Ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф аввалин маротиба дар вилояти Хатлон барномаи инноватсионии “E-KHONISH” роҳандозӣ гардид.
Иқдоми мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ба номи Муҳаммад Бобиев ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон амалӣ карда шуд. Бо истифода аз барномаи мазкур раванди дарс тавассути дурбинҳои назоратӣ пурра назорат шуда, баҳогузорӣ ва таълим электронӣ сурат мегирад.
Барномаи инноватсионии “E-KHONISH” имкон медиҳад, ки Вазорати маориф ва илм, раёсати маориф, падару модарон ва омӯзгорон аз ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон огаҳ гарданд.
Фаъолгардонии ин барномаи инноватсионӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, гузариш ба таҳсилоти рақамӣ, тағйир додани усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мусоидат хоҳад кард.
Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни фаъолгардонии ин барномаи инноватсионӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид худ бевосита иштирок намуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат доир кард ва ба тарбиятгирандагони таълимгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
“Садои мардум”