Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 21 декабри соли равон ба иҷрои хатсайри Душанбе — Урумчӣ — Душанбе шурӯъ менамояд.
Дар ин бора котиби матбуоти ширкати мазкур Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, афзуд, ки парвозҳо дар хатсайри зикршуда маротибае ҳар ҳафта — рӯзи панҷшанбе соати 1720 тавассути ҳавопаймои Boeing 737- 300 сурат мегирад. Арзиши як чипта 2092 сомонӣ мебошад.
Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»