Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Хатлон. Ба зиёда аз 176 млн. cомонӣ расидани қарзи андоз чӣ боис гардид?»

№147 (4097) 07.12.2019

Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар робита ба мақолае, ки таҳти унвони болоӣ дар нашрияи «Садои мардум» № 103 аз 27.08.2019 нашр шудааст, чунин иттилоъ медиҳад.

Бақияи қарзи андоз дар миқёси вилоят то 1 сентябри соли 2019, дар маҷмӯъ, 174,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 8,4 млн. сомонӣ кам аст. Дар алоҳидагӣ бошад, бақияи қарзи андоз дар сатҳи 22 шаҳру ноҳия 14 млн. сомонӣ кам гардид.

Бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андоз ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвони 17199 андоз­супоранда огоҳинома ирсол гардид. Дар натиҷа, аз ин ҳисоб 64,4 млн. сомонӣ ба буҷет ворид шуд.

Дар 8 моҳи соли 2019 дар вилоят нисбат ба андозсупорандагони қарздор 2600 қарор ба маблағи умумии 94,9 млн. сомонӣ қабул ва аз ин ҳисоб ба буҷет 61,7 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки 65 фоизи маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад. Аз 2600 қарор, иҷрои 1798 адади он пурра таъмин гардидааст, ки ба 70 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар асл шумораи умумии қарорҳои дар 8 моҳи соли 2019 қабулгардида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018-ум, 1368 адад, иҷрошуда 1017 адад, маблағи қарорҳо 24,5 млн. сомонӣ ва воридоти маблағ аз ин ҳисоб 26,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз бақияи умумии маблағи қарзи андозҳо, ки 174,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, 18,4 млн. сомонӣ ба соҳаи хоҷагии об (корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ), 10,0 млн. сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии коммуналӣ (корхонаҳои зертобеи КВД «ХМК») ва 5 млн. сомонӣ ба ташкилотҳои молиявӣ (филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк») тааллуқ дорад.

Дар баробари ин, 156 андоз­супорандаи дигар, ки бақияи қарзи андозҳои онҳо 17,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ба хоҷагиҳои кишоварзие мебошанд, ки тақрибан 3-4 сол қабл дар асоси қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо таҷдид шудаанд.

Раёсати андоз дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои базиммадошта баҳри таъмини иҷрои қарорҳои қабулгардида, кам намудани бақияи қарзи андоз­ҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор, инчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи андоз, минбаъд низ тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.

С. РАҶАБОВ, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон