11-уми июли соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар 6 моҳи соли 2018 доир гардид.
Муовини якуми раиси вилоят Сулаймон Зиёзода қайд кард, ки иҷрои нақшаи андозҳо 100,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 492,6 миллион сомонӣ ворид шуд. Ин нишондод нисбат ба нақша 3,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавии вилоят ба 6 миллиарду 641,5 миллион сомонӣ расид ва афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 фоизро ташкил дод.
Маблағ аз гардиши савдо ба 2164,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 116,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ 175,2 миллион, содирот 74,4 миллион ва воридоти молу маҳсулот 100,8 миллион доллари америкоиро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот ба маблағи 23,6 ва воридот 53,8 миллион доллари америкоӣ афзуд.
Дар вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағи азхудшуда 385,3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, муовини якуми раиси вилоят зикр кард, ки дар 6 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3605,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 290,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 миллиарду 237,7 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 603,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 33 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 350 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.
Инчунин, 103 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 126 миллион сомонӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бо 1490 ҷойи нишаст, 1 неругоҳи барқи обӣ, 52 маркази савдо ва дӯкони тиҷоратӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 6 майдончаи варзишӣ, 20 иншооти дигар ва зиёда аз 870 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 99,4 ҳазор метри мураббаъ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар вилоят 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ аз қайди Кумитаи андоз дур мондааст. Бинобар ин, ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳар чӣ зудтар барои ҳалли он чораҷӯйӣ намоянд.
Инчунин, раиси вилоят барои омодагии ҷиддӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони ташкилоту идораҳо супоришҳои мушаххас дод.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»