Бино ба иттилои сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода, то охири соли ҷорӣ 34 миллиону 400 ҳазор сомонӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ сарф мешавад. Аз ин маблағ 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, боқимонда марҳила ба марҳила ихтисос дода мешавад.
Гуфта шуд, ки соли гузашта барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 23 миллион сомонӣ пешбинӣ ва пурра пардохт гардид.
Лозим ба ёдоварист, ҳоло дар вилояти Хатлон 1375 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»