ХАТЛОН. БЕШ АЗ 50 %-И ИНШООТИ ҶАШНӢ ИФТИТОҲ ШУД

№ 08.11.2024

Тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6260 иншооти пешбинигардида то инҷониб аллакай 3540 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар ин бора муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода зимни баргузории ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар давоми нуҳ моҳи соли 2024 иттилоъ дод.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1135 биною иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, дар онҳо барои сокинон 7210 ҷойи нави корӣ фароҳам гардидааст.

- Танҳо дар зарфи нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 596 синфхонаи иловагӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани беш аз 16 ҳазор хонанда, 12 дармонгоҳ барои қабули 180 нафар дар як баст, шаш муассисаи томактабӣ барои 542 кӯдак, 24 коргоҳу корхонаҳои гуногуни саноатӣ ва 962 биною иншооти дигар сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд, — афзуд Ҷамшед Каримзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»