хунхор хабаре нахондаанд?
Ҳол он ки дар ин бора тариқи Интернет ва дигар ахбори омма маълумоти зиёде паҳн гаштааст. Аз ҷумла дар шабакаи Интернет зери унвони «Усома бинни Лодани нав: Абубакр ал-Бағдодӣ!» маводе ҷой гиронда шудааст, ки дар хусуси он корманди собиқи Хадамоти амнияти Амрико Эдвард Сноуден ошкоро чунин таъкид кардааст: «Дар ташкили Давлати Исломии Ироқу Шом созмонҳои иттилоотию иктишофии Исроил, Амрико ва Англия даст доранд. Маҳз онҳо дар буҳрон ва бесарусомонии Ироқу Сурия гунаҳгоранд. Ин гурӯҳ барои ҳимояти Исроил ташкил шуда, ҷосусону мутахассисони Исроил, Амрико ва Англия қасд доранд, ки тамоми террористони ҷаҳонро дар ин гурӯҳ ҷамъ оранд ва бо ба роҳ мондани амалиёте бо номи «Лонаи занбӯр» ҳадафҳои худро дар ин минтақа амалӣ созанд».
Ҳамчунин боз чунин зикр гардидааст: «Абубакри Бағдодӣ тӯли як сол таҳти роҳбарии Моссад тайёрии ҳарбиро дар Исроил гузашта, дар он ҷо курсҳои омӯзиши илоҳиёт ва маҳорати суханвариро аз худ намудааст». Зери ин хабар акси Абубакри Бағдодӣ бо ҳамроҳии сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн гузошта шудааст. Ғайр аз ин, зикр шудааст: «Вақте чунин маълумоти зиёд дар шабакаҳои иттилоотӣ паҳн гашт ва сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, ҷониби Амрико роҳи дигарро пеш гирифт. Аз ҷумла ИМА амалиёти густурдаеро бо мақсади ба даст овардани Абубакри Бағдодӣ пеш гирифтааст ва бо мақсади кашфи ҷойи номбурда гурӯҳи саднафараи ҳарбиёни ботаҷриба таъсис дода шудааст». Вақте чунин иттилоотро мехонем, ба осонӣ дарк кардан мумкин аст, ки дар ҷаҳони муосир байни кишварҳои абарқудрат таври ошкору пинҳонӣ ба хотири амалӣ сохтани ҳадафҳои геополитикӣ дар ҳар минтақа муборизаҳо рафта истодааст. Дар Тоҷикистон низ имрӯзҳо қувваҳои манфиатхоҳ ва душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита дар либоси экстремизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор карданӣ ҳастанд. Мо бояд ба суханон ва маблағҳои ҳароми онҳо фирефта нашуда, дар ҳолати зарурӣ дар бораи онҳо таври фаврӣ ба намояндагони амният ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маълумот диҳем.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо бояд кӯшиш намоем зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба андешаи ман, ҳушёрии сиёсӣ дар натиҷаи хондан, омӯхтан, некро аз бад фарқ кардан ба даст меояд. Пас зарур аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бештар бихонад.
Баъзе муҳаққиқону коршиносон сабаби рӯоварии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳоро аз бекорӣ ва мақоми хешро наёфтани ҷавонон дар ҷомеа ва паст будани маърифату дониши динии ҷавонон медонанд. Бо дарназардошти ин омил бояд чорабиниҳои тарбиявӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як мактабу маҳалла, муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва муҳити хонаводаҳо пурзӯр гардонида шавад. Тариқи телевизион низ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад, зеро он чӣ, ки тамошобин тариқи телевизион мушоҳида мекунад, таъсири бештар дорад. Дар масоҷид рӯҳониёну донишмандони дин низ ҷавононро ҳамарӯза бояд насиҳат намоянд.
Дар замони шӯравӣ қариб дар ҳар як маҳаллаву ноҳия клубҳо, чойхонаҳо фаъолият доштанд, ки он ҷо ҷавонону мӯйсафедон барои шоҳмотбозӣ, рӯзномахонӣ ва суҳбатҳои дӯстона сари як пиёла чой ҷамъ меомаданд. Мутаассифона, дар аксари деҳаҳо онҳо ё хусусӣ гаштаанд ё аз байн рафтаанд. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, таъсиси чойхонаҳо дар ҳар як маҳалла, ташкили бозиҳои шоҳмоту шатранҷ, домино, ташкили рӯзномахонию китобхонӣ низ ба манфиати кор аст.
Хуллас, дар ҷомеаи имрӯза хавфу хатарҳои зиёде вуҷуд доранд, ки таҳдиди онҳо рӯз аз рӯз бештар гашта истодааст. Ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол ва ободу зебо намудани Ватан ҳар як фардро зарур аст, ки ҷаҳду талош намоянд. Мо-ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ақлу хиради хешро кор фармуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша баҳри Ватан хизмат намуда, манфиатҳои умумимиллию умумидавлатиро аз манфиатҳои қавмию шахсии хеш боло гузорем.
Муродалӣ АШУРАЛИЕВ, дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат