Хатари зуҳуроти терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ

№66 (4328) 18.05.2021

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, водор месозад, то ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем, зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Ҳоло ибораҳои ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, хусуматҳои байни мазҳабӣ ва бархӯрди равияҳои динӣ бисёр паҳн шудааст, ки зуҳуроти нав набуда, таърихи дерина доранду дар ҳар аср бо намудҳои гуногун сурат гирифтаанд ва онҳо таърихи инсониятро ҳамроҳӣ доранд. Ин зуҳурот пайравӣ ба ақида ва амалҳое мебошанд, ки арзишҳои ҷамъиятро рад мекунанд ва мақсади ниҳоии онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ ва бор кардани ақидаҳои ифротӣ дар ин ё он кишвар мебошад.

Ҷанбаҳои гуногуни пайдоиши ин зуҳуроти хатарзо, тобишҳои сиёсии он дар замони муосир, ҷустуҷӯи роҳҳои назариявию амалии бартараф кардани он бояд мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аҳли башар қарор бигирад.

 «Терроризми исломӣ» дар симои созмонҳои «Толибон», «Давлати исломӣ» (ДИИШ), «Боко ҳаром», «ТТЭ ҲНИ» ба яке аз хатарҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта, аз масъалаҳои мубрам дар олам гаштааст.  Аслан, ин созмонҳо на исломӣ, балки акси исломӣ буда, ҳамчун созмонҳои иртиҷоӣ дар зери пардаи дини ислом пинҳон шуда, мусулмонҳои дигарро бо зӯрию таҳдид ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҷбур месозанд. Албатта, ин маҳсули фикру хулосабарориҳои хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо мебошад, ки барои амалӣ намудани ғаразҳояшон саъй мекунанд.

 Зимнан, мафҳуми терроризм, яъне куштор, зӯроварӣ, хавфи ҳалокати инсонҳои бегуноҳ, расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ, халалдор сохтани ҷамъияти солим, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатию ҷамъиятӣ ва ба мақсади барангехтани низоъ байни мардум, мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

 Истилоҳи терроризм аз забони лотинӣ «terror» буда, маънояш тарсу ваҳм афкандан аст. Дар ҳар давру замон терроризм муқобили давлат буда, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ, ноором сохтани сулҳу суботи мамлакат ва аз байн бурдани обрӯи мақомоти давлатиро ҳадаф қарор медиҳад.

 Экстремизм ифротгароии шахсони ҳуқуқие мебошад, ки барои ноором сохтани ҷамъият, ғасби ҳокимият, барангехтани нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бархӯрдҳои мазҳабӣ зуҳур мекунад ва ин амал аз радикализм, ба истилоҳ, «тундгароӣ» сарчашма гирифта, барои ноил шудан ба амалҳои номатлуб замина мегузорад. Он зинаи аввали инкишофи ифротгароӣ мебошад.

Мақсаду мароми ин ду ҷараён зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳмро амалӣ сохтан аст. Нахустин пайдоиши ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Гурӯҳҳои манфиатҳои экстремистӣ-террористидошта он давра ба мақсадҳои ниҳоӣ нарасида, ба хориҷ аз мамлакат фирор карданд. Ҳаракатҳои экстремистӣ — террористӣ, ки аз номи дини мубини ислом амал мекунанд, динро доғдор намуда, онро ҳамчун воситаи расидан ба мақсади нопок истифода мебаранд. Онҳо дар ҳама айём зидди давлату давлатдорӣ буда, бо роҳи зӯрӣ ҳукуматро ба даст овардан мехоҳанд. Баҳсу мунозираҳо миёни диншиносон, мутафаккирон ва уламои тундрави дин ба миён омада, равияҳои гуногуни динӣ ва андешаву афкори диншиносони Ғарбу Шарқ шоҳиди ин гуфтаҳост.

Бояд гуфт, ҷунбишҳо ва ҳаракатҳои бо ном исломии «Ал-Қоида», «Ҷундуллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҷиҳоди ислом», «Ансор-ул-лоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ба миён омадаанд, ки рӯз то рӯз амалиёти террористӣ содир намуда, ба куштор, ҷиноятҳои вазнин ва зулму ситам даст зада истодаанд. Бадбахтона, ҳама ин куштору таҳдид, тарконидан, ҳисси бадбинӣ ва ҷангу ҷидол дар минтақаҳои мусулмоннишин ба амал меоянд. Дар Афғонистон, Ироқ, Сурия, Покистон террору қурбонии зиёд аз тарафи мусулмонҳое мебошад, ки супориши хоҷаҳои хориҷиашонро иҷро мекунанд. Ваҳшиёна вайрон кардан, тарконидани ёдгориҳои таърихии ҳайкали Буддо дар вилояти Бомиёни Афғонистон, несту нобуд кардани ҳайкалҳои замони бостон дар осорхонаҳои Ироқ маҳсули кори онҳо мебошад.

Пас маълум мешавад, ки фитнагарон ислом ва пайравони онро ифротгаро, бадкину сиёҳкор ва таҷовузкор нишон дода, аммо дин ва фарҳангу арзишҳои мазҳабҳои Ғарбро ситоиш мекунанд, ки ин боис ба тезу­тунд гардидани муносибатҳои мамлакатҳои исломӣ бо давлатҳои Ғарб мегардад.

Маълум аст, ки синни миёнаи аъзои гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ 30 сол мебошад ва ҷаҳонбинии онҳо ба сатҳи зарурӣ инкишоф наёфтааст, зеро дар шуури онҳо бадбинӣ нисбат ба дин, мазҳаб ва миллати дигар нуҳуфтаст.

Мисоли зиёд оид ба хусусиятҳои ифротгароӣ, терроризм ва зӯроварӣ дар ҷомеа ва амалҳои зиддиқонунӣ овардан мумкин аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 январи соли 2021 таъкид намуданд, ки «Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразнокашон даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикис­тон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад».

 Аз ин лиҳоз, олимон ва зиёиён, вазорату кумитаҳои дахлдору ҳомиёни Ватанро лозим аст, ки ба ин масъала муносибати аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва усули нави пешгирии ифротгароии динӣ — сиёсиро таҳқиқ намуда, ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод намоянд, то зиндагии осоиштаи сокинон дар кишвар ноором нагардад.

Маҳмадлатиф ИСОҚОВ,

ходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон